Home ХАБАР КОНФРОНСИ ИЛМӢ АМАЛИИ ДОНИШГОҲӢ

КОНФРОНСИ ИЛМӢ АМАЛИИ ДОНИШГОҲӢ

by admin
323 views
Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ амалии донишгоҳи дар мавзӯи “Сиёсати молиявии Тоҷикистон дар марҳилаи гузариш ба иқтисодиёти индустриалӣ аграрӣ” баргузор гардид.

Дар ин конфронс ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, декани факултаи молиявию иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Каҷкуллоев Абдухолиқ, мудири кафедраи молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Комилов Низомиддин, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ Мирсаидов Муҳаммаднаим ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултаи молиявию иқтисодӣ иштирок доштанд. Нахуст суханро дотсент Рафиев Сафархон оғоз намуданд. Сипас, дотсент Комилов Низомиддин дар мавзӯи “Тамоюлҳои рушди истеҳсолоти маҳсулотҳои агросаноатии минтақаи Кӯлоб: мушкилотҳо ва роҳҳои беҳтарсозии онҳо”, дотсент Мирсаидов Муҳаммаднаим дар мавзӯи “Фаъолгардонии сиёсати сармоягузорӣ бо мақсади таъмини бехатарии иқтисодӣ ва имкониятҳои ба бозори ҷаҳонӣ баромадани маҳсулотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муаллими калони кафедраи молия ва қарз Холматов Баҳром дар мавзӯи “Тадбиқи имтиёзҳои андозбандӣ барои корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ассистенти кафедраи молия ва қарз Ҳаёев Қиёмиддин дар мавзӯи “Қарзи бонкӣ механизми асосии таъмини соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ” суханронӣ намуданд.
Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба итмом расид.

Related Articles

Leave a Comment