Санаи 25-уми феврали соли равон дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи психология конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Психологияи ҳаёти оилавии ҷавонон дар замони муосир” баргузор гардид.

Нахуст сухани ифтитоҳиро Рафиев Сафархон-номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия оғоз намуд. Сипас, Шарипов Анвар Абдурасулович, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи психология дар мавзӯи “Таҳлили психологӣ оид ба интихоби ҳамсар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Набиева Муқаддас, саромӯзгори кафедраи мазкур дар мавзӯи “Тайёрии психологии ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ”, Изатова Нозанин, саромӯзгори кафедра дар мавзӯи “Мавқеи оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ дар тарбия ва ташаккули инсон” ва Давлатова Малоҳат, саромӯзгори кафедра дар мавзӯи “Оилаи солиму мустаҳкам асоси фардои дурахшон” баромад намуданд. Конфронс бо саволу ҷавоб ва музокираҳои устодону донишҷӯён ба анҷом расид.