Санаи 17.02.2022 дар кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Мусоҳиба жанри маъмултарин дар ВАО» баргузор гардид.

Мувофиқи нақшаи семинари илмӣ-назариявӣ ассистенти кафедра Гадоева Фирӯза баромад намуда истифодаи жанри мусоҳибаро дар ВАО яке аз маъмултарин жанрҳои журналистика арзёбӣ намуд. Ҳамзамон доир ба қоидаҳои гузаронидани мусоҳиба дар ВАО-ро шарҳ дод.
Дар рафти семинар омӯзгорони кафедра Сафарзода Манучеҳр ва Одинаева Марҳабо доир ба маърӯзаи ироагардида пешниҳоду тавсияҳои хуб доданд.