Санаи 18.02.2022 дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша”-и кафедраи фалсафа бо иштироки васеи ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни факултетҳои мухталифи донишгоҳ гузаронида шуд.

Бояд қайд кард, ки маҳфили “Ҷаҳони андеша”-и кафедраи фалсафа солҳои зиёд аст, ки ба роҳ монда шуда, моҳе як маротиба гузаронида мешавад. Ва соли қабл дар озмуни “Маҳфили беҳтарини сол” сазовори ҷойи аввал гардид.