«Терроризм ва экстремизм аз як ҷиҳат чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан , миллат, дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Эмомалӣ Раҳмон.
Дар замони муосир сар задани зуҳуроти гуногун дар саросари дунё, аз ҷумла муноқишаҳо, задухӯрдҳо, ҷангҳо, иғвоангезӣ миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ба манфиати гурӯҳҳои алоҳида буда, ба афкори шаҳрвандон таъсири манфӣ мерасонад.
Қайд намудан зарур аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш бамаротиб таъкид менамоянд, ки: «террорист дину мазҳаб, миллату давлат надорад». Терроризм падида ва зуҳуроти номатлуби асри XXI ба шумор рафта, ҳазорон нафарро ба доми худ кашидааст, ки дар натиҷаи пайвастан ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва иштирок дар амалиётҳои террористӣ ба ҳалокат расидаанд.
Терроризм дар таърихи чандинҳазорсолаи худ марҳила ба марҳила ташаккул ёфта, дар замони муосир хусусияти байналмилалиро пайдо намудааст. Дар замони муосир терроризм бештар характери сиёсӣ, миллӣ ва динӣ дошта ҳар кадоми он усул, восита, манба, идеология ва дастгоҳи махсуси худро доро мебошад. Субъекти асосии терроризм ин шахсиятҳои алоҳида, ва ташкилотҳое ба шумор мераванд, ки гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористиро бо яроқу аслиҳа, маблағ ва техникаву технология таъмин намуда, дар минтақаҳои гуногуни олам ба воситаи зурӣ, тарсу ҳарос ва қатлу куштор манфиатҳои худ ва хоҷагони худро ҳифз менамоянд. Амалҳои террористӣ дар ҷомеа нооромиро ба бор оварда, иродаи одамонро заиф, дар зеҳни онҳо тарсро ҷо намуда, монеаи пешравӣ, рушди зеҳниву эҷодкории инсон мегардад.
Азият додану одамрабоӣ намудан ба қатлу куштор даст задан, бераҳмию ноадолатона рафтор намудан магар нишонаи инсони комил аст? Чун ба ақли солим ин ваҳшониятро нигарем, ҳеҷ гоҳ бо ин афроди бадхоҳу бадсиришт роҳ намедиҳем, то ба мақсадҳои нопоки худ ноил гарданду ҷамъияти моро халалдор созанд. Мақсади онҳо ғайр аз ғаразҳо чизи дигаре нест. Бояд ёдрас шуд, ки онҳо ягона мақсадашон ноором сохтани ҷамъият ва ба беадолатиҳо роҳ додан аст. Бисёре аз ҷавононе, ки ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд, саводи кофӣ, ақли солим надошта бо сад ҳилаву найранг, бо сад ваъдаҳои бардурӯғ фирефтаи ин гурӯҳҳои тундрав мешаванду ҷони ҷавони хешро аз даст дода, ба дили садҳо модарону падарон ғайр аз доғи фарзанд чизе боқӣ намемонанд.
Афсус, ки баъзе аз ҷавонони ноқисулақли ҷомеа дар замони муосир илмҳои замонавиро аз худ намудану барои ояндаи худ зинаеро ишғол карданашон ва дар ҷомеа ҳамчун шахсони соҳибмаълумот нуфуз пайдо намудан ба беҳудагардию корҳои ношоям даст мезананд, ки умри ҷавони хешро барбод медиҳанду ба корҳои ношоям сару кор мегиранд.
Мо бояд, сади роҳи ин гуна бадахлоқонро бигирем, бо ақли солим, зеҳни комил, ҳушёрии сиёсӣ барои ояндаи миллату давлат ва ободии диёр саҳмгузор бошем.
Ҳамчуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, «ҳеҷ як хоини миллат барои мо мардуми сарбаланди тоҷик давлат обод намекунад». Мо бояд аз як гиребон сар бароварда барои ободию гулгуншукуфии ин диёри биҳиштосо саҳмгузор бошем. Барои ин Ватан то вақте ҷон дар бадан дорем, саҳми босазои худро гузорем.
Шукрона аз он бояд кард, ки имрӯз ҷавонони тоҷик барои амну осудагии миллат дар марзҳо хизмат намуда, қарзи фарзандии хешро адо намуда истодаанд.
Аз ҷавонони дар хориҷбуда ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафаркарда даъват ба амал меорем, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба гуфтаҳои ин гуна шахсони бадсиришт дода нашаванд, то ба фиребу найранг онҳоро ба доми худ кашидаву мисли як бозичае, ки дар даст доранд истифода набаранд.
Имрӯз шукрона бояд кард, ки бо амри яздон ва бо дастгирии марди миллатдӯсту хештаншинос — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин неъмати бебаҳо, ба ободию сарҷамъӣ расидаем.
Мо бояд бо ақли солими хеш нигарем, ки дар ин муддати ниҳоят кӯтоҳе, ки истиқлолият ба даст овардем, чӣ қадар комёбиҳо, бурдбориҳо насибамон гаштааст. Ба ин ҳама пешравиҳое, ки дорем чӣ гуна ношукрӣ кунем, ва ба қадри ин неъмати худододӣ нарасем. Агар ба ҷаҳони имрӯза нигарем, ки чӣ ҳодисаҳо рух дода истодааст, ва чӣ гуна нооромиҳо дида мешаванд. Баъзан давлатҳое ҳастанд, ки дар орзуи тинҷию оромии мамлакаташон ва оромии диёрашон ҳатто, ки як соатро насибашон намегардад. Худ қазоват намоем, ки оромӣ, чӣ неъмати бебаҳоест, аммо соҳиб шудан барои ин неъматро ба даст овардан талошҳои зиёде лозим мебояд! Шукрона бояд намуд, ки имрӯзҳо дар давлати тинҷу ором зиндагӣ дорему нафаси озод кашида дар осмони софу беғубори диёр гашту гузор менамоем. Рӯз то рӯз ободии диёрро менигарему шукргузорӣ аз неъматҳои бебаҳо, давлати соҳибистиқлол, миллати таърихию тамаддунофар ва аз маданияти баланддошта сарфароз бошем. Бо ақли солими хеш рафтор намоем, на ин, ки ақли худро дуруст истифода набурда бо ақли хоми дигароне, ки ғайр аз ҳиллаву найранг мардумозорию мардумфиребӣ, фикри дигаре дар сар надоранд, равона созем.
Кушиш ба харҷ бояд дод, ки дар ҷамъияти инсонӣ хизмати неки худро расонем, ҳамеша ба мисли гузаштагонамон, ки то имрӯз миллати тоҷик фахр аз ин мардони хирад доранд, саҳми худро гузорему пайравони мардони ватандӯсту меҳанпараст бошем.
Зафар СОДИҚОВ, номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинг