Home ХАБАР МАҶЛИСИ ТАШКИЛОТИ ҲИЗБИИ “ОЛИМОН”

МАҶЛИСИ ТАШКИЛОТИ ҲИЗБИИ “ОЛИМОН”

by admin
188 views
Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҷлиси Ташкилоти ҳизбии “Олимон” баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо, ноиби ректор оид ба таълим номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин, муовини роҳбари Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмуъмин ва дигар устодон ва аъзоёни ҳизб иштирок намуданд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ҳусни оғоз бахшиданд. Баъдан, Фирӯзи Саидмуъмин, муовини роҳбари Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуданд.
Дар маҷлис масъалаҳои шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат, озод намудани котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” ва интихоб намудани котиби нави ташкилот, инчунин масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар охир довталабон ба сафи ҳизб шомил гардида, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба онҳо супорида шуд. Ҳамзамон, як қатор фаъолони ҳизб бо сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.

Related Articles

Leave a Comment