Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ҚАҲРАМОНЕ, КИ ТОҶИКРО МАШҲУР КАРД!

ҚАҲРАМОНЕ, КИ ТОҶИКРО МАШҲУР КАРД!

by admin
224 views
Раванди демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ, ки дар охири солҳои 80-уми асри XX дар Иттиҳоди Шӯравӣ сар шуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба пайдошавии ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии Тоҷикистон — Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҷамъиятӣ мардумии «Растохез», Ҷамъияти «Лаъли Бадахшон» ва дигар ҷамъиятҳои маҳаллӣ овард.
Зиддияти ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократӣ муқобили Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар воқеаҳои 11-14 феврали соли 1990 дар Душанбе, бо задухурди намоишчиён бо ҳукумат анҷомид. Ин муқовимати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (иборат аз аъзоёни Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон) бо ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии дар солҳои 1991 ва 1992 давом ёфта, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гашт.
Бо омадани сари қудрат фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарсонгаштаи тоҷик аз нав дар зери партави хирадмандони пешвои худ мутаҳид гашта, як давлате чун Тоҷикистони биҳиштосо барқарор намуданд. Пешвои миллат аз рузи ба сари қудрат омадан, барои миллати тоҷик ҷоннисориҳои зиёде намуданд. Чандин борҳо ба хатарҳои ҷонӣ дучор гашта, бо ин нигоҳ накарда дар паҳлӯи миллати худ рост истода, мардумро ба мутаҳиди даъват намуд.
Дар баробари муваффақиятҳои бадастомада мушкилотҳои мавҷуда низ сол то сол аз байн рафта, сокинони Тоҷикистон дар атрофи Президенти интихобкардаи хеш Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокорона ва аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Хуб медонанд, ки Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷастаю эътирофшудаи сиёсии ҷаҳонӣ баъди пирӯзӣ дар интихоботи навбатии президентии соли 2013, ҳангоми савгандёдкунӣ, бори дигар иброз дошт, ки ӯ барои шукуфоию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон ҷоннисорӣ хоҳад кард. Бале, ӯ яке аз фарзандони сарсупурда, шуҷоу далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Миллати мо барҳақ бо Эмомалӣ Раҳмон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат аст, ифтихор мекунад.
Сарвари давлат дар ҳар як баромдҳои хеш зикр мекунанд, ки ҷавонон ояндаи миллатанд. Мо ба ҷавонон боварии комил дошта, бо итминон гуфта метавонем, ки ояндаи кишвар дар дасти ҷавонон мебошад. Пас ҷавононро мебояд ки аз донишҳои замони муосир омӯхта, бар раванди илму техника ошноӣ пайдо намуда, саҳми хешро дар пешрави ватани тозаистиқлол чун Тоҷикистон гузошта тавонанд.
Бо ин ҳама дастовардҳо ва пешравиҳо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба чашм мерасад, сафсатаҳои дуруѓин ва беасос бар қаҳрамонони миллат. Ва нанговар аст,ки чунин ашхосон бар ободии меҳани худ нигоҳ накарда, аз андешаҳои хоми гурӯҳҳои мухолиф тарафдорӣ мекунанд. Борҳо шоҳиди навиштаҷотҳои онҳо дар интернет гаштам. Шикваҳои беасос ва андешаҳои хом дар худ ҷой додаанд.
“Мо давлати демократиему озодӣ дар мо нест”. Хитоб бар Шумо шахсоне ки чунин андеша доред. Оё бар гови шохзан озодӣ дода мешавад? Шумо раванди ҷанги шаҳрвандӣ ва таъсири онро надидаед. Пас боре суол аз падару модари худ кардед? Дар озодииву амнияти кишвар умр бар сар бурда истодаед, касе бар Шумо кор надорад, касе шуморо барои коре маҷбур намесозад, магар ин озодӣ нест?
Ҳамеша модаркалонам аз ваҳшониятҳои ҷанги шаҳрвандӣ нақл мекарду ашк аз чашмонаш ҷорӣ мегашт. Ӯ мегуфт: “Дар ин ҷанги бародаркӯш на кудакон осуда буду на калонсолон, модарон дар фироқи фарзандони кушташудаашон ҷигарашон пора-пора гашта буд. Тифлони зиёд аз падару модар маҳрум гашта, сарсону овора мегаштанд. Касе ба касе раҳм надошт, дардовартаринаш он буд, ки мардум ноне барои хурдан надоштанд. Хеҷ гоҳ ин рӯзҳои сахт аз назди чашмонамон дур намешавад. Худоро шукр ки чунин қаҳрамонро модари тоҷик бар сари миллати тоҷик овард. Қаҳрамоне ки дар кӯтоҳтарин муддат тоҷикро тоҷдор дар ҷаҳон намуд”.
Пешвои миллат эътироф гардидани Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи қадрдонии талошу заҳматҳои пайгиронаи ӯ дар роҳи мэъмори давлати миллии муосири тоҷикон, ки ҷавҳари аслии онро низоми демокративу ҳуқуқбунёд ташкил медиҳад, маҳсуб меёбад.
Зикр гашт, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун Сарвари давлат, балкӣ ба як бунёдгузори давлати навин, наҷотбахши миллат, кафили сулҳи пойдор, эҳёгари фарҳангу арзишҳои миллӣ, эҳёгари мактаби давлатдории муосири тоҷикон ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори Сулҳ ва Пешвои миллат менигаранд. Ин аст, ки дар кишвар ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеъ ва фарогир дорад. Яъне, ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, низоми давлатдорӣ, суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Зеро сиришти мардумӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд. Ин аст моҳияти Пешвои миллат будан, ин аст моҳияти ба таври воқеӣ Пешвои барҳақи миллат эътироф гардидан.
Ӯрун Кӯҳзод, нависандаи халқии Тоҷикистон бисёр ба маврид гуфтааст: “Имрӯз ҳама сокинони кишвар аз иттиҳоду ваҳдат, истиқлолият, ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ бо ифтихору сари баланд ва дили пур сухан мегӯянд. Ҳамагон аз ҳаводиси гузашта ва вазъи имрӯзаи ҷаҳон огаҳӣ доранду панд гирифтаанд ва хуб медонанд, ки сулҳу амният, рӯзгори обод, хушбахтиву саодат ва пирӯзӣ аз ваҳдат аст”.
Хулас, мо ҷавононро мебояд, ки дар чунин фазои оромӯ осудаи кишвари хеш ба омухтани илмҳои замони муосир рӯ оварда, бо доштани донишу малакаи худ дар арсаи ҷаҳони боз ҳам, Ватани хешро шӯҳратманд гардонем. Ба суханҳои дуруѓин ва беасос, ки аз тарафи шахсони бадхоҳ ва хиёнаткор садо медиҳад, бовар накарда, бо донишу малакиаи худ ба онҳо мубориза барем. Ана ҳамин аст рисолати ҷавонони тоҷик.
МУРОДОВ ҶАМИЛ, ҷонишини декани факултаи филологияи тоҷик ва журналистика оид ба тарбия

Related Articles

Leave a Comment