Имрӯз дар маҷлисгоҳи бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи Раёсати донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ҷаласа ректори донишгоҳ доктори илми педагогика, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо, ноибон, деканҳо ва роҳбарони сохторҳои донишгоҳ иштирок доштанд.
Дар ҷаласа вобаста ба ҷамъбасти сессияи зимистона, имтиҳонсупории донишҷӯён мушкилот дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Деканҳои факултетҳо вобаста ба сессия ва азхудкунию иштироки донишҷӯён дар имтиҳонот ҳисобот доданд.
Профессор Мирализода Абдусалом Мустафо қайд карданд, ки: «Ҳар як мушкиле, ки зимни имтиҳонсупорӣ ба миён меояд, фавран ҳал карда шавад. Донишҷӯ бояд аз имтиҳони супоридаи худ қаноатманд гардад.»
Инчунин, вобаста ба азхудкунии донишҷӯён дар сессияи зимистона деканҳо маълумот доданд ва мушкилоти дар ин самт мавҷудбуда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ректори донишгоҳ профессор Мирализода Абдусалом Мустафо оид ба мушкилоти ҷойдошта ба деканҳо супоришҳои қатъӣ доданд.