
Дар кушодашавии курси мазкур Рафиев Сафархон, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, Амиршоева Нозанин, мутахассиси шуъбаи таълими Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд. Сухани ифтитоҳиро Амиршоева Нозанин ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар ин курс Юнусӣ М., профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Амсиласозии риёзӣ”, дотсент Камолзода С., дар мавзӯи “Педагогика ва психологияи мактаби олӣ”, дотсент Зокиров С., дар мавзӯи “Математикаи муосир ва таълими он дар мактаби олӣ” ва дигар профессорону дотсентони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯҳои доир ба самти физика ва математика ба омӯзгорон дарс хоҳанд гуфт.