Имрӯз номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ашӯрова Нодира рисолаи докториашро дар мавзӯи «Таҳаввули диди бадеӣ бар образи занон дар адабиёти классикии форсу тоҷик» (дар мисоли эҷодиёти Фирдавсӣ ва Низомӣ) бомуваффақият ҳимоя намуд.
Мушовири илмии ӯ доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мисбоҳиддин Назриқул мебошад.
Раёсати донишгоҳ ба муҳаққиқ ва мушовири илмиаш ин комёбиро сидқан муборакбод намуда, дар корҳои минбаъдаи илмӣ-таҳқиқотиашон муваффақиятҳо таманно менамояд.