Home ХАБАР ҶАМЪОМАДИ ИЛМӢ СИЁСИИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНИ PhD

ҶАМЪОМАДИ ИЛМӢ СИЁСИИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОНИ PhD

by admin
112 views
Имрӯз дар бинои маъмури Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси шуъбаи тайёркунӣ ва азнвтайёркунии кадрҳои илмӣ–педагогӣ ҷамъомади илмӣ сиёсии магистрантон ва докторантони PhD дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, аз 21.12.2021 таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат – дастури роҳнамо ва ояндасоз” баргузор гардид.
Дар ҷамъомад муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнвтайёркунии кадрҳои илмӣ – педагогӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад ва ҳайати васеи магистрантону докторантон иштирок намуданд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Раҳмонова Гулдона, докторанти PhD курси 1-уми факултети филологияи тоҷик ва журналистика дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат – роҳнамое барои фардои дурахшони Ватан”, Қурбонов Некруз, докторанти PhD курси 1-уми факултети физика ва математика, мутахассиси шуъбаи ТАКИП дар мавзӯи “Паём – ҳидоятгари насли ҷавон”, Сафаров Ҳакимшо, докторанти PhD курси 1-уми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзӯи “Сиёсати хориҷӣ дар меҳвари Паёми Пешвои миллат”, Шарипов Бедилҷон, магистранти курси 2-юми факултети иқтисод ва идора дар мавзӯи “Таҳлили масоили иқтисодӣ аз Паёми Пешвои миллат” суханронӣ намуданд. Дар охир ҷамъомад бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment