Паёми табрикии ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ба муносибати Соли нави мелодӣ
Ҳамватанони азиз, устодону шогирдони арҷманд!
Кулли устодон, шогирдон ва мардуми шарифи Тоҷикистони азизро ба муносибати фарорасии Соли нави милодии 2022 самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон фазои орому осуда, рӯзгори обод ва хушҳоливу хушрӯзӣ таманно менамоям.
Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар барои мардуми шарафманди Тоҷикистон воқеан таърихӣ мебошад, зеро ин Паём дар соли сазовор пешвоз гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолу озодии Ватани азизамон ироа гардид, ки он ҳамчун санади муҳим ва роҳнамо барои фаъолияти минбаъдаи мо ба ҳисоб меравад.
Ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳадафи пешгирифтаи Роҳбари давлатро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар дастгирӣ намуда, дар амалӣ намудани он саҳмгузор бошанд.
Ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли 2021 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳо, консепсияҳо, стратегияҳо, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ, низомномаҳо, нақшаи корӣ, қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, корҳои назаррасу муҳимро анҷом додаанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли таҳсили имсола низ ба мисли солиёни пешин ба дастовардҳои назарраси илмию таҳсилӣ мушарраф гардид. Аз ҷумла:
— 36 адад тахтаи синфӣ харидорӣ шуда, тахтаҳои синфие, ки фарсуда буданд, пурра бо тахтаҳои нави замонавӣ иваз карда шуданд;
— 491 адад мизу курсӣ ва 80 адад курсии ниммулоим харидорӣ гардид;
— 257 адад барномаи таълимӣ пурра аз нав таҳия карда шуда, дар ШИМ-и донишгоҳ тасдиқ гардидаанд;
— 256 дарсҳои намунавӣ аз ҷониби омӯзгорон гузаронида шуд;
— таъсиси ихтисосҳои нав (бакалаврият 2 ихтисос, магистратура 1 ихтисос ва докторантураи PhD 1 ихтисос);
— донишгоҳ барои таъсиси гурӯҳҳо дар ихтисосҳои молия ва қарз бо забони русӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон бо забони англисӣ иҷозат гирифт;
— харидорӣ намуданӣ сервери пуриқтидор бо мақсади автоматикунонидани ҷараён таълим;
— бо мақсади мунтазам натиҷагирӣ намудани раванди таълим, холгузории рейтингии ҳарҳафтаинаи электронӣ ташкил карда шуд;
— барои хуб шудани сифати таълим дар донишгоҳ аз як шакли тест ба чор шакли тест гирифтани имтиҳон ба роҳ монда шуд;
— барои муътадил ва самаранок гузаронидани имтиҳон шабакаи ягонаи дохилидонишгоҳӣ таъсис дода шуд, барномаи компютерии имтиҳонӣ пурра аз нав карда шуда, дар ҳар як факултет синфхонаи имтиҳонотӣ ташкил карда шуд;
— 2 адад сифнхонаи нави компютерӣ таъсис дода шуд, ки дар маркази таҳсилоти фосилавӣ бо теъдоди 32 адад компютер ва дар маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва омор бо теъдоди 50 адад компютер ташкил шудааст;
— таҷдиди сохтори маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва омор ва муҷҷаҳаз намудани он ба мизу курсӣ, компютерҳои муосир ва пуриқтидор (9 адад моноблок);
75 адад дастуру китобҳои дарсӣ дар соли 2021 дар кафедраҳои донишгоҳ ба нашр расонида шуд.
Дар таърихи 76-солаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нахустин маротиба Шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шуд.
Бо фармоиши Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.12.2021, таҳти №348 дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D010300 -Педагогика ва психология (6D010301 — Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот), 6D012000-Таълими касбӣ (6D012001.02-Назария ва методикаи омӯзиш (таҳсилоти касбӣ)) ва 6D050300 — Психология (6D050307 -Равоншиносии педагогӣ) ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисосҳои 13.00.01-Педагогикаи умумӣ таърихи педагогика ва таҳсилот, 13.00.08-Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.02-Назария ва методикаи фанҳои табиӣ (таҳсилоти касбӣ)) ва 19.00.00-Илмҳои равоншиносӣ (19.00.07-Равоншиносии педагогӣ) таъсис дода шуд.
Аз 545 нафар ҳайати омӯзгорон 90,4%-и онҳо ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд.
Тибқи нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ 38 чорабинӣ гузаронида шуд, аз ҷумла 2 конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, 3 конференсияи вилоятӣ, 1 конференсияи шаҳрӣ, 18 конференсияи умумидонишгоҳӣ ва 14 мизи мудаввар.
Аз ҷониби олимони донишгоҳ 3 мавзӯи фармоишии илмӣ-таҳқиқотӣ бо қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор доранд, ки роҳбарии онҳоро Ғафоров С., Изатуллоев К., Назаров П. ба уҳда доранд ва маблағгузории онҳо 267 192 сомониро ташкил медиҳад.
Фонди умумии китобхона дар давраи ҳисоботӣ 298000 номгӯйро ташкил медиҳад. Шумораи китобҳои электронӣ дар соли ҷорӣ ба 196375 расидааст.
Дар соли ҷорӣ 12 нафар омӯзгорон ва 8 нафар донишҷӯён ба стипендияи раиси вилоят, 1 нафар донишҷӯ стипендияи кумитаи ҷавонон ва варзиш, 7 нафар гирандагони стипендияи Президентӣ мебошанд.
Дар соли 2021 профессорону омӯзгорони донишгоҳ 11 китоби дарсӣ, 21 монография, 29 васоити таълимӣ, 35 дастури методӣ ва зиёда аз 715 мақолаҳо ва фушурдаҳо, маърӯзаҳои илмӣ таҳия ва нашр намуданд.
Дастовардҳои илмии омӯзгорони донишгоҳ умедбахш аст, зеро дар соли равон 24 нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаҳои илмии худро дифоъ намуда, 5 нафар барои ҳимоя расман иҷозат гирифта, рисолаи илмии 47 нафар таҳқиқотчиёни соҳаҳои гуногун ба охир расида, дар арафаи ҳимоя қарор доранд.
Боиси сарфарозист, ки ЗАФАР МИРЗОЁН — мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеа барои силсилаи мақолаҳо доир ба ҳаёту фаъолияти сиёсиву чамъиятии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият» дар Шаҳринав ва Ҳисору Турсунзода соҳиби Шоҳҷоиза гашт.
Ҳафтаномаи «Омӯзгор» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» озмун эълон карда буд. Озмун аз моҳи марти соли 2020 то аввали моҳи июни соли 2021 идома ёфт. Хурсандиовар аст, ки Ислом Ғуломов, Корманди Шоистаи ҶТ, доктори илмҳои педагогӣ, профессори донишгоҳ барои мақолаи «Риёзидон бояд ҳамадон бошад!» дар озмуни мазкур ҷойи дуюмро соҳиб гардид.
Санаи 6-уми январи соли 2021 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия соҳиби «Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон» барои олимони ҷавон гашт.
Дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф баҳогузорӣ карда мешавад, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нисбат ба солҳои гузашта 5 зина боло, аз мақоми 17-ум ба мақоми 12 –ум гузаронида шуд.
Донишҷӯён дар 40 мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ, 30 мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва 3 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 50 адад медали тилло, 20 адад медали нуқра, 10 адад медали биринҷӣ, 10 нафар номзад ба устоди варзиш, 5 нафар ба устоди варзиш ва 150 нафар сазовори ифтихорномаҳо гардидаанд.
Дар доираи ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ муяссар гардид, ки барои рушди самтҳои гуногуни таълим дар донишгоҳ қадамҳои устувор гузошта шавад.
Дар доираи лоиҳаи Эрасмус+ EXTEND, ки имсол соли ҷамъбастии лоиҳа мебошад, ба донишгоҳ ба маблағи умумии 238833,9 сомонӣ таҷҳизоти муосиртарин ворид карда шудааст.
Дар соли 2021 аз ҳисоби омӯзгорони донишгоҳ 12 нафар сафари омӯзишии байналмилалӣ анҷом додаанд. Ҳамзамон 2 нафар омӯзгорон аз хориҷи кишвар барои табодули таҷриба ба донишгоҳ ташриф оварданд.
Дар доираи лоиҳаи дуюми Фонди Аврупо Эрасмус+ TRIGGER, ки моҳи январи соли 2021 оғоз шуд, ба донишгоҳ 54495 евро = 738 863,3 сомонӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ҷудо гардид.
Кормандони шуъбаи хоҷагӣ баҳри ободу зебо гардонидани гирду атрофи донишгоҳ, бустонсарои шаҳри Кӯлоб ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализода дар давраи ҳисоботӣ 30654 адад гули лола, 12000 адад гули гваздика, 9762 адад гулкарам, 6543 адад гули гайвардия, 834 адад гули ҳамешабаҳор, 3467 адад гули салвия, 35600 адад намудҳои гуногуни гули тагес, 50 ҳазор қаламчаи садбарг ва 265 адад дарахти арча шинониданд.
Боварӣ дорем, ки ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чун ҳама мардумони шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ доранд ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонанд комёбиҳои нав ба навро ба даст оварда, барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат мутахассисони баландихтисос омода менамоянд.
Таманнои онро дорам, ки соли 2022 барои Шумо ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол соли музаффарияту бурдбориҳо гардида, дар самти рушду нумуъ ва ободиву бунёдкорӣ ҷиҳати амалисозии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри шукуфоии Ватани азизамон нерӯву тавони тоза бахшад!
Соли нави милодӣ муборак!