
Дар конфронс ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо, Ғафоров Саттор, номзади илмҳои физика ва математика, дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Худойдодова Шарофат, доктори илмҳои педагогӣ Изатова Муҳаббат Иноятовна ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ профессор Мирализода Абдусалом Мустафо оғоз намуданд. Сипас, Ғафоров Саттор, номзади илмҳои физика ва математика, Худойдодова Шарофат ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва Изатова Муҳаббат, доктори илмҳои педагогӣ (ҳамсари шодравон академик Каримов Самариддин) доир ба ҳаёт ва фаъолияти илмию эҷодии академик Каримов Самариддин суханронӣ намуданд. Конфронс бо саволу ҷавоб ба охир расид.