Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ШОИРИ ОИНАҲО

ШОИРИ ОИНАҲО

by admin
391 views

 Имрӯзҳо атрофи осори бисёре аз мутафаккирони форсу тоҷик ба монанди Рӯдакию Фирдавси, Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Навоӣ, Анварию Саноӣ, Ҳоқонию Тирмизӣ ва мисли инҳо суханони зиёд гуфта мешаванду ба таҳлилу шарҳи асарҳои манзумаи онҳо рӯ меоваранд. Аммо, аз чи бошад, ки шумораи ками одамон ба офаридаҳои Бедил назар меафкананду аз маънии баланди ашъори ин шоири бузург худро канора мегиранд? Албатта, қисме аз нафароне, ки аз эодиёти ӯ огаҳӣ доранд дар бораи адбиёташ хулосабарории нодуруст мекунанд. Масалан, перомуни яке аз ғазалҳои машҳураш, ки чунин байтеро дорад андешаҳо гуногунанд:

Хеҷ шакле бе ҳаюло қобили сурат нашуд,

Одамӣ ҳам пеш аз он, к-одам шавад бӯзина буд.

Чунончи баъзеҳо ба ин байт саҳвкорона андешида ва гумонбари онанд, ки гуё Бедил дар ин байт гуфта бошад, ки «сароғози инсон аз бӯзина (маймун) аст» ва ҳамин мисраъҳоро дар назар гирифтаву Бедили бузургро мазаммат мекунанд.

Ё ин ки:

«Ҳузури зиндагӣ хоҳӣ, зи роҳи рост берун шав,

Ки бе ангушти каҷ, аз кӯза равған бар намеояд»-ро

ба манфиати шахсии худ истифода бурда, маънии ин байтро ҳамчун масали «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» дарк мекунанд.

Бо вуҷуди ин ҳама андешаҳои нодуруст дар чомиа шахсоне пайдо мешаванд, ки ба таҳлили ҳаматарафаи осори Бедил машғуланд. Албатта, инҳо бедилшиносонанд, ки ба омӯзишу пажӯҳиши афкори жарфу гуногунҷабҳаи ӯ сару кор доранд. Яке аз ин шахсияҳои бузург Устод Садриддин Айнӣ буданд, ки бо вуҷуди пуркорӣ дар эҷодиёти назму насрии худ ба таҳлил ва шарҳи зиндагӣ, авзои замон ва ғазалиёти ирфонию фалсафии Бедил таваҷҷӯҳи вижа зоҳир намудаанд .

Абулмаонӣ (падари маъниҳо) Бедил дар осораш муродифоти калимаҳо ба вижа вожаи «оина»-ро хеле бамавридона истифода бурдааст. Аз ин рӯ, ӯро дар Ҳиндустон ва мамлакатҳои форсизабон «шоири оинаҳо» меноманд.

Бояд зикр намуд, ки қисми зиёди осори манзумаи Бедилро ғазалиёт ташкил медиҳад, ки тақрибан онҳо ба 30 ҳазор байт баробаранд. Аз ин рӯ, мо мехоҳем доир ба такбайтҳое, ки аз дохили ғазалиёти ӯ бар гирифта шудаанд сухан ронем.

«Ба андешаи Мирзо Абдулқодири Бедил шоири ҳақиқӣ ҳамон аст, ки дар баҳри ғазал шиноварӣ карда тавонад. Аз ин ҷо бармеояд, ки Бедил ба ғазал, ки ифодагари мавзӯҳои рӯз аст таваҷҷуҳ дошта, аз қасида, ки баёнгари мавзӯъҳои мадҳиву хаёлист қисман канораҷӯӣ кардааст»1.

Бедил, гуҳари назм касерост, ки имрӯз,

Дар баҳри ғазал заврақи андеша давонад.

Мавзӯъҳои ғазалиёти Бедил фарогири ишқу ирфон, тараннуми зебогиҳои ҳаёт, лаҳзаҳои гуворои ошиқӣ, тасвири лаҳзаҳои гуногуни зиндагӣ, тасвири манзараҳои зебои баҳор, танқиди норасоиҳои ҷомиа, васфи хислатҳои ҳамидаву бади инсон ва ситоиши инсон дар зиндагӣ ва мақоми ӯ мебошанд.

 Бо либоси фақрам, аз олоиши дунё чӣ бок,

Ин намад ҳаргиз ба оби оина сангин нашуд.

Дар гузашта оинаи шишаҳоро барои муҳофизат аз ҷое ба ҷое бурдан дар намад мепӯшониданд. Намад маҷозан либоси дарвешон аст. Ҷомаи пашминаи фақир барои шоир ёдовар аз намаде ҳаст, ки оинаро рӯйпӯш мекунад. Вақте ки оинаро дар намад мепӯшониданд, он арақолуд мешуд, аммо ин намад аслан бо оби( арақи) оина вазнин намешуд. Аз ин рӯ, Бедил мегӯяд, ки ҳодисаву воқеаҳои олам устувории маро тағйир дода наметавонанд ва маро аз онҳо боке нест.

Ҳаминро зикр намудан лозим аст, шеъри Бедил кӯталу баландиҳои зиёд дорад ва барои ба ин кӯталу баландиҳо баромадан моро фаҳми баланди шеър, огоҳӣ аз сабки ҳиндӣ ва воқифӣ аз тариқати тасаввуф мебояд.

Маънии баланди ман фаҳми тунд мехоҳад,

Сайри фикрам осон нест, кӯҳаму кӯтал дорам.

Ҳангоми мутолиаи ғазалиёти Бедил, (чопи Теҳрон) ба ғазале вохӯрдан мумкин аст, ки диққати касро ба худ ҷалб менамояд. Ин ғазал саропо муаммоӣ аст. Мақсад аз ғазали муаммоӣ гуфтан дар он аст, ки аз ҳар мисраъи он дар шакли муаммо, маъние бармеояд. Барои мисол байтеро аз дохили ғазал пешниҳод мекунем:

Сари савдоии ман хоки роҳи ёди дилдоре, (Доим)

Ки номаш то расад бар лаб, даҳон ҳамди Худо дорад. (Муҳаммад)

(маънии аз мисраъҳо баромада дар дохили қавсайн нишон дода шудаанд). «Аз вожаи من «ман» сари савдоӣ − « ҳарфи мим»ро берун оварда, вожаи یاد «ёд»ро ба он пайваста, аз ҳарфи «дол» шурӯъ карда мехонем: دایم.

 Даҳон шаклан ба ҳарфи «мим» монанд аст, ки бар он вожаи حمد

«ҳамд» васл шавад, номи محمد Муҳаммад ҳосил мешавад»2.

Мирзо Абдулқодири Бедил дар тариқи назм мазҳаби риндиро пеша намуда, ҷидолҳои байни динҳо ва ихтилофи онҳоро ба воситаи шеъри худ як навъ ошноӣ додааст. Чунончи:

Ҳеҷ кас дар боргоҳи огаҳӣ мардуд нест,

Софии оина бо габру мусалмон ошност.

Яъне, дар назди Парвардигори оламиён ҳеҷ кас дудила(радшуда) нест ва Худованди ҷону хирад ба ҳамаи мазҳабу оинҳои динӣ яксон чашм меафканаду моро ба роҳи рост ҳидоят менамояд, на ин, ки Худованд ба мо хашм мегираду ба гумроҳӣ мебарад. Дар «Авасто» низ Эзид мефармояд: «Роҳ якест ва он роҳ, роҳи ростист, ҳамаи дигар роҳҳо бероҳа аст» ва дар «Қуръон» низ ҳамчунин: «Моро ба роҳи рост ҳидоят кун!»

Бояд ёдорвар шуд ки, шеъри Бедилро зарбулмасалу мақолҳо, ибороти шеваю дилрабо, печидагӣ ва калимаҳое, ки хоси маҳалҳои гуногунанд дилчасп гардонидааст. Ва ба андешаи муаллифи ин сатрҳо Бедил «аз ресмони пояфзол то ба мӯйи сари инсон» расидагӣ кардааст. Масалан ҷое аз як навъ бозии тоҷикона, ки дар маҳалҳои мухталифи Тоҷикистон качабозӣ (гачабозӣ)3 ном гирифтааст, хотирнишон карда, чунин мегӯяд:

Қади пирӣ намудор аст, тифлӣ, то ба кай Бедил?

Кача4 дар хок пинҳон кун, мабодат тар кунад бозӣ.

Андешаи Мирзо Абдулқодири Бедил доир ба тарбия намудани одамизод ба афкори педагогони садсолаҳои гузашта, ба сони Ҷон Локк ва Жан Жак Руссо монандӣ дошта, ақидаи «Одамро ҷамъият ва вазъи рӯзгор тарбия менамояд»- ро тарафдорӣ менамояд. Ва доир ба ин мавзӯъ чунин мегӯяд:

Тариқи тарбият аз вазъи рӯзгор омӯз,

Ба пушти хар, ҷули заррин гузору одам кун.

Аммо, дар баъзе аз абёташ ба гуфтаҳои ёдшуда баръакс андешида, ғофилон, нодонҳо ва гумроҳонро ба харе, ки ҳар қадар ӯро кӯтак занӣ табъаш хира намешавад, баробар карда, мегӯяд:

Офоти даҳр, Бедил, танбеҳи ғофилон нест,

Табъи хар он қадарҳо нанг аз кӯтак надорад.

Мавзӯи дигаре, ки Бедил ба он дахл намудааст ва муаллифи ин сатрҳоро гоҳе ба изтироб меоварад, ин мавзӯи баробарӣ, ростӣ ва бовиҷдонӣ миёни мардумон аст. Воқеан, ин мавзӯъ дар ҷомиаи мо яке аз мавзӯҳои баҳсталаб шудааст. Имрӯзҳо, кам касонеро метавон вохӯрд, ки аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ бархурдоранд ва қисми зиёди онҳо аз бӯзина буз сохта, худро ба ҳар навъ раҳмдил, бовиҷдон, бофарҳанг ва одами маданӣ нишон медиҳанд. Бедил аз амалҳои ин гурӯҳ хаставу озурда шуда, худро ба ин мисраъҳо тасалло медиҳад:

Зиндагӣ бар гардан афтодаст, Бедил, чора чист?!

Шод бояд зистан, ношон бояд зистан!

Азбаски мавзӯи ростандешӣ ва каҷсириштиро кушодем, ҳоло мехоҳем доир ба байтҳое, ки дар онҳо танқиди амалҳои зишт ва тавсифи амалҳои нек оварда шудаанд, ҳарф занем. Албатта яке аз амалҳои хубтарини инсон хоксорӣ ва фурутанӣ мебошад, ки Бедил онҳоро бисёр тавсиф карда мегӯяд, агар хоҳӣ дар зиндагӣ беолоиш ва софу тоза бимонӣ, бояд ин амалҳоро дар худ дошта бошӣ. Ва низ ҳамчунин:

Хоксориҳост, Бедил равнақи аҳли сафо,

Мекунад хокистар афзун, обрӯ оинаро.

Каҷсириштӣ, бадахлоқӣ, каҷманишӣ, буздилву тарсончакӣ ва ҳарзагӯӣ ҷумла амалҳое мебошанд, мухолифи амалҳое, ки дар боло ёд шудаанд. Аз ин рӯ, Бедил доир ба мардоне, ки дар онҳо ҳеҷ яке аз амалҳои мардона дида намешавад сухан гуфта, онҳоро ин гуна муаррифӣ менамояд:

Даъвии мардони ин аср инфиоле беш нест,

Шер меғурранду чун вомерасӣ, бузғолаанд.

Мирзо Абдулқодири Бедил ин гурӯҳи мардонро сарзаниш карда, дар кору амал, оҳоро ба занҳо монанд мекунад. Бояд гуфт,ки ин гуна мардҳои беғайрат дар ҳикояҳои «Маснавии Маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ низ кам нестанд. Чунончи дар ҳикояти «Шери бедуму шикам», ки паҳлавони тануманди қазвинӣ тоқати холкубӣ кардан дар тани худро намекунад, ҳоло он ки, пеш аз сӯзан задани даллок бар тани ӯ, худро бисёр тавсиф менамояд. Мардоне, ки Бедил дар абёти худ, онҳоро танқид мекунад аз ҳамин гурӯҳи муханнасонанд. Байти дигар ба ҳамин гуна мардон бахшида шудааст:

Сард шуд дил аз дами ин паҳлавонони ғурур,

Рустаманд, аммо бағалпарвардаҳои холаанд.

Акнун мехоҳем ҷилави суханро ба тарафи сурудаҳои фалсафии Бедил гардонем. Бояд ёдовар шуд, ки андешаҳои фалсафии Бедил дар ғазалиёт, рубоиёт ва қитъаоти ҷудогонаи ӯ ба назар мерасанд. Мутафаккир оид ба пайдоиши замин, сангҳо, растаниҳо, ҳайвонот ва одам фикр ронда, чунин мегӯяд:

Ба ҳам овард хоку оташу об,

Кард шухӣ ба сурати одоб.

Ҷамъ то шуд, ҷамод ном гирифт,

Раст аз он ҷо, набот ном гирифт.

Ба равонӣ расиду ҳайвон шуд,

Ба сухан лаб кушоду инсон шуд.

Дар ҷойи дигар ӯ вобаста ба ҷовидон мондани рӯҳи инсон пас аз марг ва тафовути байни рӯҳ ва ҷон хулосабарорӣ мекунад, ки ҷон ва рӯҳ ҳарду як чиз набуда, балки онҳо ҷудогонанд. Зеро, ҷон, пас аз марг нест мешавад, лек рӯҳ ҷовидон боқӣ мемонаду ба олами арвоҳ мепайвандад. Ин байт далели гуфтаҳои болост:

Ҷон ҳеҷу ҷасад ҳеҷу нафас ҳеҷу бақо ҳеҷ,

Эй, ҳастии ту нанги адам, то ба куҷо ҳеҷ?!

Шояд аз гуфтаҳои боло саволе ба миён ояд, ки ҷони инсон дар куҷояш ҷойгир шудааст? Албатта, мо ба ин савол танҳо ишораҳо мекунему халос. Дар урфият низ доир ба ҷон, иборҳое ҳастанд, ки одамро ба фикр кардан вомедоранд. Ибораҳои «ҷон дод», «ҷон супорид», «ҷон ба саломат бурд», «ҷон фидо кард», «ҷон бахшид», «ҷон гирифт» аз ҷумлаи онҳоянд. Оё ба ҷойи ин ибораҳо ибораи «рӯҳ дод» « рӯҳ супурд», «рӯҳ ба саломат бурд»-ро метавонем истифода намоем ё на? Эҳтимол, ин гуфтаҳои мо ба қонуну қоидаи забонӣ чандон мувофиқ наафтад, лекин дар байни ду гурӯҳи ибороти пешниҳодшуда тафовутҳои калон вомехӯраду аз гурӯҳи дувум касе истифода намекунад.

 Чӣ хеле, ки дар боло қайд намудем рӯҳ баъд аз тан ҷудо шудан ба олами арвоҳ мепайвандад. Рӯҳ мисли қатраест аз саҳоб, ки баъди канда шудан аз он, ба муҳит рафта мерезад. Ва Бедили бузург чунин ишора карда мефармояд:

Қатра муҳит мешавад, чун зи саҳоб шуд ҷудо,

Рӯҳ зи ваҳми худ абас, тарки бадан намекунад.

Аксарияти шеърҳои Бедил ду паҳлӯ доранд, ҳам паҳлӯи дунявӣ ва ҳам паҳлӯи ирфонӣ. Аз ин рӯ гуфтаниям, ки, агар дар таҳлил ва шарҳи байтҳо ба иштибоҳе роҳ дода бошам аз Шумо, хонандагони азиз, узрпурсӣ менамоям. Дар бораи ашъори Абулмаонӣ Бедил ҳарчанд сухан гӯем, боз чизе пайдо мешавад, ки аз тафаккури мо берун хоҳад монд. Аз ин рӯ мегӯем, ки ҳарчӣ аз Бедил ба фаҳми мо намехӯрад боқӣ Бедил медонаду Худо.

Бедил ғариби кишвари лафз аст маъният,

Арзи парӣ ба олами мино нигоҳ дор.

  1. Суханҳои дохили аломати «..» аз Мунтахаботи Абдулқодири Бедил оварда шудаанд.
  2. «Поэтикаи ғазалиёти Мирзо Абдулқодири Бедил» (диссертатсия)- Нуров Нуралӣ Норович
  3. Качабозӣ— бозие, ки асоси онро пинҳон кардани качаи дасти баҷокунанда ташкил медиҳад. Дар баъзе аз манотиқи кишварамон онро «гачабозӣ» , « кечабозӣ» ё «кеча-кеча» низ меноманд (муаллиф)
  4. Кача— олати пахтагини хурди кулӯла ё санги майдаи кулӯла, ки дар качабозӣ истифода мебаранд.(муаллиф)

Мадасани АЗИЗМАД донишҷӯи соли 3-юми факултети химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment