Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ БУЗУРГИИ МОДАР

БУЗУРГИИ МОДАР

by admin
673 views

Агар аз шумо пурсанд, ки шахси аз ҳама бузургтарин дар ҷаҳон кист? Шумо бигӯед, ки модар аз ҳама бузург аст.

Агар аз хишти тилло қаср созӣ,

Ва ё моли ҷаҳон ёбӣ ба бозӣ.

Баракат дар ду олам ту наёбӣ,

Агар модар набошад аз ту розӣ.

Модар сарчашмаи ҷӯшони ҳаётест, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад. Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, шафқати беканор, нури ҳар як хонадон аст. Модар, ту моҳи нурафшонӣ, ки бо нури меҳрборат шабҳои тираю торики моро равшан месозӣ.

Модар, ту офтоби дурахшонӣ, ки зиндагии моро равшан месозӣ. Модар, зиндагӣ аз ту оғоз ва дунё аз ту накҳати муаттари ту атрогин мегардад.

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,

Ҳарчи дорад ин ҷамоат аз дӯои модар аст.

Он чи дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто: зери пои модар аст.

Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар қимати ӯро хубтар дарк мекунад, зеро мисли канори биҳиштосои модар маконе дигар нест.

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,

Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати дарёи ҳиммат аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад, мо аз ӯ одамгарию ватандӯстиро меомӯзем, канори модар мактаби аввалини ҳаёти мост.

Оғӯши модар биҳишти рӯи замини фарзанд аст. Пас, биёед ба қадри ин шахси бузург ва ба мо азиз модар бирасем.

Сад сол бизиву саду як сол бизӣ,

Хандидаву болидаву хушҳол бизӣ.

Миҷгонаи ҲАЙДАР, донишҷӯи соли 1‑уми факултети химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment