Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МОДАРАМ ФАРИШТА БУД…

МОДАРАМ ФАРИШТА БУД…

by admin
561 views

Эй бародар, дори модар аз бароят давлат аст,

Дар намозаш мекунад ҳар дам дуоят давлат аст.

Гар биёӣ аз сафар меҳмон дар пушти дараш,

Лаҳзае хандида пешад мебарояд давлат аст.

Ҳар як чиз ба падару модар аз рӯзи таввалуд то дами марг ниёз дорад. Калимаи модарро натанҳо нисбат ба инсон, балки нисбат ба ҳайвон низ истифода бурда мешавад. Ҳар вақте, ки исми «модар» ба забон ё дар хаёлам меояд вуҷудамро ларза ва диламро дарди сахте фаро мегирад ва мегуям, ки «Эй худованди бузург ба ҷойи ҷони модарҷонам ҷони маро мегирифтед, ки диламро дарди сахт, вуҷудамро ларза намегирифт». Медонам, ки агар модарҷон шумо ба ҷойи ман мебудед, аз ин ҳам дарди сахтро мекашидед. Барои он ин суханҳоро мегӯям, ки «Қуввати ҷони модарон» аз қуввати ҷони фарзандон ва падарон аз як олам фарқ мекунанд, барои он, ки қуввати ҷони онҳо ба ҳамаи пастиву баландии зиндагӣ тобоваранд. Табиатан модарон меҳрубонтар пурқимматар, нозуктар ва хушбӯйтар мешаванд. Барои фарзандон бисёртар барои духтарон бӯйи модарон беҳтарин, қиматарин ва ноёбтарин атр мебошад.

Модарон фариштаи рӯйи замин, қиблагоҳи мо ва хушбахтии ҳаёти фарзандон мебошанд. Инсонҳое, ки модарашонро аз даст додаанд, шояд маро дарк намоянд. Ҳаминро ҳис мекунам, ки танҳо ҷон дораму халос ва доимо даст ба дуое мебардорам. Ба ёд меорам, ҳар гоҳе дастони модарамро дар дастам мегирифтам ва фикр мекардам, ки хушбахттарин духтари дунё ҳастам ва тамоми рӯзу соатамро бо модар мегузаронам, ҳаёти худро бе модар тассавур карда наметавонистам, бар он бовар будам, ки модарам маро ҳеҷ гоҳ тарк намекунад, вале бе модариро ман ҳис кардам. Бо гиряву нола мегӯям, ки модарон намемиранд, танҳо аз фарзандонашон дур мешаванд. Бе модар остонаи зиндагии ман нур надорад гуё фикр мекунам. Ҳар шахсе, падару модарашро рӯзе аз даст диҳад, доду фарёд мекунад, ҳатто ҷоҳил ҳам бошад. Сад афсус, ки ҳардуи онҳо то охири умрамон моро ҳамроҳӣ карда наметавонанд. Дӯстонам, дар зиндагиатон ҳеҷ вақт аз надоштани чизе манолед, доимо шукргузор бошед ва доим дар назди падару модари худ бошед. Вақте ки падару модар рафт, бо бародарону хоҳарони худ чунон самимӣ бошед, ки касе бемодариатонро ҳис накунад.

Дилфуза МАВЛОНОВА, донишҷӯи соли 3-юми факултети химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment