Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ДАРКИ ХУДШИНОСӢ  ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ НАСЛИ НАВРАС

ДАРКИ ХУДШИНОСӢ  ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ НАСЛИ НАВРАС

by admin
1302 views

«Миллате, ки арзишҳои ахлоқию маънавӣ ва ватандӯстию худшиносии миллии хешро қадр карда наметавонад, чӣ гуна метавонад қиммату манзалати арзишҳои дигар миллатро эътироф намояд?»

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он рӯзе, ки Истиқлоли давлатии хешро ба даст овардааст, ба тарбияи ахлоқию маънавӣ ва ватандӯстию худшиносии миллии насли наврас диққати махсус дода истодааст, ки ин иқдом бевосита сол то сол кишвари азизамонро ҷавону зеботар менамояд. Барои боз ҳам мустаҳкаму устувор гардидани сифати таълиму тарбия мо бояд, ки ҷаҳду талоши хирамандона намоем.

Тарбияи насли наврас дар ҷомеаи имрӯза вазифаи басо мураккабу гуногунҷанба буда, он аз давраи таввалуд сарчашма гирифта, зери таъсири омилҳои дохилию беруна то охири ҳаёт идома меёбад.

Мусалам аст, ки дар забони ҳар як тоҷику тоҷикзабонон мафҳумҳои ахлоқ, рафтору одоб, интизом, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ҳамчун арзишҳои маънавӣ садо медиҳад. Аниқтараш вақте ки сухан дар бораи одам ё шахс меравад сараввал арзишҳои маънавӣ, яъне сифатҳои ахлоқии ӯ дар назар дошта мешвад.

Ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ яке аз шуури ҷамъиятӣ буда, ба ташаккулёбии азишҳои шуури маънавии ҳар як фарди солимақл таъсир мерасонад. Дар баробари шуури ҷамъиятӣ буданаш, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ  яке аз меъёрҳои асоситарини тарбияи ахлоқӣ  ва маънавӣ ба ҳисоб меравад.

Масъалаи худшиносӣ ба тарбияи ахлоқии инсон алоқаи бевосита дорад, зеро инсоне, ки дар раванди тарбия моҳияти худшиносиро дарк карда наметавонад дар вай меъёрҳои арзишҳои ахлоқию маънавӣ пурра тараққӣ намеёбад. Дар мадди аввал ин мафҳум барои инсон шояд аҷиб намояд. Вале мафҳуми худшиносӣ танҳо номи худро донистану оилаи худро шинохтан ва ё фарзандонро ба воя расонидан нест.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки дар замонҳои қадим, инсонҳо ба масъалаи тарбияи ахлоқӣ ва ҳисси худшиносӣ диққати махсус медоданд. Барои исботи ин гуфтаҳо мисоле меорем, ки муҳтавои арзишҳои маънавии ахлоқию худшиносӣ мебошад. Ду ё се ҳазор сол пеш юнониён маъбади бузурге бино карданд, ки дар болои даромадгоҳи он бо ҳарфҳои калон калон навишта шуда буд: «Худатро бишнос!», ки ин шиор мундариҷаи ахлоқӣ дорад, яъне инсон ба воситаи ахлоқи поки худ ба рафтору кирдори худ таваҷҷӯҳ намуда, худро ба дигарон қиёс намояду баҳо диҳад, то ин ки аз ахлоқҳои бади инсони дурӣ ҷӯяд, ба монанди дурӯғ нагуфтан, касеро паст назадан, ғайбат накардан ва ғайра.

Шиори «Худро бишнос!! ё «Ахлоқи худро нигоҳ дор!» дар афкори файласуфону педагогон мавқеи махсусро пайдо кардааст, ки то ба ҳол мавриди мунозираҳои доманадор қарор дорад.

Файласуфи Юнони Қадим Суқрот чунин гуфтааст, ки насли наврасро чунон бояд тарбия намуд, ки бояд худро ҳамчун офаридаи ин ҷаҳон шиносанд ва донад, ки ӯ барои чӣ ба дунё омадааст, агар инро дар рафти тарбия дарк карда тавонист, бояд рафтору гуфтораш (ахлоқашон) мувофиқи ҳамин худшиносияш бошад.

Бадриддини Ҳилолӣ бошад, рафтору одоби неки инсониро ба гул ташбеҳ дода аст, ки ин ба ҳама хуш меояд:

Накухӯӣ аз дари раҳмат дарояд,

Чу гул ҳар ҷо, ки бошад, хуштар ояд.

Хусрави Деҳлавӣ таъкид намудааст, ки дар кадом ҳолате, ки набошем, мо бояд тарбияи ахлоқию маънавӣ ва худшиносии насли наврасро дуруст ба роҳ монем, зеро ахлоқ ва дарки худшиносӣ барои хар як фарди солимақл ҷавшан ва оина ба ҳисоб меравад. Метавон зари таъсири ин ҷавшан ва оина ба дигарон таъсири худро расонид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳамаи баромадҳояш ба тарбияи насли наврас диққат дода, насли наврасро ояндаи миллат ва системаи маорифро бошад, пояи давлату миллат шуморидааст, ки ин ҳама аз самараи истиқлол баҳри рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст.

Барои дуруст ба роҳ мондани сифати таълиму тарбия дар системаи маориф, алалхусус дар муассисаҳои таълимӣ як қатор ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ-давлатӣ аз тарафи давлат қабул карда шудааст.

Консепсияи миллии тарбия яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими давалтӣ буда, ифодагари сиёсати кунуни ва дурнамои давлат дар тарбияи ахлоқию маънавӣ ва худшиносию ватандӯстии насли наврас мебошад. Он моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ муайян намуда, нақш ва мақоми онро дар ҳар як насли навраси имрӯза ташаккул медиҳад.

Сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон тарбияи насли наврасу ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлат ва ҷомеа дониста, масъалаҳои демографӣ ва танзими оиларо хамчун омили асосии рушди ҷомеаи солим ба миён гузоштааст. Роҳу равишҳои самаранок амалӣ намудани ин супоришҳои Сарвари давлат дар Консепсия хеле равшан дарҷ гардидааст. Беҳуда намегӯянд, ки азимтарин сарвати ҳар як халқ ахлоқи маънавӣ ва ҳисси ватандӯстию худшиносии ӯ ба ҳисоб меравад.

Тарбияи арзишҳои маънавию ахлоқӣ дар илми педагогика қисми таркибӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи системаи тарбияи насли наврас ба ҳисоб меравад, ки он ба ташаккулёбии олами маънавӣ насли наврас равона карда шудааст. Мақсад ва вазифаҳои тарбияи ахлоқии насли наврасу ҷавонон аз таррафи олимони замони шӯравӣ ба таври амалию назариявӣ асоснок карда шудааст, ки ҳамаи унсурҳои тарбия дар консепсияи миллии тарбия инъикос ёфтааст.

Консепсия миллии тарбия омӯзгоронро водор менамояд, ки дар дарсҳояшон бояд ҳар чи бештар ба ин унсурҳои тарбияи миллӣ диққат диҳанд ва дар баробари дониш додани насли наврас, шахсияти онҳоро низ ташаккул диҳанд.

Дар урфият мегӯянд: «Олим шудан осон, одам шудан мушкил». Дар солҳои охир мардуми ҷахонро имрӯзҳо чунин андешаҳо ба ташвиш овардааст: «Барои чӣ пешрафти илму техника ба инсоният ба ғайр аз шароити қулай боз мушкилоти маънавӣ эчод намудааст? Чаро офариниши технологияи нав инсониятро бо хатари нобудшавӣ рӯ ба рӯ сохтааст?»

Эйнштейн сабабгори аввалини ин ҳолатҳои дахшатнокро ба костагии ахлоқи одамон мансуб медонад. Ба андешаи ӯ ҷанбаи рӯҳию маънавии ҳаёти инсон аз таҳаввул боз мондааст, ки аз як чиҳат ба пешрафти илму техника марбут мебошад.

Инсоният он арзишҳои суннатию башариеро, ки дар бораи онҳо гуманистони бузурги давраи эҳё, файласуфон, маърифатпарварон афкори ҷолиб доштанд, аз даст додааст. Ба ғайр аз ин инсон бештар боварӣ ҳосил кард, ки дар натиҷаи тараққиёти илму техника ӯ ба табиат, ҷомеа ва инчунин дар худаш метавонад дигаргуниҳоро ворид созад, аммо тафаккури технологӣ  дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт мавриди истифода қарор ёфта, ҷанбаи ахлоқии ҳаёти инсониро аз назар дур намуда истодааст. Сабабгори асосии ғайригуманистӣ шудани ҳаёти инсон ин бетараф будани волидон дар тарбияи намудани насли наврас мебошад, зеро тарбияи насли наврас аз оила сарчашма мегирад. Вале баъзан падару модарон тарбияи фарзандро танҳо вазифаи мактаб дониста, дар фикри он ҳастанд, ки наврас, ки калон шуд, бо ақлаш соҳиб шаваду он вақт метавонад ба тарбияи вай шурӯъ намояд.

Тарбияи хонандагон дар мактаб ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи ҷомеаи шаҳрвандӣ нест, зеро насли наврас дар муносибат нисбат ба ҳамдигар ва нисбат ба калонсолон беэътиноӣ зоҳир намуда, ҳангоми муносибат ба ҳиссиёт дода мешаванд. Агар ғояҳои гуманистии насли наврасро аз оила сар кунему ахлоқу ҳисси худшиносии онҳоро мустаҳкам намоем, он вақт тараққиёти илму техника ба инсон фоидаи зиёд мерасонад.

Барои ноил шудан ба тарбияи дурусти насли наврас, пеш аз ҳама шахсиятро бояд тарбия намоем. Тарбияи ахлоқӣ ва дарки ҳисси худшиносии миллӣ дар ниҳоди насли наврас хислатҳои башардӯстӣ, доштани муносибати хуб бо волидон, хешу табор, омӯзгорон, ҳамсинфон ва нисбат ба халқу миллати худ ва дигар миллатҳо пайдо мекунад. Ҳар як хатмкунандаи мактаб бояд ба ғайр аз дониши хуби фанҳои таълимӣ доштанаш дорои сифатҳои бехтарини инсонӣ бошад.

Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,

Бинеҳ бар сар, бирав, ҳар ҷо ки хоҳӣ.

Вазифа ва масъулияти муаллимон имрӯзҳо бештар шуда истодааст, дигар наметавон бо равишҳои суннатию қадимӣ тарбияи насли наврасро ба сӯи пеш равнақ диҳем. Имрӯз дар мактаб дониши хонанда мавқеи асосӣ  гирифтааст, на шахсияти ӯ. Хонанда илмро аз худ менамояд, лекин дар аксари мавридҳо барои фикри худро озодона баён кардан душворӣ мекашад. Хонандаи мо чи дар давраи мактабхонӣ ва чи баъди хатми мактаб дониши гирифтаашро дар ҳаёт истифода бурда наметавонад. Агар мо дар хонандагон тарбияи ахлоқи зебопарастӣ, мехнатдӯстӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ, хештаншиносӣ, инсондӯстӣ, ифтихори миллӣ ва маъсулиятшиносиро напарварем, ҷомеаи мо ҳамқадами ҷомеаи башарӣ шуда наметавонад.

Аз муаллимон талаб карда мешавад, ки вай ҳамқадами замон бошад, зеро ки ҷаҳони имрӯза воридоти бузурги ахборотдиҳӣ аст. Маҳз муаллим бояд онро ба хонандагон омӯзонад, то ки ахборро истифода бурда тавонанд. Бо рафтори худ аз истифодабарии илму техника ва илмҳои замонавӣ ба хонандагон намунаи ибрат бошад, то ки онхо низ мафҳуми асосии илму техникаро дарк карда дар ҳаёти худ аз он оқилона ва ба нафъи ҷомеа истифода бурда тавонанд. Аниқтараш муаллими асри ХХI бояд худшинос, масъулиятшинос, гуманист ва иттилоотчӣ бошад.

Барои ташкил намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ моро месазад, ки даст ба даст шуда, аз як гиребон сар барорему дар тарбияи ахлоқӣ ва худшиносии насли наврас камари ҳиммат бандем. Албатта, дар пешрафти тарбия на танҳо омӯзгорон, балки саҳми кулли шаҳрвандон метавонад Тоҷикистони ҷавонро боз ҳам ҷавонтар намояд.

Гулрӯи СУҲРОБ, саромӯзгори кафедраи педагогика

Related Articles

Leave a Comment