Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ШАМАИ АЗ РӮЗГОРИ ПРОФЕССОР АБДУЛЛОЕВ МАҲМУД ХОЛОВИЧ

ШАМАИ АЗ РӮЗГОРИ ПРОФЕССОР АБДУЛЛОЕВ МАҲМУД ХОЛОВИЧ

by admin
300 views

(Бахшида ба 50-солагии фаъолияти меҳнатӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ)

Маҳмуд Холович Абдуллоев 1-уми сентябри 1948 дар деҳаи зебоманзари Де(ҳ)дарозаки ноҳияи Шӯроободи (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқони хокпош чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падари бузургвораш (амаки Холаҳмад Абдуллоев) ва модари азизу меҳрубонаш (холаи Рӯзигул Сафарова) – фарзандони деҳаи Калоти ёрони собиқ ноҳияи Сарихосор будаанд. Хонаводаи Абдуллоевҳо солҳои сиюми асри ХХ, аввал, ба ноҳияи Восеъ ва баъдан, ба деҳаи Де(ҳ)дарозаки собиқ ноҳияи Москва (баъдҳо Шӯрообод, Шамсиддин Шоҳин) кӯч бастаанд. Дар ҳамон солҳо онҳо узви колхози ба номи Г. М. Димитров гардида, чун колхозчии фаъоли он ранҷу заҳмат кашида умр ба сар бурдаанд. Сипас, соли 1959 бо мақсади соҳибмаълумот гаштани фарзандонашон амаки Холаҳмад аз деҳаи номбурда ба шаҳри Кӯлоб кӯчидаанд.

Маҳмуди хурдсол то ба шаҳри Кӯлоб кӯч бастан (1959) дар мактаби ибтидоии деҳа таҳсил менамояд. Вақте ки аҳли оила ба шаҳри Кӯлоб мекӯчанд, вай таҳсили худро дар мактаби №5-и Кӯлоб давом медиҳад.

Моҳи январи соли 1960 таҳсилро дар мактаб-интернати овозадори “Коммунизм”-и деҳаи Саричашма идома дода, соли 1966 онро бо муваффақият хатм намудааст. Худи ҳамон сол ӯ ба факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ) дохил мешавад. Пас аз чор сол таҳсилро дар донишкадаи мазкур бо комёбӣ анҷом медиҳад.

Баъди хатми донишкада бо роҳхати Вазорати маорифи халқи ҷумҳурӣ мавсуф ба мактаби миёнаи №7 (ҳоло муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7) шаҳри Кӯлоб фиристода мешавад. Ӯ дар ин мактаб аз моҳи август то моҳи ноябри соли 1970 дар вазифаи муаллими забон ва адабиёти рус кору фаъолият менамояд, вале моҳи ноябри соли 1970 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъват карда мешавад. Дар давоми хизмати ҳарбӣ вай ба сафи ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дохил мешавад. Пас аз адои сарбаландонаи хизмати Модар-Ватан М.Х.Абдуллоев моҳи декабри соли 1971 ба кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба ҳайси муаллим даъват мегардад ва аз ҳамон сол инҷониб дар вазифаҳои гуногун фаъолияти босамар дорад.

Перомуни омилҳои аз таълими фанни забон ва адабиёти рус даст кашидан ва рӯй овардани Маҳмуд Холович ба илми таърихшиносӣ низ сухане чанд ба хонандаи гиромӣ бояд арз кард.

Дар солҳои донишҷӯии мо, аз ҷумла профессор М.Х.Абдуллоев (солҳои 60-уми садаи ХХ) дар толори хониши донишгоҳ (дар он солҳо донишкада) барои хоҳишмандон ҷойи нишаст ба донишҷӯён басанда набуд. Маҳз ҳирси баланди донишандӯзӣ бархе аз донишҷӯёни ҳамон солҳоро ба шоҳроҳи илму фарҳанг ва маърифат ҳидоят намуд, ки мавсуф ҳам аз ин бенасиб намондааст.

Ҷойи ёдоварист, ки аксари донишҷӯёни солҳои мавриди назар ба маҳфилҳои илмии кафедраҳои тахассусӣ ва ҷомеашиносӣ ҷалб карда мешуданд ва онҳо конспект кардани адабиёти илмӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, навиштани тақризу аннотатсия ба мақолаву маърӯзаҳо барои конфронсҳои илмӣ-назариявӣ, маҳфилҳо ва семинарҳои махсус, корҳои курсиву дипломӣ, рефератҳо, фишурдаҳо ва ғайраро ғайратмандона меомӯхтанд ва ба даврҳои якум ва дуюми озмунҳои “Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ-техникӣ”, “Барои беҳтарин кори илмии донишҷӯ” оид ба илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва гуманитарӣ ширкати фаъолона доштанд. Чунин чорабиниҳо донишҷӯёнро водор мекарданд, ки ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо шавқу ҳаваси беандоза иштирок намоянд.

Персонажи мақолаи мо низ аз соли аввали таҳсил дар донишгоҳ узви фаъоли маҳфилҳои таърихи ҲКИШ, забони русӣ ва адабиёти рус ба шумор мерафт ва мунтазам дар ҷамъомадҳои онҳо ширкат меварзид.

Пӯшида нест, ки дар тарғиби ин ё он фанни таълимӣ ва раҳнамоӣ ба шоҳроҳи илму маърифат нақши омӯзгор ниҳоят бузург аст. Бавижа, барои М.Х.Абдуллоев дарсҳои профессори зиндаёд Темур Каримов аз фанни таърихи ҲКИШ хеле мақбул ва диққатҷалбкунанда буданд, зеро эшон дар дарсаш “шираи мавзӯъ”-ро мегуфтанд ва аз шогирдон ҳам онро талаб мекарданд. Хушбахтона, М.Х.Абдуллоев имконоти мавҷудаи донишгоҳро самаранок истифода бурда, аз устодони мушфиқу меҳрубон профессор Темур Каримов, Абдулло Раҳимов, Хушвахт Ғафуров, саромӯзгор Ҳусейн Боғиров, Ашраф Сиддиқов (Ёдашон ба хайр… ), дотсент Достӣ Шарифов сабақи хуб гирифта, ба илми таърихшиносӣ шавқу ҳаваси бештаре пайдо кард. Биноан, фикр мекунам, ки омили нахустини ба баҳри бекарони таърих ғӯтавар гардидани М.Х.Абдуллоев маҳз ҳамин устодони сахтгир буданд.

Омили дигари рӯй овардани М.Х.Абдуллоев ба таърих ва пажӯҳиши он бидуни шубҳа таҳсил дар курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони мактабҳои олии Иттиҳоди Шӯравӣ (солҳои 1972, 1976 ва 1986) дар Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон (Тошканд) ва Донишгоҳи давлатии Беларус (Минск) мебошад. Маҳз шиносоӣ дар он ҷо ба олимони забардасту нозукбин, академикҳои маъруфу забардаст, профессорону докторони шуҳратманд, шахсиятҳои бузургу нотакрор, котибони варзидаи ҳизбӣ, китобхонаҳои бою ғании донишгоҳҳои шаҳрҳои мазкур, навиштани реферату маърӯзаҳо меҳру муҳаббат ва шавқу рағбати ӯро ба илму дониш дучанд менамоянд.

Ба андешаи мо, севумин омили ҷиддан ворид шудани М.Х.Абдуллоев ба илми таърихшиносӣ комгорӣ ба номи пуршарафи аспиранти назди кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ва роҳбарии ӯро яке аз донишмандони ҷасуру тавоно ва бонуфузу серталаб, муовини ректори ҳамин донишгоҳ оид ба илм, доктори илмҳои таърих, профессор Моёншо Назаршоев ба уҳда мегирад. Ҷойи зикр аст, ки ба талаботу серталабии устоди зиндаёд Моёншо Назаршоев ҳар аспирант тоб оварда наметавонист. Ӯ доиман аз шогирди худ боисрор талаб мекард, ки бештар адабиёти илмӣ, қарорҳо ва ҳуҷҷату санадҳои Ҳукумати шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро бобати соҳаи маориф ва мактабҳои маълумоти умумиро аз бойгониҳои Кумитаи марказии ҲКТ ва Вазорати маорифи халқи Тоҷикистон дарёфт ва мутолиа намояд, то ки рисолаи номзадиро пеш аз муҳлати муқарраршуда дифоъ намояд. Билохира, соли 1982 Маҳмуд Холович рисолаи номзадии хешро бо унвони “Фаъолияти Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон оид ба минбаъда инкишоф додани мактаби маълумоти умумӣ дар ҷумҳурӣ”дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон муваффақона ҳимоя кард. Ҳамин буд, ки устоди зиндаёд М.Назаршоев Маҳмудро чун фарзанди худ хеле дӯст медошт ва эҳтиром мекард.

Омили чоруми ба майдони илми таърихшиносӣ гом бардоштани Маҳмуд Холович, пеш аз ҳама, хираду заковати азалӣ, панду насиҳат ва эътимоди падари саховатмандаш буд.

Чунинанд омилҳои умдае, ки профессор М.Х.Абдуллоевро аз ихтисоси дар аввал интихобкардааш – “муаллими забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ” дур карданд ва ӯ рӯй ба илми беканори таърих ниҳод. Ин амали мавсуф ҳодисаи муқаррарӣ буда, бисёр хатмкардагони мактабҳои олии кишвар алҳол ҳам тағйири ихтисоси аввала намуда, даст ба дигар илмҳо: сиёсатшиносӣ, фалсафа, ҷомеашиносӣ, иқтисоди сиёсӣ, равоншиносӣ, педагогика ва ғайра зада, ба дараҷа ва унвонҳои баланди илмӣ ноил гардидаанд.

Соли 1977 ӯ ба аспирантураи назди кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1980 бо муваффақият хатм менамояд. Соли 1982 ӯ зери роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессор М.Н. Назаршоев дар шаҳри Алмаато дар мавзӯи “Фаъолияти Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон оид ба минбаъда инкишоф додани мактаби маълумоти умумӣ дар ҷумҳурӣ” рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, аз соли 1980 дар вазифаҳои муаллим, саромӯзгор, дотсенти (1985) кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб кор кардааст. Аз ҷумла, мавсуф дар вазифаҳои ҷонишини декани факултаи таърих ва филологияи тоҷик (1994-2002), мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик ва назарияи иқтисод (2002-2008), декани факултаи таърих ва ҳуқуқ (апрели 2008 – ноябри 2008), мудири кафедраи таърихи умумӣ ва методикаи таълими он (2008-2009), мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқи (2009-2013) Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ба уҳда дошт.

Хушбахт инсонест, ки фаъолияти илмию тадқиқотиашро ба касбу кораш ҳамрадиф месозад. А.Х.Абдуллоев дар радифи ҷараёни фаъолияти омӯзгорӣ дар донишгоҳ инчунин ба таҳқиқи масоили мубрами маорифу маорифпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста машғул буд. Соли 2012 дар мавзӯи “Маорифи халқи Тоҷикистон дар солҳои 60-80-уми асри ХХ: таърих ва проблемаҳои рушд” рисолаи докторӣ дифоъ намуда, хушбахтона, сазовори дараҷаи илмии доктори илмҳои таърих гардид. Ҳоло ӯ профессори кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад ва таҳти роҳбарии ӯ чор нафар унвонҷӯён рисолаи номзадӣ дифоъ намуда ва ду нафари дигарашон дар арафаи ҳимоя қарор доранд.

Ошноии муаллифи ин сатрҳо бо Маҳмуд Холович хеле барвақт – аз солҳои донишҷӯӣ ба вуқӯъ пайваста бошад ҳам, хислатҳои наҷиби ҷавонмардона ва меҳрубононаашро ҳангоми дар факултаи забон ва адабиёти тоҷик (баъдтар таърих ва филологияи тоҷик) ҳамроҳ кор кардан барои худ кашф кардам.

Яке аз сифатҳои беҳтарини Маҳмуд Холович ин аст, ки вай омӯзгори ниҳоят серталаб, ҳақиқатҷӯ, одил ва боинсоф аст. Чунончи, бе конспекти дарсҳои лексионӣ, машғулиятҳои амалӣ ва адабиёти илмии ҳатмӣ ҳаргиз ба донишҷӯ баҳои мусбат намегузорад, хоҳишу илтимоси касеро барои донишҷӯи нодону танбал ҳеҷ гоҳ иҷро намекунад. Ӯ инсони якрӯ буда, одамони дурӯяро асло дӯст намедорад. Аз рӯи вазифа банда ҳамчун ҷонишини декани факулта оид ба таълим ба дарсҳои ӯ борҳо иштирок кардаам. Мутобиқи ҷадвали дарсҳо аксари машғулиятҳои лексиониашро аз фанҳои ҲКИШ ва баъдтар таърихи халқи тоҷик дар толори воситаҳои техникии таълим (ВТТ)-и бинои факултаҳои филологияи тоҷик ва омӯзгорӣ барои донишҷӯёни курсҳои якуми ду-се факулта якҷо мегузаронид, ки беш аз 150 нафар дар он ҷо ҷой мегирифтанд. Дар дарсаш ҳатто пашша пар намезанад, ки чунин ҳолату вазъият на ба ҳар омӯзгор даст медиҳад. Фикр мекунам, ки ин ҳама ба ҷиддият, дониши комил, маҳорати баланди дарсгӯӣ, серталабию сахтгирӣ, иштироки сад дар сади толибилмон дар дарс ва эҳтироми шогирдон ба устод вобастагии зич дорад.

Боре ҳам надидаам, ки Маҳмуд Холович дер ва ё бе матни лексия ба дарс ворид шуда бошад. Дарс барояш як рукни муҳимми муқаддасоти устодию омӯзгорӣ ва омили асосии донишандӯзӣ ба шумор меравад. Тарзи лексияхонии ӯ хеле ҷолиб буда, ба мисли профессорони мактабҳои олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ лексия мехонад ва матни мавзӯи барои як дарс тайёркардаашро пурра фаҳмонида ба охир мерасонад ва ҳатто барои саволу ҷавоб низ вақт ҷудо менамояд. Дарсҳои устод ба шунавандагон дастрас ва фаҳмо буда, онҳо ҳам дар навбати худ гуфтаҳои омӯзгорро барои худашон менависанд.

Омӯзгори асил барои донишҷӯ аз ҳар ҷиҳат – кирдор, гуфтор, рафтор, муошират, муомила ва либоспӯшӣ бояд намунаи ибрат бошад. Дар воқеъ, Маҳмуд Холович омӯзгорест, ки дорои ҳамин гуна хислатҳост. Вай тарзи либоспӯшии ба худ хос дошта, барои шогирдон ва омӯзгорони ҷавон шоистаи намуна ва тақлид мебошад. Ҳамеша Маҳмуд Холович либосҳои тозаву озодаро ба бар мекунад.

М. Х. Абдуллоев дар роҳбарӣ ҳам масъулиятшинос ва ҷасуру бебок аст. Ӯ аз соли 1994 то соли 2002 дар факултаи таърих ва филологияи тоҷик ҷонишини декан оид ба таълим ва чанд муддат пеш аз ин ҳамчун коммунисти матин роҳбарии сиёсии баъзе факултаҳоро низ ба уҳда дошт. Дар ин ҷода ҳам сахтгиру серталаб ва беназир аст, иҷрои фармоишу супоришҳояшро пайваста зери назорати қатъӣ қарор медиҳад ва нафаре ҳам аз иҷрои онҳо сар намепечад. Ҳамин буд, ки Маҳмуд Холович дар гуфтушунидҳои ғайрирасмии тоҷикон оид ба созишномаи Сулҳ дар шаҳрҳои Душанбе (1994-1995) ва Санкт-Петербург (1997) иштирок кард. Ҳоло гумон мекунам, маъмурият ва муаллимони онвақтаи мактаб-интернати “Коммунизм”-и деҳаи Саричашма дастпарвардони худро дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ ва ростқавлӣ парвариш мекардаанд. Аҳсант ба ҳамаи онҳо! Маҳмуд Холович низ аз зумраи дастпарвардони ҳамин таълимгоҳ мебошад.

Тавре ки дар боло зикр ёфт, Маҳмуд Холович донишманди тавонову қавииродаест, ки ҳатто пас аз дарёфти дараҷаи илмии номзади илм зери роҳбарии профессор Моёншо Назаршоев тадқиқот ва ҷустҷӯҳои илмии хешро қатъ накард, баръакс, мавзӯи илмиашро роҷеъ ба мактабу маорифи ҷумҳурӣ тавсеа ва инкишоф дода, билохира, соли 2012 сазовори баландтарин унвони илмӣ барои омӯзгорони мактабҳои олӣ – профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ интихоб гашт. Аз ин кори хайри ӯ на фақат аҳли оила, наздикону хешовандон, дӯстону ҳамкорон ва шогирдон, балки арвоҳи бузурги падару модари ӯ низ, ки деҳқонзодаи хокпоши қаторие аз кӯҳистони Сари Хосор буданд, шод гардиданд.

Маҳмуд Холович инсони мушоҳидакору тарфандеш аст. Ин хислатҳои нек, аз як сӯй, ба қобилияти асливу фитрӣ, тарбияи падару модар ва муҳит вобаста бошад, аз дигар сӯй, ба мутолиаи ҳаррӯзаи адабиёти илмӣ, асарҳои бадеӣ, очеркҳо, хотираҳо, ёддоштҳои шахсиятҳои бузурги ватанию хориҷӣ ва тамошои барномаҳои сиёсии телевизионӣ ва филмномаҳои ҳунарӣ ба даст омадаанд. Ӯ дар кадом ҳолату вазъият аз кор ба хона баргардад, ҳатман ба китобхона – утоқи кории худ даромада, беш аз се-чор соат ба мутолиаи китоб мепардозад. Ин амал ба ӯ одат шудааст. Чӣ ҷойи пинҳон доштан вай китобхонаи хеле бой ҳам дорад, ки дар он китобҳои нодиртарин ҷамъ оварда шудаанд.

Аҳли илм Маҳмуд Холович Абдуллоевро ҳамчун донишманди барҷаста ва пажӯҳишгари асилу чирадаст дар кишвари азизамон ва берун аз он бо рисолаҳои илмӣ, асару мақолаҳои илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавиаш хуб мешиносад. Табъу нашри 10 монография ва беш аз 140 мақолаи илмии ӯ ба масъалаҳои мактабу маорифи ҷумҳурии азизамон бахшида шудаанд: “Маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 60-80 асри ХХ”. –Душанбе, 2012 (бо забони русӣ), “Маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (солҳои 60–80-уми асри ХХ): таърих ва воқеият. –Душанбе, 2015, “Аз таърихи мактабҳои шӯравӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1959-1970)”. –Душанбе, 2010, “Аз таърихи мактабҳои маълумоти умумӣ дар Тоҷикистони шӯравӣ”. –Душанбе, 2013, “Аз таърихи мактаб-интернати ба номи “Коммунизми” деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод”.–Душанбе, 2015, “Ислоҳот ва рушди маорифи Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ”. –Душанбе, 2016, “Мақоми маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол”. –Душанбе, 2011, “Аз таърихи мухтасари мактабҳои шӯравӣ дар Кӯлоб”, –Душанбе, 2007, “Бозсозӣ ва маориф”. –Душанбе, 1992, “Гулбоғи маърифат”.-Душанбе, 2019, “Таърихи сиёсии оштии миллӣ”.-Кӯлоб, 2020 ва ғайра.

Давлат ва Ҳукумати кишвар фаъолияти омӯзгорӣ, илмӣ, ҷамъиятӣ ва хизматҳои шоёни М.Х. Абдуллоевро ба эътибор гирифта, ӯро бо чандин мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидаанд: Ифтихорномаҳои КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1985), Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011), Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2013).

Маҳмуд Холович Абдуллоев оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад. Завҷаи меҳрубонаш Робиямоҳ Сафаралиева муаллимаи категорияи олӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик буда, аз соли 1972 то соли 2020 ба фарзандони халқ таълиму тарбия додааст. Аз соли 2020 инҷониб нафақахӯр аст. Фарзандони онҳо соҳиби таҳсилоти олии касбӣ мебошанд.

Ғоиб Мирзоев, номзади илми филология, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment