Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2.08.2011, №762), «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (3.03.2006 №94), Консипсияи миллии таҳсилоти инклюзивӣ (фарогир) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 ба тасвиб расид. Инчунин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2011, таҳти №228 тасдиқ шудааст.
Дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ва ба таълим фаро гирифтани бачагони маҳдудияти ҷисмонӣ, қафомонии ақлонӣ, ноқисии биноию шунавоидошта чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Аз ҷумла, бобати баланд бардоштани таълиму тарбияи бачагон вазифаи падару модарон, муаллимон, ӯҳдадориҳои онҳоро дар назди ҷомеа ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ба таври мушаххас муваззаф намуд, ки минбаъд ба таълиму тарбияи фарзандон диққати зарурӣ андешанд. Ҳамчунин, ба таълим фаро гирифтани кӯдакони 6-7 сола, ки маҳдудияти ҷисмонӣ, қафомонии мувақатии ҷисмонию рӯҳӣ доранд, барои солимгардонии онҳо дар муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявӣ машғулиятҳои махсус ба роҳ монда шуда, барои ташаккули қобилияти зеҳнию ақлонияшон чораҳои мушаххас бурда мешаванд. Вобаста ба ин бачагони норасоии узвҳои биноӣ, шунавоӣ ва аз ҷиҳати ақлонӣ суст тараққикарда дар муассисаҳои махсуси таълимӣ барои бартараф намудани иллатҳои ҷойдошта машғулиятҳои назариявию амалӣ ва маҷмӯи чораҳои ташхисию психологӣ гузаронида мешавад.
Дар ҷумҳурӣ ислоҳоти соҳаи маориф гузаронида шудааст ва ин ислоҳот системаи маорифро пурра фаро мегирад. Мувофиқи Консепсияи мактаби миллии тоҷик ислоҳот дар мактаби олӣ ду зинаи таълимиро дар бар мегирад: зинаи бакалавр ва мигистратура. Барои тадбиқи амалии таълими дузинагӣ, пеш аз ҳама зарур аст, ки китобҳои дарсӣ, монография, дастурҳои таълимӣ ва методӣ аз нав таҳия ва таълиф карда шаванд. Махсусан, барои пурсамар тайёр кардани мутахассисони соҳаи иҷтимоӣ зарур аст, ки дар шууру ҳиссиёти мутахассисони оянда оид ба асосҳои назариявию методологии кормандони соҳаи педагогика заминаи илмӣ фароҳам оварда, онҳоро бо мафҳумҳо, принсипҳо ва методҳои таълими инклюзивӣ (фарогир) шинос намоем.
Дар даҳсолаҳои охир шумораи шахсони аз ҷиҳати фикрӣ қафомонда ва дорои ноқисиҳои узвидошта зиёд шудааст. Ин дар навбати худ барои батанзимдарорӣ ва ислоҳи норасоиҳои бачагон дониш ва маълумоти махсуси соҳавиро талаб менамояд. Татбиқи талаботи педагогии таълими инклюзивӣ (фарогир) бештар қимати амалӣ дошта, барои ҳалли амалии масъалаҳои коррексионӣ – ислоҳдарорӣ зарур аст.
Аз як тараф муаққиқони ҳозиразамон қайд менамоянд, ки таълими инклюзивӣ (фарогир), асосан бо соҳаи илмҳои бунёдӣ (фудаменталӣ) ва аз тарафи дигар ба системаи илмҳои психологӣ, педагогӣ бо монанди олигофренопедагогика, сурдопедагогика, психологияи педагогӣ психологияи умумӣ, сурдопсихология, психологияи дефференсиалӣ ва ғайра дохил мешавад.
Дар зери мафҳуми шароити номусоиди психикӣ бачагон аз ҷиҳати рушди психикӣ суст тараққӣ карда ва аз ҷиҳати тараққиёти фикрӣ қафо мемонанд, ноқисиҳои биноию шунавоӣ ва нутқӣ доранд, ки дар маҷмӯъ олимон чунин норасоии қафонии зеҳнию ақлонӣ ва фикриро бо мафҳуми дизонтогния ишора менамоянд. Яъне, бачагон аз ҷиҳати генетикӣ, ирсӣ дар батни модар ва ё баъди таваллуд осебҳои гуногуни ҷисмонию рӯҳӣ бардошта, аз муътадил инкишофёбӣ қафо мондаанд. Аз ҷиҳати психикӣ иллат пайдо кардани бачагон дар рафти фаъолияти амалӣ муайян карда шуда ва барои ислоҳи онҳо чораҳои педагогию психологӣ андешидан зарур аст. Ин норасоии психикӣ дар фаъолияти одамони муътадил ва ғайримуътадил рушдёфта ифода меёбад. Доир ба ин фикру андешаҳои гуногун Л.С. Виготский воситаи асосии қафомонии инкишофи психикиро ҳамчун як шакли беморӣ муайян карда буд ва ин таълимоти ӯ ба рушд ва суръати минбаъдаи психика таъсири манфӣ расонид. Инкишофи психикии бачагонро ҳамеша ба ин ё он намуди беморӣ мансуб донистан ҷоиз нест, зеро дар натиҷаи фароҳам овардани шароит, истифодаи тарзу воситаҳои гуногун дар рафти фаъолият ба инкишофи психикии онҳо таъсири мақсадноки педагогӣ расонидан мумкин аст. Мавзӯи омӯзиши масъалаҳои таълими инклюзивӣ (фарогир) бе ҳамгироии масъалаҳои иҷтимоӣ, педагогӣ, психологӣ, этикӣ ва ҷанбаи гуманитарӣ-инсондӯстӣ ва сари вақт расонидани ёрии тиббӣ, психологӣ, педагогӣ, нисбат ба бачагони имконияташон маҳдуд, ҳисси ҳамдардӣ, меҳрубонӣ, таваҷҷӯҳ зоҳир намудан, тасаввур кардан, имконопазир аст. Барои он, ки ин гуна кӯдакон, ба мактаб бо имкониятҳои гуногун фаро гирифта мешванд, бояд омӯзгорон бо сухани нарму гуворро, меҳрубонӣ кардан, шавқу завқи онҳоро ба таълим, зиндагӣ ва муоширати байниҳамии кӯдакон бо калонсолон зиёд намоянд. Масъалаи мазкур ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, нисбат ба кӯдакони имкониятҳои маҳдуддошта, ятимон, бекасукӯй ғамхорӣ зоҳир намуда, барои муътадил рушду нумӯъ ёфтани онҳо шароити мусоидро дар муҳити хонавода, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фароҳам овардааст.
Дар даҳсолаҳои охири асри ХХ дар бисёр мамлакатҳои дунё вобаста бо интегратсияшавӣ, муносибатҳои нави давлатдорӣ, дар ҷомеа нисбат ба бачагони маҳдудиятҳои ҷисмонидошта ва маъюбу қафомонда тағйиротҳои муҳим ба вуҷуд омаданд. Тағйиротҳои ба вуҷудомада талаб менамояд, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд, ноқисиҳои ҷисмонидошта ва аз ҷиҳати фикрӣ қафомонда аз тарзҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ бояд дур намонанд. Бачагонро аз хурдсолӣ ба фаъолияти гуногун равона сохта ба бедоршавии талабот, хоҳиш, шавқу завқ ва ҳисси боварию худшиносӣ мусоидат карда, онҳоро соҳибкасб гардонида, ба ҳаёти минбаъда тайёр намудан муҳим аст.
Бахтовар ШАРИПОВ, номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ