Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ САҲМИ ВОЛИДОН ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

САҲМИ ВОЛИДОН ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

by admin
471 views

Зиндагӣ танҳо муддате нест, ки мо умр ба сар мебарем, зиндагӣ беҳтарин устод аст, зиндагӣ мактабест пур аз илму донишу таҷриба. Инсон зиндагиро ба ҳама чиз ташбеҳ мекунанд, вале зиндагӣ ҷуз бозие дар саҳна ташбеҳи дигаре надорад. Мо инсонҳо мисли нақшофарандагонем, ки ҳар яке бо рафтору кирдори худ ҳаёти худро месозему хароб мекунем.

Зиндагии мо инсонҳо ҳам мисли ҳамон деворест, ки гар аз аввал қадаме каҷ гузорем, минбаъд ҳам таъсири худро ба ояндаи мо мегузорад. Чунон ки гуфтаанд:

Хишти аввал гар ниҳад, меьмор каҷ,

То ба охир меравад, девор каҷ.

Яъне, аз ҳоло дар фикри оянда будан лозим аст. Мо инсонҳо ҳамеша аз зиндагӣ шикоят мекунем, ки ягона сабабаш ношукр будани мост. Як файласуфи франсуз гуфтааст, ки: «Агар ба рӯи зиндагӣ табассум кунӣ, ӯ ҳам ба ту лабханд мезанад, ки метавонад тамоми вуҷудатро хандонад».

Чун мебинам, ки ҳар рӯз ба дарс меравам, хондаву навишта метавонам, зиндагии хуб дорам, хушҳолона лабханд мезанам, мефаҳмам, ки ин ҳамаро Худованд бар ман додааст, ки ягона сабабгораш ё дурусттар гӯям муҳайёкунандааш падару модарам ҳастанд.

Падару модар баъд аз Худованд беҳтарин ашхоси зиндагии ҳамаи инсонҳои рӯи замин ба ҳисоб мераванд, чунки онҳо беҳтаринанд. Волидайн барои фарзанд тамоми ҳастияшонро фидо мекунанд, то ин ки фарзандашон ҳамеша дар нозу неъмат ва бо тамоми шароитҳои хубу замонавӣ зиндагӣ кунанд.

Тамоми педагогҳо, файласуфон ва олимону ходимони чи диниву чи дунявӣ дар бораи бузургию меҳрубонии падару модар сухан гуфтаанд, заҳматҳои ононро рӯи қоғаз навиштаанд, вале касе то ба ҳол сабаби ин ҳама ҷонфидоиҳоро арз накардааст, чун ягона сабаби ин ҳама лутфу марҳамат дили покест, ки волидайн доро мебошанд.

Як файласуфе гуфта буд, ки «Ҳатто бадтарину пасттарин одамони рӯи заминро ҳангоми хубию меҳрубони дарёфтам ва ҳайрон шудам, ки чӣ хел ин ғайриимкон буд, вале…. Пас, фаҳмидам, ки он бадтарин зани дунё модар шудааст, ё он пасттарин марди дунё ҳисси падар буданро эҳсос кардааст». Дар ҳамин гуфтаи худ ин файласуф зикр кардааст, ки «падару модар нисбат ба фарзанд, кинаю адоват ё бухлу беиззати намешиносанд, онҳо худро кар мепиндоранд, кӯр меҳисобанд, вале гуноҳу айби фарзандро намебинанд».

Вақте аз ман пурсиданд: Идеалат кист?

Ман рӯзҳои дароз фикр кардам, «ман кадом шоирро зиёдтар дӯст медорам, либоспӯшии кадом модел ба ман маъқул аст, қаҳрамониҳои киро зиёдтар меписандам ва ғайра» ва вақте хулоса баровардам, дидам, ки падару модарам беҳтарин шоирони дунё ҳастанд, бо меҳрубониҳову суханони ширинашон, падару модарам зеботарин моделҳои саҳнаи дунё ҳастанд ба ҳама доногию ақлу хирадашон, падару модарам беҳтарину ҷасуртарин қаҳрамонҳо ҳастанд, чун бо тамоми амалҳои зишт ва гуноҳҳое, ки мо мекунем онҳо мебахшанд, ин худ беҳтарин қаҳрамонист.

Аз ин лиҳоз, саҳми падару модар дар ташаккулёбии ҳам ақлию ҳам ҷисмонии фарзандон беҳаду канор аст.     

Муҳтарамаи Зиёвуддин, донишҷӯи соли 2-юми факултети филологияи хориҷӣ

Related Articles

Leave a Comment