Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОШЕЪРИ РӮЗ МАРСИЯ

МАРСИЯ

by admin
936 views

УБАЙДУЛЛОИ АБДУСАМАД

(дар сӯгвории дӯсти зиндаёдам Қурбонов Хуршед)

Ҷисмат андар зери хоку чеҳраат дар ёди мо,

Беҳтарин дӯсту бародар, беҳтарин устоди мо.

Дар фироқат ин дили мо, лаҳзае ором нест,

Бишнавад кош ин фалак, фарёди бефарёди мо.

Рӯзи равшан тира шуд, гармӣ надорад офтоб,

«Оҳ, Хуршедҷони ман!» мегуфт модар беҳисоб.

Гиряи ёру бародар, нолаи фарзанду зан,

Ашки чашми хоҳарон шуд бо фалак ҳампечутоб.

«Кори ту талқину такрор буду илм омӯхтан»,

Бештар дар зиндагӣ ҳамроз будӣ бо китоб.

Нур андар чеҳраи покаш ҳувайдо буду рафт,                                                                                 

Дар суханҳоят ҳазорон маънӣ пайдо буду рафт.

Бар китобу дафтару авроқу бар килку қалам,

Оҳ, Хуршедҷони мо ошиқу шайдо буду рафт

Меравад Хуршеди мо, гӯед дӯстон, алвидоъ,

Канда шуд як шохаи гул аз гулистон, алвидоъ!

Дар ҳақаш фотиҳа хонед, то бувад роҳаш сафед,

Ӯ шитобон меравад сӯи гӯристон, алвидоъ.

Ёд ояд чеҳрааш гар, дида пурнам мешавад,

Қалби ғамноки маро боз андӯҳе зам мешавад.

Ин чӣ роз аст, ин чӣ сиру ин чӣ асрор, эй аҷал?

Ё, чунин аст қисмати инсон аз рӯзи азал?

Бо ҳазорон ормоне меравад бар зери хок,

Лаззате аз зиндагӣ нодида мегардад ҳалок.

Гоҳ шодӣ, гоҳ мотам, гоҳ ранҷу гоҳ дард,

Гаҳ висоли дӯстон, гаҳ ҳаҷру гаҳ сӯзи фироқ.

Гаҳ садои ханда ояд аз замири кӯдакон,

Гаҳ садои гиряе мепечад андар осмон.

Ҳарчи бошад, ё набошад, қисмати инсонӣ аст,

Шиквагӯиҳои инсон ҷумла аз нодонӣ аст.

Қисмати Хуршеди мо ин буд аз рӯзи азал,

Шуд насибаш андарин айём марги бемаҳал,

Ман ба хоки тира гӯям бо дили дардошно,

Нӯри чашми мост, к-андар оғӯшат бигирифтаӣ.

Гавҳареро, ки ба ту додем медораш азиз,

Офарин, гар ин суханро дар гӯшат бигрифтаӣ.

Шод рӯҳаш, бод обод хонаи охираташ,

«Эй Худовандо! Ато кун, раҳмату мағфираташ».

Ҷаннати ҷовид бошад, ҷои Хуршедҷони мо,

Дар намозу саҷда гӯем дар ҳақаш доим дуо.

Related Articles

Leave a Comment