Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ АГАР ГӮЯМ, КИ НОМАТ ДАР ФАЛАКҲО ҶОСТ, МЕАРЗӢ!

АГАР ГӮЯМ, КИ НОМАТ ДАР ФАЛАКҲО ҶОСТ, МЕАРЗӢ!

by admin
260 views

Агар гӯям, ки номат дар фалакҳо ҷост, меарзӣ,

Агар гӯям, ки илмат ганҷи беҳамтост, меарзӣ

Агар гӯям, ки ҳарфат гавҳвру тиллост, меарзӣ,

Бигӯям сурататро зиннати дунёст, меарзӣ,

Бигӯям сиратат бо ҳастият зебост, меарзӣ,

Дар баробари ҳайсият ва шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навиштан кори осон нест. Зиндагӣ, корнома ва фаъолияти рӯзмарраи ин чеҳраи пешгому пештоз ва қосиди сулҳу ваҳдати миллӣ дар даҳҳо китобҳои хурду бузург инъикос гардида аст. Маҳз натиҷаи ин кӯшишҳо ва аз худ гузаштанҳо буд, ки Парлумони мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат”-ро қабул намуд. Ва инак, 16-уми ноябр, минбаъд ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Роҳи тайкардаи Пешвои миллат тӯли ин солҳо росту ҳамвор набуд.

Хатар ба ҷисму ҷон дар каф ӯба сӯйи қуллаи мурод-таъмини осоиштагӣ ва сулҳу салоҳ дар сартосари Тоҷикистон мудом ҳаракат мекард. Мардум мехостанд дар кӯчаю хонаҳояшон дигар садои тиру туфанг ва гиряи модарону нолаи фарзандони падаргумкарда баланд нагардад. Дар симои Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик наҷотбахши худро дарёфтанд, ки ҳастии худро аз Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ барои Ватани маҳбуби худ бахшид.

Дар он Иҷлосияи воқеан таърихӣ қарор шуд, ки бо конститутсияи кишвар тағйирот ворид гардад. Бо пешниҳоди вакилони халқӣ, вакили мардумӣ, раиси комиҷроияи вилояти ҳамонвақтаи Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва бо гирифтани 186 овоз (аз 197 вакил) раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд. Даъвату баромади Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз ёдамон ҳаст: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард ва тарафдори давлати демокративу ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд бародар бошем то вазъиятро ором намоем”. Вакилон аъзои ҳукумат, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Шӯрои Олиро интихоб карданд.

Таърих гувоҳ аст — ҳангоми пешбарӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда на ҳамаи номзадҳо розӣ мешуданд, ки бори масъулияти раисиро бар дӯш бигиранд ва борҳо низ Пешвои миллат зимни баромаду вохӯриҳои худ бо аҳли ҷомеа зикр мекарданд, ки ин тоифа ба ҳукумат эътимод надоштанд. Муҳимтарин қонунҳои даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезаҳо”, “Дар бораи авф”, “Дар бораи Парчами давлатӣ” ва ғайра қабул гардиданд, амнияти мардум таъмин шуд. Дар ин Иҷлосияи таърихӣ бештар аз 50 санадӣ меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардид, ки дар заминаи онҳо низоми ҳуқуқӣ ба мароми муайян ворид шуда, ҷиҳати таъмини осоиштагии мардум чораҳои таъхирнопазир андешида шудаанд. Дар ин хусус зиёд гуфтанд ва боз ҳам ба такрор мегӯянд. Эмомалӣ Раҳмон замоне сари қудрат омад, ки бар асари ҷанги таҳмилӣ шаҳрвандӣ Тоҷикистон талафоти зиёди молию ҷонӣ дида буд. Сангинтарин хисороти ҷани шаҳрвандӣ талафоти ҷонӣ буд, ки мутаассифона, ҷубронпазир аст.

Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки дар ин солҳои шуму бесоҳибӣ беш аз сад ҳазор нафар қурбон шуданду садҳо ҳазор нафари дигар гуреза. Зарари иқтисодӣ бошад, то ба 10 миллиард долар шуморида шуд. Дар чунин шароти вазнин, вақте ки умеди охирин фано меёфт, Эмомалӣ Раҳмон кафили сулҳу ваҳдат ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон гашт. Дар кӯчаҳои шаҳру навоҳӣ эътирозу овезаҳо, таҳдиду фишор ва хуни ҳамватанон дида мешуд. Роҳбарони давр ҳамагӣ барои наҷоти миллат дасткӯтоҳ гардиданд. Касе набуд, онҳоро дар вазъияти бӯҳрони сиёсӣ раҳнамоӣ намояд.

Бесарусомониҳои солҳои 90-ум нишон дод, ки донишу нерӯи роҳбарони давр дигар барои идораи давлатӣ кофӣ нест. Мардум ба нерӯи наву устувор ва қудратманде ниёз дошт, ки сохтори давлатиро дубора таҷдид ва халқро иттиҳод гардонад. Зарурат пеш омад, ки маҳорату ҷасорати роҳбарӣ таҷдид шуда қарорҳои фаврии дахлдор қабул гарданд. Аз фурсат истифода бурда, қувваҳои зиёду мухталиф ба майдон омаданд, ки мақсадашон ба орзуҳои халқ бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд мутобиқат намекард.

Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти мунтазами худ собит намуд, ки ӯ ғаюр, далер ва дар қабули қарорҳои муҳим қотеъ асту талошу иқдомҳояш дар зимоми давлатдорӣ ӯро ба сиёсатмадору сарвари тавоно табдил хоҳад дод.

Меҳроб ҚУДРАТЗОДА, мудири кафедраи фармакологияи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон

Related Articles

Leave a Comment