Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ҶОНФИДОИ МИЛЛАТ

ҶОНФИДОИ МИЛЛАТ

by admin
342 views

                                  Фахри тоҷик гунбади мино гирифт,

                                  Пешвояш Қаҳрамони Ваҳдат аст.

                                  Рўҳи поки Оли Сомон кард шод,

                                  Посбони рошидии Миллат аст.      

                                                                                      Усмон Олим

Баъд аз пош хурдани давлати абадқудрати Шӯравӣ ҷумҳуриҳои аъзои он пайи якдигар истиқлолияти миллии худро ба даст овардан гирифтанд. Ба тоҷикон муясар гашт, ки 9-сентиябри соли 1991 Истиқлолияти миллии худро эълон кунад, аммо истиқлоли ба осонӣ бадастомада боиси тарафкашиҳои гурӯҳҳои гуногуни сиёсии ҷумҳурӣ гардид, ки ин оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Барои баромадан аз ин ҷанги шаҳрвандӣ музокироту гуфтушунидҳои зиёди аҳамияти таърихию сиёсӣ дошта гузаронида шуд, ки дар охир некӣ бар бадӣ, сафедӣ бар сиёҳӣ ғалаба карду тоҷикон бар муқбили ҳам бархоста сари мизи гуфтушунид нишастанд. Ин мулоқоту нишастҳо байни гурӯҳҳои мухталиф ба оштии миллӣ овард, ки дар ин кори муҳими таърихию сиёсӣ нақши Пешвои миллат Президенти Ҷумҳури  Тоҷикистон муҳтарам Эмоммалӣ Раҳмон беандоза зиёд буд.  Дар он солҳои пурдаҳшату пурихтилоф Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷон дар кафи даст ба минтақаҳои ноорому даргири мамлакат ба хотири пайванд карадани риштаҳои гусастаи миллат мерафт.  Як гурӯҳ ғаразхоҳони дохиливу хориҷӣ тоҷикону Тоҷикистонро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд, ки он боиси бадбахтиҳо шуда, кинаву хусумати зиёдро ба бор овард. Дар лаҳзаҳои бисёр эҳсос ва мушкил шахсони бохираду дурандеши Ватан ба хотири имрӯзу фардои Ватану миллат тавонистанд, ки бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагӣ ба сулҳу салоҳ боёянд. Таъмини сулҳу оромӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, сарҷамъ намудани фарзандони миллати парешонгаштаро Сарвари давлатамон аз вазифаҳои наздиктарини худ мешуморид. Агарчанде дар раванди гуфтушунидҳо чӣ душманони дохилӣ ва чӣ душманони хориҷӣ фишору муқобилиятҳо нишон медоданд, вале фарзанди фарзонаи миллат, ки имрӯз бо номаш ифтихор дорем Эмомалӣ Раҳмон роҳи умедбахши гуфтушунид ва сулҳу созишро тағйир надод. Аввлин шуда ба тарафи муқобил дасти дӯстиро ба хотири бақои давлати миллиамон, фазои орому суботи сиёсии кишвар дароз намуд. Бо роҳи мусолиҳаомез ҳал намудани низоъи дохилии давлат таҷрибаву омодагии зиёдро тақозо менамуд.Ӯ бо ин кору пайкораш ба ҷаҳониён собит намуд, ки ҳомии сулҳу субот ва ваҳдати миллии тоҷикону тамоми ҷаҳониён аст.  Тоҷикону Тоҷикистонро аз вартаи ҷангу хунрезӣ ва нобудшави раҳонид, дар кишвар сулҳу субот ва ба пешрафти самтҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ замина гузоштан, нуфӯзи тоҷиконоро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштан дар он лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз кори  саҳлу осон набуд.

Арчи сулҳу оштӣ осон набуд,

Азми эшон роҳи ҳалли он биёфт.

Баъди имзои китоби оштӣ,

Рўи роҳи тоҷикон Хуршед тофт.

Ҷонбозиҳо ва талошҳои роҳбари хирадманди Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сулҳу ваҳдат, оштӣ ва аз бурҳони азими сиёсиву иқтисодӣ баровардани Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Инак, бо гузашти солҳо ҳаёт ва таҷрибаи рӯзгор нишон дод, ки роҳи пешгирифтаи Роҳбари сиёсии кишвар дар ҳамаи самтҳои ҷомеа ва бахусус самти сиёсӣ роҳи дуруст ва бебозгашт аст. Ором будани вазъи сиёсии кишвар, баланд бардоштани ҳувияти милливу сатҳи иҷтимоии мардум гувоҳи онанд, ки ҷомеаву давлат рӯ ба инкишоф овардааст. Махсусан дастурҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин рӯ овардан ба мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони ҷавон мебошад. Роҳбари давлат ҳамавақт таъкид месозад, ки дар тайёр намудани кадрҳои баландихтиссос аҳамияти ҷиддӣ бояд дод. Онҳоро ба забономузӣ ва дар ҳар соҳаи интихобкарадаи худ омода намуд.

Имрӯз мо бояд шукрона аз оромию сулҳу суботи мамлакатамон ва сипосгузор будан  ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоем, ки боиси ин ҳама хушбахтиҳо, зиндагии осуда ва ҷонфидоӣ барои миллату давлати хеш ин ҳамин  фарзанди фарзонаи Миллат мебошад.

Бас дуруд бар раҳмати он ломакон,

Ибни Р аҳмонро ба майдон офарид.

Пеш гирад ӯ ба ақли муқтадир,

Роҳи Сулҳ роҳи Ваҳдат, роҳи Ид.

 Сайдалиева Зуҳро, ассистенти кафедраи забоншиносӣ ва                    типологияи муқоисавии факултети филологияи хориҷӣ

        

Related Articles

Leave a Comment