Home ХАБАР ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОР БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОР БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

by admin
168 views

ПАЁМИ

табрикии ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ба муносибати Рӯзи Президент

       Ҳамватанони гиромӣ!

       Ҳамкорон ва донишҷӯёни азиз!

    Сараввал, мехоҳам ҳамаи шуморо ба муносибати тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст, ҳар як сокини озоду осудаи кишвар ҷашни милливу худшиносӣ, бозгашт ба асолати таърихӣ ва баҳрабардорӣ аз мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, самимона табрик намуда, бароятон саломатию хонаободӣ, дар фаъолияту пажӯҳишҳои илмиатон барору комёбӣ ва дар татбиқи сиёсати хирадмандонаву ояндасози Пешвои маҳбуби миллат шарофату сарбаландӣ таманно намоям!

Соли шашум аст, ки мувофиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14.05.16, дар саросари Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона ҷашн гирифта мешавад.

Ба 16 ноябр рост омадани ҷашни мубораки умумимиллӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бастагӣ ба он дорад, ки маҳз 16 ноябри соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, шакли идоракунии Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ иваз карда шуд.

Ба бахти мо, гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо омили наҷоти давлату миллат, балки рушди устувори тамоми соҳаҳои хоҷагидории кишвар, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид.

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия ба ҳисоб рафта, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамин тавр, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории навини мо нигаронида шуда, ҷашни қадрдонию сипос ба арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.

Қобили таъкид аст, ки дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо шахсияту хидматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам буда, пайванди ногусастанӣ дорад.

Дар солҳои мудҳишу ногувори сиёсие, ки мардум дар фикри ҳифзи ҷони худ буданд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар андешаи сарҷамъии миллат буд. Маҳз боварӣ ба худ ва ҷасорату мардонагиаш ин сарвари ҷавонро ба мақсад расонид, зеро ӯ миллатро ба ғолибу мағлуб ҷудо накард ва савганд хӯрд, ки охирин шаҳрванди фирории Тоҷикистонро ба Ватан бармегардонад, миллатро сарҷамъ менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон танҳо бо хиради азалӣ, шуҷоату ҷасорати нотакрор, фаросати азими мардумпарварона, ватанпарастӣ ва миллатдӯстиаш ҷони худро ба хатар гузошта, ин роҳи басо душвору пурпечутобро тай намуда, сулҳу ваҳдати комилро дар кишвар барқарор намуданд. Ба ҳама мушкилот нигоҳ накарда, Конститутсия, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, асъори миллӣ ва дигар муқаддасоти миллиро расман таҳия ва қабул намуда, умеди миллатро ба ояндаи дурахшони кишвар мустаҳкам намуданд.

Баъд аз гуфтушунидҳои дурудароз, санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ҳамчун санади сарнавиштсоз барои пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмину таҳкими Истиқлолу Ваҳдати миллӣ, афзудани нуфузу эътибори байналмилали Тоҷикистон мусоидат кард. Ваҳдати миллӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон нуқтаи эҳёи фарҳанги давлатдорӣ, бунёди ҷомеаи соҳибфарҳангу боасолат ва таҳкими сулҳу субот дар қаламрави кишвар гардида, самараҳои наҷиби таърихӣ ба бор овард, ки гувоҳ бар тинати поку сулҳпарвар, фарҳанги сиёсӣ ва заковати баланди давлатдории Пешвои маҳбуби миллат аст.

Тоҷикистони азиз баъд аз имзои ин санади деринтизор дар сиёсати байналмилалӣ мавқеи шоиста касб карда, таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳонро баҳри ҳамкориҳои васеи мутақобилан судманд ҷалб намуд ва бо роҳандозии сиёсати “дарҳои боз” дар масири рушду пешрафт гомҳои устувор гузошт. Эътибори баланди кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ, бевосита ба ибтикороти Пешвои миллат алоқаманд буда, ҷонибдории сокинони сайёра аз ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлатамон ҷиҳати ҳалли масоили глобалии ҷаҳон далели ин гуфтаҳост.

Мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтани таҷрибаи расидан ба ризоияти умумӣ ва сулҳи пойдори тоҷикон аз тарафи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, бавижа Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамчун дастурамал тавсия шудани он барои мамолики нобасомон гувоҳи эътибори ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон зери Ливои Пешвои муаззами миллат, бо даст ёфтан ба ваҳдати комил ва сулҳи сартосарӣ, ба марҳилаи нави созандагию бунёдкорӣ ва рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ қадамҳои устувор ниҳода, ба як қатор дастовардҳои назаррас, монанди сохтмони неругоҳҳо, кушодани нақбу кӯпрукҳо, бунёди роҳҳои аҳамияти дохилиҷумҳуриявию байналмилалидошта, муассисаҳои таълимии замонавӣ ва дигар иншоотҳои азим ноил гардид. Ҳамакнун, баъди баҳрабардории агрегатҳои Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва афзудани иқтидори энергетикии кишвар, ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар корҳои созандаву таконбахши иқтисоди миллӣ бомаром ҷараён дошта, ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ ва афзудани сатҳи некуаҳволии мардум, беҳтар сохтани шароити маишии сокинон тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд. Бо мақсади таҷлили шоистаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар саросари кишвар корҳои ободониву сохтмони иншоотҳои таъйиноти гуногун, аз ҷумла инфрасохтори сайёҳӣ ва ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ бомаром ва якдилонаву дастаҷамъона ҷараён дошта, кабӯтари сулҳу осоиштагӣ ва саодату хушбахтӣ дар осмони беғубори ватани маҳбубамон болафшонӣ мекунад. Чунончи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зимни савгандёдкунӣ ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (30.10.20) қайд карданд, дар натиҷаи амалӣ гардидани санадҳои стратегӣ сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоизи соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020, яъне 12 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон аз 73 то 75 сол боло рафт.

Талошҳои фарҳангсолоронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина гузошт, то миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва этнофарҳангӣ эҳё гашта, ба худшиносии миллӣ ва истиқлолияти фикрӣ бирасад. Дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва ташаккули рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузошта шуд. Ба роҳбарияти давлат муяссар гашт, ки забони тоҷикиро ҳамчун яке аз рукнҳои асосии мавҷудияти миллат пурра эҳё намуда, корбурди идорию сиёсӣ ва илмию ҷамъиятии онро таъмин намояд.

Бо супориши бевоситаи ин фарзанди фарзонаву фарҳангпарвари айём симои як қатор абармардони таъриху фарҳанги миллат, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Камоли Хуҷандӣ, Имом Ғаззолӣ, эҳё шуда, ҷашнҳои бошукӯҳи бузургдошти онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ баргузор шуд.

Бо таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маорифи кишвар сол аз сол рушди бесобиқа касб намуда, ҷиҳати рушди илмҳои техникӣ ва заминаи назариявии соҳаи истеҳсолоти ватанӣ тадбирҳои муҳим роҳандозӣ мешаванд. Пешвои муаззами миллат дар вохӯрии хеш бо зиёиёну кормандони соҳаи илму маориф санаи 18 марти соли 2020 таъкид намуданд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад… Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем».

Чунончи аз Суханронии Пешвои муаззами миллат ба муносибати Рӯзи дониш (01.09.2021, ш. Душанбе) бармеояд, танҳо дар доираи корҳои ободкориву созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар қаламрави кишвар 214 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои қариб 100 ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст. Дар буҷети давлатии соли 2021 барои соҳаи маориф 5 миллиарду 597 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ин нисбат ба соли 2020-ум 11,2 фоиз зиёд буда, қариб 20 фоизи буҷети давлатӣ ва 6 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар кишвар 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба соли 1991-ум 35 муассиса зиёд мебошад. Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ то соли 1991 аз рӯйи 147 ихтисос мутахассис омода карда мешуд. Имрӯз бошад дар ин муассисаҳо тибқи талаботи бозори меҳнат аз рӯйи 306 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ соли 1991-ум 1835 нафар номзадҳои илм ва 226 докторҳои илм аз рӯи 136 ихтисос ба донишҷӯён таълим медоданд. Имрӯз аз шумораи умумии устодону омӯзгорон 4363 нафар соҳиби унвони илмӣ буда, аз онҳо 824 нафар докторҳо ва 3539 нафар номзадҳои илм аз рӯи 533 ихтисос ба донишҷӯён дарс мегӯянд.

Дар баробари озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки тайи 2 соли охир истеъдодҳои нодиреро маълум намуданд, инчунин, дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) эълон доштани озмуни нави ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Илм – фурӯғи маърифат” ва таъйини мукофотпулиҳои калон, пешниҳоди ҳавасмандсозии омӯзгорон ва падарону модарони ғолибони озмунҳо, супоришҳои қатъӣ ҷиҳати роҳандозӣ намудани омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, афзудани идрорпулии донишҷӯён, магистрантон, докторантони МТОК, сафарбарсозии бештари олимони ҷавони равияи табиию риёзӣ барои такмили ихтисос ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ ба муассисаҳои илмӣ-таълимии хориҷи кишвар ва дигар иқдомҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат аз он шаҳодат медиҳад, ки баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ, афзудани некуаҳволии мардуми кишвар ҳамоно ҳадафҳои меҳварии Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошанд.

Чунончи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зимни савгандёдкунӣ ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (30.10.20) бо ваҷҳи ба худ хоси ватандӯстона, эҳсоси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба халқи азизи кишвар таъкид доштанд:  “Барои ман истиқлолу озодии Ватани азизам, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишвари маҳбубам, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии халқи бузургворам аз ҷумлаи муқаддасоти азизтарин мебошад… Ман аз хурду бузурги Тоҷикистон муҳаббату самимият ва меҳрубонии ниҳоят зиёд дидаам ва ба чунин халқи азизу меҳрубон шабу рӯз, содиқона, бо виҷдони пок, дасту дилу нияти нек ва бо тамоми ҳастӣ хизмат мекунам”.

Ҳамин тавр, масири таърихии давлатдории навини мо собит намуд, ки қавлу қасами Президенти интихобнамудаи миллат ваъдаи фазлфурӯшона набуда, Пешвои миллат ба ваъдаи худ вафо кард, ташаббусҳои созандаву саривақтӣ, ҳиммати хусравонӣ, ақли гиро, маҳорати фавқулодаи таҳлили ҳаводис ва дурандешии ин абармарди дунёи сиёсат миллату давлатро аз ҷафои эҳтимолии таърих эмин нигоҳ дошта, ба шукуфоиву боландагӣ, ободиву осоиштагӣ, ба оғӯши гулистонҳову мавзеъҳои нотакрори сайёҳӣ оварда расонд ва ба чаҳорсӯи олам масири ҳамкориву пешрафт боз намуд.

Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пос доштани хидматҳои таърихии ин абармарди дунёи сиёсат ва фарзанди шоистаи давру замон, пайравӣ аз сиёсати бунёдкоронаву хирадмандона ва фарҳангсолоронаву инсонгароёнаи ин Пешвои асри XXI кафолати пойдории Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати сартосарӣ, ҳифзи асолати миллӣ ва ояндаи боз ҳам дурахшони мост.

Бори дигар ин рӯзи фархундаи миллиро ба шумо, ҳозири гиромӣ, табрик мегӯям ва умедворам, дар ҷараёни кори конфронс ва бахшҳои он мо аз баҳри паҳновару пургуҳари мактаби давлатдории миллии Пешвои муаззами миллат дурдонаҳое чун дарси хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ, зиракии сиёсӣ, ватандӯстиву садоқат, ояндасозиву таъмини бақои миллату давлатро дарёфт ва дар кору зиндагӣ, фаъолияти рӯзмарраи хеш мавриди татбиқ қарор медиҳем.

Related Articles

Leave a Comment