Home ХАБАР НАШРИ КИТОБИ ДОКТОРАНТ

НАШРИ КИТОБИ ДОКТОРАНТ

by admin
342 views

     Алишери Абдулмаҷид, докторанти PhD, муҳаққиқ, рӯзноманигор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ҳамзамон ассистенти кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистикаи факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ китоби навбатии хешро таҳти унвони 

“ОЧЕРК ДАР ПУБЛИСИСТИКАИ ШОДОН ҲАНИФ” ба нашр расонид.

Дар китоб ҳамчун жанри журналистӣ шинохта шудани очерк ва мавқеи он дар эҷодиёти Шодон Ҳаниф ба таври васеъ оварда шудааст. Очерк дар эҷодиёти Шодон Ҳаниф аз жанрҳои хеле муҳим ва серистифода аст. Ӯ дар очеркҳояш ҳалли масъала ва ниёзҳои муҳими ҳаёти мардумро рӯи кор гирифта, онро бо образҳои дилчаспи бадеӣ ва тасвири хуби табиату чеҳраи мардум ба хонанда манзур намудааст. Китоб барои муҳаққиқони публисистика, рӯзноманигорон, муаллимон ва донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ тавсия дода мешавад.

Китоб зери таҳрири Гулов Сангин, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба чоп расидааст.

Ба китоб Худойдодова Шарофат, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, Абдусамадзода Эраљ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ тақриз навиштаанд.

Related Articles

Leave a Comment