Home ХАБАР ХУШХАБАР

ХУШХАБАР

by admin
235 views
   Санаи 28.10.2021 саромӯзгори кафедраи химия ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Уроқов Мирзомурод Давлатмуродович рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Асосҳои методии ҳамбастагии методҳои таълим ва тарбия дар иҷрои вазифаҳои таълими фанни химия” (аз рӯи маводи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ), зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Холназаров Санг барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.02-Назария ва усулҳои омӯзишу парвариш (химия) дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-044 назди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ муваффақона дифоъ намуд.
  Маъмурияти донишгоҳ ӯро бо ин дастовардаш табрику таҳният гуфта, ба ӯ ва роҳбари илмиаш профессор Холназаров Санг саломатӣ ва комёбиҳои беназирро таманно мекунад.

Related Articles

Leave a Comment