Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “АДАБИЁТШИНОС ВА РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “АДАБИЁТШИНОС ВА РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН”

by admin
302 views
    Рӯзи 12-уми октябр дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили илмӣ-эҷодии “Адабиётшинос ва рӯзноманигори ҷавон” бо иштироки васеи ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет гузаронида шуд.

Сараввал роҳбари маҳфил Муслимов Исмоил суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Моҳшарифи Исмоил, донишҷӯи курси сеюми факулта дар мавзӯи “Ишқ дар рубоиёти Ҷалолиддини Балхӣ” ва Кабирзода Умеда дар мавзӯи “Замина ва омилҳои пайдоиши ҳаҷви публитсистии тоҷик” суханронӣ намуданд. Дар охири маҳфил саволу ҷавоб сурат гирифт.

Бояд қайд кард, ки маҳфили илмӣ-эҷодии “Адабиётшинос ва рӯзноманигори ҷавон” солҳои зиёд аст, ки дар ин факултет амал мекунад ва моҳе як маротиба гузаронида мешавад. Дар ин маҳфил ба ғайр аз омӯзгорону донишҷӯён боз рӯзноманигорони касбии минтақаи Кӯлоб низ ширкат варзида, ба донишҷӯён дар хусуси журналистика маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Related Articles

Leave a Comment