Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТАБИАТ ДӮСТ ВА ТАБИБИ МОСТ

ТАБИАТ ДӮСТ ВА ТАБИБИ МОСТ

by admin
1049 views

     Инсоният дар кадом ҳолате ки набошад, дар куҷое, ки зиндагӣ кунад, аз хурд то бузург ба табиат ва ҳастиҳои он эҳтиёҷ дорад. Бе ҳастиҳои табиат ҳаёт дар ягон давру замон пойдор буда наметавонад, зеро ҳастии ҳар як ҷисми зинда ба об, хок, боду ҳаво, гӯлу гиёҳ, набототу ҳайвонот ва растаниҳо сахт алоқаманд аст.

  Бе об ҳаёт нест. Об ҳастии ҳаёт аст. Ягон гулу гиёҳ, набототу растанию ҳайвоноти зинда бе истифодаи об буда наметавонад. Сабзишу расиши ҳар як мавҷудот ба об вобаста аст. Ин сарвати бузург имконият медиҳад, ки ҳамаи ҳастиҳо аз он пурбор гардида, тамоми растаниҳо дар он рӯянду сабзанд, ба воя расида, гулу мева ва бор оранд. Ҳамчун пурбардортарини маҳзани бузурги тамоми хубию зиштиҳо ва ифлосиҳо, ҳатто ҷисмҳои фавтидаи одамону ҳайвоноти талафёфта низ дар қаъри замин ниҳонанд, ки моро аз вайрон намудани боду ҳаво эмин медоранд.

Боду ҳавои тозаю озода манбаи осоиш самимии ҷисмҳои зиндаи рӯи замин аст. Аз ҳавои тоза нафаси озодаю ба роҳат мегирем, нашъунамо меёбем, тансиҳату осуда зиндагӣ мекунем. Бад будани ҳавою муҳити атроф ба бемориҳо оварда мерасонад. Ҳастиҳои табиати атроф низ ба тозагии боду ҳаво ниёз доранд. Бо сардии ҳаво дар хоби ноз мераванду ба фаро расидани фасли баҳори дилангез аз нав бедор мешаванд.

  Ободи кишвар ва тозагии муҳити зист танҳо ба одамон вобастагӣ дорад ва эҳтироми табиатро манбаҳои он қарзи ҳар як инсони асил аст. Мутаассифона, дар зиндагӣ нафароне ёфт мешаванд, ки нисбати манбаҳои табиат беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Оби дарёву чашмаҳоро ифлос мегардонанд, дарахтонро решакан, гулу гиёҳҳоро поймол мекунанд. Бо дӯди сӯзишвориҳои ғализ ҳавои гирду атрофро ифлос мегардонанд, насли ҳайвонотҳои ваҳширо, ки дар ҷангалзорҳо ҳаёт ба сар мебаранд, аз байн мебаранд.

                                                          Шамшодаи ШЕРАЛӢ, донишҷӯи соли 3-юми факултети химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment