Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ АБАРМАРДОНИ МИЛЛАТРО ФАРОМӮШ НАБОЯД КАРД!

АБАРМАРДОНИ МИЛЛАТРО ФАРОМӮШ НАБОЯД КАРД!

by admin
332 views

     Инсоният аз давраи пайдоиши олам ҷангҳои мудҳиш ва фоҷиаҳои фалокатборро аз сар гузаронидааст. Мудҳиштарин ҷанг дар асри ХХ ин Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз руи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи инсоният мебошад, ки дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги ҷаҳон ширкат варзиданд.

Паҳноии амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 мамлакати ҷаҳон вусъат ёфтанд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз теъдоди сафарбаршудагон зиёда аз 110 миллионро ташкил медод. Имрӯзҳо мардуми сулхҷӯи тоҷик санаи 9-уми майро фаромӯш накардаанд. Ин сана барои халқи тоҷик ва мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ санаи фаромӯшнашавандае аст, чунки дар ин рӯз кабутари пирӯзии мо бар болои фашист ба парвоз баромад ва ливои сулҳ парафшон гашт. Давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ даврае буд, ки ба ҷои кабутарҳо дар осмон ракетаву чархболҳои душман ба парвоз буд ва ба ҷои хандаи кудакон тиру камон, таркиши норинҷак садо медод.                                                  

Аз тамоми минтақаҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба майдони ҷанг қувваҳои ҳарбӣ равон карда мешуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини ғалаба аз болои фашизм ҳиссаи худро гузоштааст, аз ҷумла, ба фронт қувваҳои ҳарбӣ, лавозимоти зарурӣ аз қабили хӯрока, пӯшока ва ғайра кумаки башардӯстона фиристодааст. Дар муҳорибаҳои ҷанг беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Ин мардҳои шуҷоъ барои дифои ватан ва шарафу номуси халқи худ дар сангарҳо муборизаҳои беназир ва корнамоиҳои назаррас нишон дода, бештар аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои ҷанг қаҳрамонона ҳалок гаштанд. Барои шуҷоату корнамои нишон додан 64 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории ватан Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 21 нафар бо се дараҷаи ордени «Шараф», зиёда аз 60 ҳазор нафар бо медалҳою орденҳо сарфароз шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки аз ноҳияи Шурообод (ҳозира Ш.Шоҳин) теъдоди фиристодагон зиёд буданд, ки қисме аз онҳо зинда баргаштанд ва қисми дигар шаҳид гаштанд. Яке аз шаҳидони ин ҷанг Файзулло Икромов мебошад Файзулло Икромов соли 1914 дар деҳаи Қавоқи колхози бо номи «Сталин»-и райони Шурообод ба дунё омадааст. Падараш Икром Шарифов ва модараш момаи Нигинамо мебошад, ки соҳиби 6 писар ва 3 духтар буданд. Икромов Файзулло пеш аз рафтан ба ҷанг дар қишлоқи Сурхиалами ноҳияи Шӯрообод ба чорводорӣ машғул буд. Ҳамсараш Бобоева Ситорамо дар колхоз деҳқонӣ мекард. Соли 1943 барои ба ҷанг сафарбар кардани Файзулло аз тарафи комиссариати ҳарбии ноҳияи Шурообод даъватнома омад. Бо ҳамин мазмун даъватномаи дигар ба бародари Файзулло-Иззатулло Икромов низ оварда шуд. Файзулло Икромов 1 июни соли 1943 барои рафтан ба ҷанг ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Шурообод ҳозир шуд. Аз ноҳияи Шурообод бо ҳармоҳи Файзулло якчанд нафари дигар аз деҳаҳо ва маркази ноҳия ба Сталинобод фиристода шудан. То соли 1943 гитлерчиён қариб нисфи Аврупоро гирифта буданд ва қисми зиёди ИҶШС низ ба тасаруфи дасти онҳо буд. Бинобар ин, Файзуллоро бо дигар тоҷикписароне, ки ҳамроҳаш буданд, аз Сталинобод ба шаҳри Таллини Эстония равон карданд. Корнамоиҳои худро аз Эстония оғоз намуд. Дар озод намудани Эстония ишроки бевосита дошт. Баъди озод намудани Эстония дар рақобати шахри Ленинград низ ширкат варзидааст. Вақте ки Ленинград озод мегардад, онҳо барои азнавбарқароркунии назди Москва мераванд. Ҳамроҳони Файзулло ва худи Файзулло низ дар ин иштирок намудааст. Аскарони сурх дар озод намудани шаҳрҳои Украина саҳмгузор буданд. Файзулло Икромов дар ду муҳорибаи Украина иштирок намудааст, ки яке аз онҳо муҳорибаи Харков ва дигараш бошад муҳорибаи Киев буд. Лозим ба ёддоварист, ки Файзулло дар муҳорибаҳои Беларус низ иштирок кардааст. Мутассифона, ба сабаби дар ҷанг ҳалок гаштанаш вобаста ба корнамоиҳояш маълумоти мушаххассе дастрас карда натавонистем.                       

Дар яке аз муҳорибаҳои Беларус 19 январи соли 1944 ярадор гашта, қаҳрамонона ҳалок мегардад ва ин дунёро тарк мекунад. Бояд гуфт, ки дар ин айём фарзанди ягонаи Файзулло-Ҳабиб нав ба дусолагӣ қадам мегузошт. Баъди вафот ҷасади ин тоҷикписарро тибқи маълумотҳои архивӣ Мудофиаи СССР дар қабристони (райони Домановичского, вилояти Полской) ба хок супоридаанд. Макони қабре, ки Файзулло Икромов дар он абадан хоб аст ин қабристон дар Белоруся аз тарафи ҷануби қабристон дар қатори якум ва қабри сеюм мебошад. Аз ҷумла, дар ҳамин қабристон тоҷикписари дигар, фиристодаи Тоҷикистон аз собиқ ноҳияи Дашти Ҷум Раҷабов Латиф низ гӯронида шудааст. Аз тарафи ҷануби қабристон дар қатори дуюм қабри якум ҷой гирифтааст қабри ин шаҳиди дигари дур аз ватан. Баъди ин ҳама сахтиҳо падари Файзулло – Шарифов Икром бо аз даст додани се фарзанди худ, дутояшон дар хурди ва писари дигараш Зикрулло дар синни камолот аз олам даргузашт ва якбора баъди хабари вафоти Файзуллоро шунидан дарду алами падар дучанд мешавад. Бо дарду ранҷи зиёд ниҳоят соли 1949 вафот мекунад. Дар ин айём муҳоҷиркунонии мардуми кӯҳистон ба минтақаҳои таҳдашт оғоз мегардад. Завҷаи Шарифов Икром момаи Нигинамо бо ду писари худ Изатулло, Ҳалим ва чор набера ба собиқ ноҳияи Москва колхози Киров меояд ва боқимондаи умри худро дар ин гӯшаи зебои кишваррамон гӯзаронда, 13 декабри 1963 аз олам чашм мепӯшад. Билохир аввалан аз ҷавонон даъват ба амал меорам, ки таърихи миллати худро омӯзанд ва дар зиндагардонии таърихи гузаштаи миллати хеш ва фарзандони ин диёр камари ҳиммат банданд.

Банда ба ҳайси як донишҷӯ таҳқиқи худро идома додам ва бо дастгирии бародарзодагони Файзулло Икромов-Иззатов Исматулло ва бародарзодаи дигари ин шаҳиди роҳи набард нафақахӯри ҚМҶТ палковник Икромов Ҷиён, ки маълумотҳои архивиро аз Россия дастрас карда, ҳаёт ва корнамоиҳои яке аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки дур аз диёр барои ватани хеш ҷонбозиҳо кардааст ёдовар шавем.

Ғолибшоҳ ИСУФОВ, донишҷӯи соли 3-юми факултаи таърих,

ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ

Related Articles

Leave a Comment