Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МАҚОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ

МАҚОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ

by admin
527 views

      Дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, худогоҳию ватанпарастӣ тарбия намудани насли ҷавон ва омода намудани кадрҳои баландихтисос шарти асосии рушди ояндаи кишвар ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ ба омӯзгорону ҷавонон оид ба таълиму тарбия, забондониву омӯзиши техналогияи муосир дастуру супоришҳо доданд.

   Дар Паёми навбатии Президенти кишвар Пешвои миллат вобаста ба тақвият бахшидани рушди илмҳои дақиқ ва ҳавасманд гардонидани хонандагон пешниҳод гардид, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибон ҳаматарафа аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ карда шаванд.

Омода намудани кадрҳои баландихтисос ва тарбияи ҷавонони соҳибмаърифату ватандӯст аз сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ вобастагии зиёд доранд. Пешвои миллат ҳамасола дар Рӯзи дониш ва Дарси Сулҳ атрофи беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи ҷавонон пешниҳоду вазифаҳои мушаххас ба миён мегузорад. Ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои ташаккули техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд.

Аз ин ҷост, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамасола барои тайёр кардани омӯзгорони баландихтисос ва ботаҷриба диққати ҷиддӣ дода, баланд бардоштани сатҳи дониши касбии онҳо дар дохил ва беруни мамлакат чораҳои зарурӣ меандешад. Новобаста ба он ки ғамхориҳои давлату ҳукумат дар ин самт бе ҳадду ҳудуданд, масъалаи нарасидани омӯзгор дар якчанд фанро дарс додани як омӯзгор ҳамоно эҳсос мегардад.

Пешвои муаззами миллат, то он ҷое, ки давлат қудрат ва тавоноӣ дорад, бо талошҳои беандоза ба тамоми шароит корӣ муҳаё кардааст. Ин заҳматҳои Сарвари давлат ба тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла, наслҳои наврас ва ҷавон тааллуқ дорад.

Дар ин маврид дар Паёми декабри соли 2019 омадааст: «Соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва зиёда аз 32 ҳазор ҷои нишаст ба истифода супорида шуд».

Бояд хотирнишон сохт, ки муассисаҳои таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар сатҳи таҳсилоти миёна ва ҳам олӣ (намуна бинои нави Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 2015 ба истифода дода шуд, сохтмони бинои нави Донишкадаи техналогия ва менеҷменти иноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб давом дорад) дар асоси талаботҳои меъёрҳои байналмиллалӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад.

Соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ дар сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, дар таҳкими давлатдорӣ мавқеи муайянкунандагии калидиро касб менамояд.

Вобаста ба ин роҳбари давлат иброз медорад: «Соли 2020 сохтани 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷои нишаст пешбинӣ шудааст.

То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда шуданд.

Боиси хушҳолӣ ва эҳтироми беандоза нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки аз рӯзи аввали пой дар арсаи сиёсат гузоштанаш маорифро пояи устувори мамлакат ва дар пойдории давлатсозию давлатдорӣ рӯй ба мактаб, ба илм ниҳод. Вобаста ба шароити таълим ва тарбия, ки Сарвари давлат барои рушди илму маориф омода кардааст, дар ҳар суҳбату мулоқотҳо ба мардум, дар ҳамаи Паёмҳояш ба маҷлиси Олии мамлакат доир ба баланд бардоштани сифати таълим, парвариши насли наврас ва ҷавонон вазифаҳои ҷиддӣ мегузорад. Таъкид карда мешавад, ки сифати кори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ ба талаботи рӯзафзуни рушди иқтисодӣ ва ҷаҳонбинии аъзои ҷомеа, шинохт ва дарки воқеияти табиат ва ҷамъият бошад. «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро таҳкид мекунад, Сарвари давлат дар Паёми декабри соли 2019,- зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд».

Аммо ҷои таассуф аст, ки новобаста аз он ки давлат барои насли наврас, ҷавонон тамоми шароитро тибқи меъёрҳои эътирофгардида омода кардааст, сатҳ ва сифати донишҳои хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ ба талаботи рӯз, ба бозори меҳнат, аз худ кардани техналогияи пешқадам, донишҳои бунёдии соҳаи ҳуқуқ ва дигар самтҳои гуманитарӣ ба меъёр ҷавобгӯ нест. Дараҷаи дониш ва малакаи хатмкардагони мактабҳои олӣ ба талаботи асосие, ки тибқи он ҳуҷҷат дар бораи мутахассиси соҳа будан дода мешавад, мувофиқат намекунад. Байни диплом ва дониш, ки яке зуҳурот ва охири ҷавҳари аслии тахассусмандӣ ба муҳимтарин сифати шахсиро ташкил мекунад ва барои он вақт умри азиз ва маблағи зиёд сарф шудааст, фосила ба андозаи набахшидан аст.

Бо дипломи мактаби олӣ бисёре аз ҷавонон ба зиндагӣ, ки барои ягон падидаи соҳибшуури олам осон нест, нотайёр он муассисаеро тарк мекунанд. Онҳо дунёро, оламро на ба он тарзе ки воқеият дорад, ба таври объективӣ аст, қабул мекунанд.

Ҳангоми дарки муҳити атроф сифати аслии предмет дар шуур худ ба худ инъикос намеёбад. Барои ин донишҳое, ки баъдан тавассути тиҷриба бори дигар тасдиқи худро пайдо мекунанд, заруранд.

Саҳлнигарӣ нисбат ба омӯзиши илму маърифат дар Пайёми Пешвои миллат, воқеъбинона, ҳамчун ибрози ташвиш садо медиҳад: «Тибқи таҳлилҳо вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигароникунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад. Ҳамаи инро бо эътибор гирифта, соли дуюм аст, ки дар ҷумҳурӣ бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида шуда истодааст. Ин озмун имкон медиҳад, ки сол ба сол шумораи китобдӯстон дар ҷумҳури рӯ ба афзоиш дорад.

Ҳангоми сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Ҳисор, сентябри соли 2020 баъди шиносоӣ бо пешқадамони хоҷагии қишлоқ, зиёиён ва дигар кишварҳои ҷомеа ба истифода додани як зумра иншоотҳои бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёдгардида, ба Президенти кишвар бо мардум суҳбати самимӣ доир намуда, оид ба сифати таълиму тарбияи фарзандон, ҷавонон ба падару модарони онҳо чунин муроҷиат намуд: «Фарзандонро тарбия кунед, ба сифати дарсазхудкунии онҳо назорат баред, ба мактаб рафта оид ба таълиму тарбияи фарзанд бо устодон, роҳбарони синфҳо ҳамкорӣ намоед, нисбати тақдири ояндаи фарзандон бепарво набошед, фарзандонро дар роҳи мушкил танҳо нагузоред». Бесавод мондани фарзандон ин фоҷиа аст. Албатта, вақте сухан дар бораи дониш ва саводнокӣ меравад, тасаввуроти илмии дар таҷриба санҷидашуда дар назар дошта мешаванд дигар тасаввуротҳо.

Фақат исм аст, ки зери тазиқи бераҳмона, вале одилонаи он тамоми падидаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур сифати муаммо будани худро аз даст медиҳанд, ошкор ва мутеи ҳазрати Инсон мешаванд, ба ӯ хизмат мекунанд. Тавре, ки таҷриба нишон медиҳад, дигар чунин қувва ва шаклгоҳе вуҷуд дошта наметавонад.

Алома Муҳаммад Иқбол Лоҳурӣ оид ба ин масъала ниҳоят зебо ва илман дуруст таъкид кардааст:

Навои ишқро соз аст одам,

Кушояд рози худ роз аст одам.

Албатта, инсон ба воситаи илм ҳама чизро ошкор месозад, вале худи Инсон ҳамчун рози ниҳонӣ боқӣ мондааст. Ҳамаи илмҳо инсонро меомӯзанд, аммо худ қазоват кунед, магар ӯро (инсонро) ҳаматарафа омӯхтаанд, ҳаргиз не!

Иброҳимов Гурез, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи

педагогикаи умумидонишгоҳӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон

Related Articles

Leave a Comment