Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ САНОАТКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР – ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ

САНОАТКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР – ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ

by admin
1084 views

    Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошт.

Саноаткунонии босуръати кишвар яке аз он масъалаҳои асосие ба ҳисоб меравад, ки Пешвои миллат дар Паём ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. “Мо, — омадааст дар Паём, — таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат бо ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ- индустриалӣ ба индустриалӣ- аграрӣ амалӣ гардонда истодаем”.

Дар натиҷаи он таваҷҷӯҳе, ки давлат ба соҳаи саноат зоҳир менамояд, ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ сол то сол зиёд мегардад. Танҳо дар се соли охир ин нишондод аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

Шояд чунин саволе ба миён ояд, ки шакли саноатӣ – аграрӣ аз аграрӣ – саноатӣ чӣ бартариҳо дорад? Қайд намудан бамаврид аст, ки саноаткунонии иқтисоди ҷумҳурӣ омилҳои зиёди таъсир ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дорад. Саноаткунонӣ аввалан боиси фароҳам омадани ҷойҳои фаровони корӣ мегардад, бекориро коҳиш дода, сафи муҳоҷирони меҳнатиро хеле ва хеле кам менамояд.
Вақте мо корхонаҳои саноатии худро бунёд намудем, ҳолати вобастагӣ аз маҳсулоти воридотӣ аз байн меравад. Имрӯз мо аз хориҷ семент ворид намекунем, зеро барои истеҳсоли он ба қадри басанда корхонаи истеҳсоли семент дорем. Гузаштан ба шакли саноатӣ – аграрӣ боиси зиёд гардидани сафи мутахассисони баландпояи саноатӣ гардида, барои боз ҳам баланд шудани шароити некӯ аҳволии мардум мусоидат менамояд.

Ногуфта намонад, ки саноаткунонии иқтисодиёти кишвар ба рушди деҳот, зисту зиндагии бошандагони он таъсири мусбӣ мерасонад. Зеро ҳамаи корхонаҳои саноатӣ танҳо дар шаҳр сохта намешавад. Дар вақти сохтумони корхонаҳои саноатӣ манбаи ашёи хом, қувваи коргарӣ ва дигар имкониятҳо ба назари эътибор гирифта мешаванд.

Бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки саноаткунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад ва ин пешниҳод аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъди шунидан ва мутолиа намудани матни Паём аз тарафи мардуми шарифи мамлакат якдилона пазируфта шуд. Пешвои миллат вазифа гузошт, ки то соли 2030 ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад.

Ҳадафи чорум – саноаткунонии босуръати кишвар бо дигар ҳадафҳои миллӣ, аз ҷумла ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар вобастагии калон дорад. Агар мо ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ нарасем, бинобар нарасидани нерӯи барқ

 корхонаҳои сохтаамонро ба кор дароварда наметавонем. Ва ё агар роҳи ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯй надошта бошем, маҳсулоти истеҳсол намудаамонро ба хориҷӣ кишвар бароварда наметавонем. Бинобар ҳамин, мо сокинони кишвар, аз ҷумла, мардуми шарифи шаҳр бо амали сарфакоронаи истифодаи нерӯи барқ, бо ҳисси дилсӯзи истифода намудани роҳҳои бо маблағи калон сохташуда дар амалӣ шудани саноаткунонии иқтисодиёти кишвар ҳиссагузорӣ карда метавонем. Инро мо бояд донем ва касоне, ки намедонанд, ба онҳо фаҳмонем.

Як чизро дар хотир доштан зарур аст, ки дар саноаткунонии босуръати кишвар ҳама, аз ҷумла соҳибкорон, одамони доро, касоне, ки имконияти бунёди корхона ва коргоҳҳоро доранд, фаъолона иштирок карда метавонанд. Ҳамаи онҳо аз тарафи давлат ва ҳукумат дастгирӣ ва пуштибонӣ меёбанд. 

Дар Паём барои тақвият бахшидан ба соҳибкорӣ, алалхусус соҳибкороне, ки ба истеҳсоли маҳсулот машғуланд, пешниҳод шуд, ки солҳои 2019–2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ манъ карда шавад. Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ карда шавад. 

Чи тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид менамояд “танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси маъсулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои муайяннамудаамон мерасонад”.

Мадина САИДОВА, ассистенти кафедраи молия ва қарз

Related Articles

Leave a Comment