Home ХАБАР ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

by admin
357 views

                                                                       ПАЁМИ

табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогика, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

       Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.

    Бинобар ин, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад.

           Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Соли дувоздаҳум аст, ки панҷуми октябр дар кишвари мо ба таври расмӣ ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин санаи таърихӣ бо қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — 5 октябри соли 2009 иртибот дорад ва дар асоси ҳамин санади муҳим ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардидааст.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз оѓози истиқлол барои рушди забони миллӣ ва таҳкими мақоми давлатии он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати пешбурди ин самти сиёсати миллӣ тамоми заминаҳоро фароҳам овардаанд. Яъне дар бист соли истиқлолият забони мо дар мақоми забони давлатӣ ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи давлат ва ҳукумати кишвар қарор дорад.

Бояд гуфт, ки дар тӯли таърихи дурударози халқамон забони мо дар ҳастӣ ва шинохти миллати фарҳангдӯст ва тамаддунсозамон нақши сарнавиштсоз доштааст, ки инро осори арзишманди гузаштагонамон бо чандин анвои хат ба хубӣ собит менамояд.

Ҳамчунон ки ниёгонамон ин забони нобро то ба рӯзгори мо бо як ифтихор ва хештаншиносӣ маҳфуз доштаанд, мо низ ин ҷавҳари ҳастии миллатро дар андеша, гуфтор ва кирдори наслҳо аз рӯи эҳтиром ба таври ҷовидон бояд ҳифз намоем.

Мо борҳо таъкид намудаем, ки донистани забони миллӣ далели эҳтиром ба миллат, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии хеш аст. Мо Забони миллиро дар баробари Модар ва Ватан аз муқаддасоти олӣ эътироф намуда, ин андешаро бо як ифтихори бузург аз миллати соҳибтамаддуни хеш дар зеҳни наслҳо низ парвариш медиҳем.

Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ба забони давлатии мо — забони тоҷикӣ санатҳои ҳуқуқӣ ва созишномаҳову қарордодҳои байналмилалӣ таҳия ва қабул карда мешаванд.

Аз ин рӯ, моро лозим аст, то барои ѓановати забони миллии хеш аз осори гузашта ва муосир ба дурустӣ истифода намоем, то ин забони тавоно ва шеворо дар асри густариши равобити миллатҳо ва тамаддунҳо тавонотару шевотар гардонем ва онро барои наслҳои оянда ба ҳама зебоиву тавоноияш ба мерос гузорем.

Дар марҳалаи кунунии давлатдории навинамон моро лозим аст, ки аз ҳама имконоти таърихӣ ва дастуриву луѓавии забони миллиамон ба таври дуруст ва огоҳона истифода намоем ва барои рушди минбаъдаи забони давлатӣ тамоми заминаҳо ва имконоти воқеиро фароҳам оварем.

Забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат, нишони давлату давлатдории миллӣ ва чун рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии ҳама сокинони Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол мебошад.

Аз ин хотир, тамоми ҳамватанони гиромиро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба ҳар фарди Тоҷикистони азиз сарбаландиву хонаободӣ таманно дорам.

Бигузор забони ширину ширадори тоҷикӣ ҳамчун забони давлати соҳибистиқлоли тоҷикон умри ҷовидона дошта бошад.

Related Articles

Leave a Comment