Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМУСОҲИБА АБДУСАЛОМ МИРАЛИЗОДА: БУНЁДИ ТАМОМИ ПИРӮЗИҲО МУҲАББАТ БА ВАТАН АСТ

АБДУСАЛОМ МИРАЛИЗОДА: БУНЁДИ ТАМОМИ ПИРӮЗИҲО МУҲАББАТ БА ВАТАН АСТ

by admin
716 views
     Мусоҳибаи рўзноманигор Абдурауф Муродӣ бо ректори Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, доктори илми педагогика, профессор Абдусалом МИРАЛИЗОДА
  — Устоди муҳтарам, Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ таърихи дерину пурифтихор дорад. Ин даргоҳ дар дарозои солҳо мутахассисони зиёдеро парваридааст, ки дар арсаҳои ҳаёт фаъолияти шоиставу густурда доранд. Пўшида нест, ки чанд муддат “фирори мағзҳо” аз ин донишгоҳ вазъро то ба ҷое носозгору коста гардонид. Вале хушбахтона, имрўз вазъият аз ин лиҳоз аз нав ба ифоқа омадааст. Аз ин ҷост, ки ҳамакнун сафи хоҳишмандон барои таҳсил дар донишгоҳ хеле афзудааст. Аз нигоҳи шумо, ҷалби довталабон ба донишгоҳ аз кадом ҳисоб афзуд: сифати тайёр кардани мутахассисон, фаъолияти пурсамари омўзгорони варзида, шароити мусоид нисбат ба баъзе муассисаҳои дигар ё дастрасии таълим вобаста ба пардохти маблағи таҳсил?
— Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, ки яке аз аввалин муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мебошад, масири бисёр рангину пурпечутоб ва он гуна ки барҳақ зикр кардед, пурифтихори таърихиро тай кардааст. Дар давраи фаъолияти худ ин махзани илму маърифат бо номҳои Институти дусолаи муаллимии Кўлоб (1945-1952), Институти давлатии педагогии Кўлоб (1953-1959), филиали Институти давлатии педагогии Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) (1960-1962), Институти давлатии педагогии Кўлоб (1962-1992) фаъолият дошт. Дар давраи бисёр ҳассоси таърихи миллат Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба Донишгоҳи давлатии Кўлоб табдил додани Институти давлатии педагогии Кўлоб» (24.07.1992, №235) қарор ба тасвиб расонд. Дар ҳама гуна вазъияти сангину пурихтилоф Донишгоҳи давлатии Кўлоб раванди таълимро ягон соат қатъ накардааст. Донишгоҳ аз 24-уми апрели соли 2009 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ гузошта шуд.
Дар рушду такомули донишгоҳи мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши барҷаставу мондагор доранд.
Воқеан, дастпарварони Донишгоҳи давлатии Кўлоб то имрўз дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои олии кишвар кору фаъолият мекунанд ва бо донишу касбияти хоссаи худ дар пешбурди низоми давлатдорӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгў ба талаботи ҳаёти кишвар саҳим мебошанд.
Дар рушду нумуи донишгоҳ шахсиятҳои таърихӣ, ходимони намоёни давлативу сиёсӣ, олимону донишмандони маъруф, ҳунармандону адибон ва журналистони варзида саҳми бориз гузошта, симои ҳақиқии донишгоҳро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он дар беҳтарин шакл муаррифӣ намудаанд. Дар ин росто, метавон исми академик С.К.Каримов, узви вобастаи АИ ҶТ Маъруф Раҷабӣ, докторони илм, профессорон А.Раҳимов, И.Арабов, Каримҷон Қодиров, Қ.Қодиров, Рустам Назаров, Муҳаммад Абдураҳмон, Р.Акбаров, Абдулло Ҳабибулло, А.Мирализода, Ҷумъа Шарифов, А.Паҳлавонов, Р. Саидов, И. Икромов, С. Сабзаев, Т. Шукуров, М.Абдуллоев, А. Нозимов, Махфират Хидирзода, Н.Солеҳов, Р. Салимов, Н. Назаров, А.Қурбонов, А.Кучаров, А. Ҳалимов, Г.Ҳоҷиматова, шоирону нависандагони машҳури кишвар Ашўр Сафар, Ҳақназар Ғоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Муҳаммад Ғоиб, Саидҷон Ҳакимзода, Саид Раҳмон, Сафар Амирхон, Карим Давлат, Хосият Вализода, ҳунарманди мардумӣ Одина Ҳошим, ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Бобоҷон Азизов, Адолат Комилова, Ҷумъахон Сафаров ва Одилҷон Умурзоқов, ходимони намоёни давлативу сиёсӣ — хатмкардагони ин донишгоҳ Нусратулло Абдулҳақов, Султон Мирзошоев, Лақай Қармишев, Исмоил Қурбонов, генералҳо Абдураҳмон Азимов, Саймумин Ятимов, Нуралӣ Назаров, Давлат Бобоев, Шариф Салимов, Аҳтамшоҳ Саидшарифов, хизматчиёни давлатӣ Қиматгул Рустамова, Саид Салимов, Исроил Маҳмудов, Ҳабибулло Раҳимов, Латофат Насриддинова, Султон Валиев, ҳамзамон, олимону омўзгорони маъруф, профессорон М.Ибодов, С. Мирзоев, И. Ғуломов, Ҷумъахон Алимӣ, А. Ҳалимов, М. Иззатова, дотсентон Д.Расулов, К. Иззатуллоев, Ғ.Мирзоев, Н. Расулов, М. Набиев, А.Алиев, С.Абдулвоҳидов, Г.Иброҳимов, Л.Сайдаҳмадов, Д.Сайдалиев, Қ.Сангов, Э. Пирназаров, Ш.Худойдодова, Н.Ашўрова, З.Холиқова, Ф.Гулмадов, М. Абдураҳмонова, Саъдӣ Маҳдиев, К. Маҷидова, Н. Давлатова, С.Раҳимова, Ф. Файзуллоева, З. Самариддинова, Д. Исоева ва амсоли инҳоро, ки беҳтарин марҳилаҳои умри пурбаракати хешро сарфи таълиму тарбияи насли наврас дар ин боргоҳи илму маърифат намуданд, зикр кард.
Солҳои 90-уми садаи ХХ, ки вазъи зиндагии мардуми Кўлоб вазнин гардида буд, аксари ҳайати кадрии баландпояи муассиса ба дигар донишгоҳҳо ва муассисаву корхонаҳо рафтанд, ки дар натиҷа пояи кадрии донишгоҳ то андозае заиф гардид. Хушбахтона, баъди беҳтар гардидани вазъи сиёсӣ, махсусан, чанд соли охир ҳайати кадрии муассиса, албатта, бо заҳмату талошҳо ва дастгириҳои пайвастаи ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм барқарор гардида истодааст. Дар ҳамин росто, қобили қайд аст, ки бо тадбирҷўиҳои раёсати донишгоҳ, заҳматҳои омўзгорон ва олимон нимсолаи аввали соли 2021 Донишгоҳи давлатии Кўлоб дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад, нисбат ба солҳои гузашта 5 зина боло рафта, ҳамакнун аз мақоми 17-ум дар мақоми 12-ум қарор дорад.
Бо шукргузорӣ аз неъмати бебаҳои таърих – Истиқлоли давлатӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ ва суботу амнияти комил Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи устод Рўдакӣ имрўз дорои заминаи пуриқтидори моддӣ-техникӣ мебошад.
Албатта, бо чунин заминаи моддӣ-техникӣ, ҳайати профессорону олимони соҳибтаҷриба ва инчунин, маблағи шартномаи нисбатан дастраси таҳсил таваҷҷуҳи довталабон, на танҳо сокинони минтақаи Кўлобу вилояти Хатлон, балки тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, ба Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А.Рўдакӣ сол аз сол афзуда истодааст.
  — Дар донишгоҳ аз рўйи чанд ихтисос мутахассисон омода мешаванд ва оё ин ҷо таҳсил мувофиқ ба ихтисосҳои муосири ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнат роҳандозӣ шудааст? Мехостем оид ба пойгоҳи моддӣ-техникӣ, масоҳати таълимӣ, теъдоди донишҷўёну омўзгорон, зарфияти илмии муассиса маълумот ироа намоед.
— Донишгоҳ аз 10 факултет, 32 кафедра (27 тахассусӣ ва 5 умумидонишгоҳӣ), хобгоҳ барои донишҷўён ва омўзгорон, 7 марказ (марказҳои бақайдгирии донишҷўён, тестӣ, фосилавӣ, ТИК, омўзиши забонҳо, рушди касбият ва инноватсия ва ҳунарҳои мардумӣ), 7 бинои таълимӣ, гармхона, майдончаҳои варзишии тобистона ва зимистона, 7 100 ҷойи нишаст, парки технологӣ, китобхонаи муосир бо шароити зарурӣ, китобхонаи электронии пайваст ба шабакаи интернет, коллеҷи омўзгорӣ, маркази касбомўзӣ дар ноҳияи Муъминобод, Муассисаи такягоҳии литсей барои хонандагони лаёқатманд дар шаҳри Кўлоб, кўдакистони «Ситора»-и назди донишгоҳ, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализода дар шаҳри Кўлоб, истироҳатгоҳи “Истиқлол” дар ноҳияи Муъминобод, радиои “Суруши ҷавонӣ”, рўзномаи “Анвори дониш”, озмоишгоҳҳо аз фанҳои оптика, радиотехника, химияи органикӣ ва ғайриорганикӣ, биотехнология, физикаи ҷисмҳои сахт, механика, электроника, физикаи молекулавӣ, барқ, физикаи атом, микроэлектроника, таҳлилкунии техникӣ ва моделсозӣ, назарияи лапиш ва протсесҳои мавҷӣ, дастгоҳҳои радиошунавонӣ ва ТВ, физикаи мактабӣ, методикаи таълими физика, дастгоҳҳои харротӣ, нақлиёт, саноати қаннодӣ, маҷаллаҳои илмии “Паём”, “Муҳаққиқ”, синфхонаҳои лингофонӣ, коргоҳи дўзандагӣ, ошхона ва амсоли инҳо иборат аст.
Дар донишгоҳ 68 ихтисос дар зинаҳои таҳсили бакалаврият, магистратура ва докторантураи PhD амал карда, зарфи ду соли охир ихтисосҳои нави ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнат, амсоли сиёсат ва идораи давлатӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, таърих-диншиносӣ, равоншиносии амалӣ, география — иқтисодиёт, WEB – дизайн ва графикаи компютерӣ, биология (биотехнология) ҷорӣ гардиданд. Таҳлилу натиҷагириҳо дар ин самт идома дошта, барои солҳои минбаъда низ дар баробари гурўҳи ихтисосҳои амалкунанда роҳандозии ихтисосҳои нав бо забонҳои русӣ ва англисӣ дар нақша аст.
Шумораи умумии донишҷўёни донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2021 12 111 нафарро ташкил мекунад.
Дар бахши рўзона – 7201 нафар (59,4%), ба тариқи фосилавӣ ва ғоибона – 4910 нафар (40,6%), (аз ҷумла, духтарон 3398 н (47%), тибқи квота 421 нафар, (духтарон – 274 н (65,08%) таҳсил доранд.
Сатҳи донишазхудкунии донишҷўёни таълими рўзона аз рўйи ҷамъбасти сессияи фаъол дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2020-2021 нишондоди 66,4%-ро ташкил намуд.
Шумораи умумии омўзгорон дар донишгоҳ 562 нафарро ташкил дода, аз ҷумлаи онҳо 188 нафарашон занон мебошанд (33,5 %).
26 нафар омўзгори донишгоҳ соҳиби унвони доктори илм (профессор) мебошанд.
Шумораи номзадҳои илм ба 87 нафар расида, 78 нафарашон кормандони асосӣ мебошанд.
Дастовардҳои илмии омўзгорони донишгоҳ умедбахш аст, зеро дар давоми соли равон 19 нафар рисолаҳои илмии худро дифоъ намуда, 4 нафар барои ҳимоя расман иҷозат гирифтанд ва рисолаи илмии 54 нафар муҳаққиқ пурра анҷом ёфта, дар арафаи ҳимоя қарор доранд. Ин раванд низ рў ба инкишоф буда, нисбат ба соли гузашта бо назардошти теъдоди умумии омўзгорон 1,6% зиёд мебошад.
Дар соли таҳсили равон бо харидории мизу курсӣ ва таҷдиди синфхонаҳо 2255 ҷойи нишаст зиёд шудааст. Барои боло бурдани сатҳу сифати таълим як лабораторияи замонавии биотехнология барои ихтисосҳои биология — биотехнология, як лабораторияи санҷиши оби ошомиданӣ, маркази илмии “Ҳамадонишиносӣ” ва китобхонаи тахассусӣ дар заминаи факултети филологияи тоҷик ва журналистика, ду маркази имтиҳонотӣ бо фарогирии 89 компютер ташкил ва харидорӣ гардида, 10 лабораторияи факултети физика – математика азнавсозӣ карда шуд. Дар ин замина, атрофи муассиса бетонпўш ва намои зоҳирии биноҳои таълимӣ таъмир гардид. Роҳравҳову ҳудуди муассиса гулзор карда шуда, манзараи он ба шаҳри бостонии Кўлоб зебоии дигар зам мекунад.
Дар соли ҷорӣ бо дастгирии раёсати донишгоҳ 1 адад сервери пуриқтидор ва барномаи автоматикунонии раванди таълим харидорӣ ва насб карда шуд, ки минбаъд раванди автоматикунонии таълим ва имтиҳонҳои ҷорӣ пурра тавассути сервери ягона сурат мегирад.
Парки технологӣ ва Маркази омўзиши забонҳо бо таҷҳизот ва дафтари кории замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, фаъолияти онҳо рўз аз рўз беҳтар мегардад.
Имрўз дар донишгоҳ 609 адад компютер, 74 адад ноутбук, 81 адад принтери одӣ, 69 адад принтери 3х1, 4 адад сканер, 51 адад тахтаи электронӣ, 69 адад проектор мавриди истифода қарор доранд.
Айни ҳол дар донишгоҳ 475 адад компютер ба шабакаи дохилии компютерӣ пайваст буда, миқдори компютерҳои ба шабакаи умумиҷаҳонии интернет пайваст 256 ададро ташкил медиҳад. Раванди кори шабакаҳои компютерӣ аз тарафи кормандони марказ ҳамарўза назорат карда мешавад.
То имрўз дар донишгоҳ 147 адад камера аз тарафи мутахассисони маркази технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ насб гардида, аз ин ҳисоб 51 ададашро «Ip camera» ва 96 ададро камераҳои hd — аналог ташкил медиҳанд.
Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», “Илм -фурўғи маърифат” ва “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” дар ҳама факултетҳо ва дар донишгоҳ дар сатҳи хеле баланд ташкил ва баргузор гардида, рўйхати ғолибон барои иштирок дар даври шаҳрии озмунҳо пешниҳод гардидааст.
Дар соли 2021 чун ҳамасола 10 нафар омўзгор ва 4 нафар донишҷў бо стипендияи раиси вилоят таъмин гардиданд.
Соли равон Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” сазовори ҷойи аввал ва дипломи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гардид.
Ҳафтаномаи «Омўзгор» бахшида ба «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» озмун эълон карда буд. Озмун аз моҳи марти соли 2020 то аввали моҳи июни соли 2021 идома ёфт. Хурсандиовар аст, ки Ислом Ғуломов, Корманди шоистаи ҶТ, доктори илмҳои педагогӣ, профессори донишгоҳ, барои мақолаи «Риёзидон бояд ҳамадон бошад» дар озмуни мазкур ҷойи дуюмро соҳиб гардид.
6-уми январи соли 2021 олими ҷавон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултети иқтисод ва идораи донишгоҳ Лутфия Расулова соҳиби «Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон» барои олимони ҷавон гардид.
Дар оғози сол Низомиддин Комилов, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи молия ва қарзи донишгоҳ, дар озмуни вилоятии «Неруи сухан» аз рўи номинатсияи «Беҳтарин маводи журналистии чандрасонаӣ” соҳиби Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон ва Дипломи дараҷаи 3 шуд. Ҳамзамон, нашрияи “Маърифат”-и коллеҷи омўзгории донишгоҳ дар озмуни вилоятии «Неруи сухан» аз рўи номинатсияи «Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ» соҳиби мақоми аввал гардид.
Дар 32 кафедраи донишгоҳ 33 маҳфил амал мекунад. Натиҷаи фаъолияти хуби маҳфилҳои фаннӣ буд, ки дар давраи ҳисоботӣ донишҷўён ба дастовардҳои назаррас ноил гаштаанд.
  — Барои татбиқи аҳдофи «Бистсолаи омўзиши фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» дар донишгоҳ чӣ тадбирҳое андешида шудаанд?
— Раёсати Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Рўдакӣ оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2020, №1445 дар бораи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва тавсеаи тафаккури техникии донишҷўён чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, аз рўи нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида фаъолияти бавусъат дорад.
Хамчунин, дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, № АП-44, ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷўён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, рўзҳои 13-14-уми июли соли 2021 даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» бо фарогирии зиёда аз 200 нафар довталаб баргузор гардид.
Дар натиҷаи ҷамъбасти даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурўғи маърифат» омўзгорону донишҷўёни донишгоҳ сазовори 6 ҷойи аввал, 6 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм гардида, ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.
Дар даври вилоятии озмуни мазкур 6 нафар донишҷўи донишгоҳ аз рўйи 5 номинатсия сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд: 1 ҷойи якум аз математика, 4 ҷойи дуюм аз биология, физика ва астрономия, технологияи иттилоотӣ, география ва 1 ҷойи сеюм аз технологияи иттилоотӣ.
Боиси қайд аст, ки донишҷўёни донишгоҳ дар даври ҷумҳуриявии озмуни илмӣ-таҳқиқотии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ – «Донишҷў ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2021» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040 сазовори 2 ҷойи аввал аз бахшҳои физика ва математика, 2 ҷойи дуюм аз бахшҳои биология, тиб ва география ва сазовори ифтихорнома аз бахшҳои математика, биология ва тиб гардиданд.
Бо мақсади амалишавии ҳадафҳои барномаи мазкур 10 лабораторияи факултети физика – математика азнавсозӣ карда шуд.
Вобаста ба масъалаи мазкур қайд кардан лозим аст, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои амалигардонии «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» дар донишгоҳи мо амалӣ гардонидани як қатор корҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, беҳтар гардонидани заминаи моддию техникии факултетҳои физика ва математика, химия ва биология; омўзиши таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотии дохил ва хориҷи кишвар ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар ин самт; андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати беҳтар намудани низоми таҳсилоти фосилавӣ; ба таври васеъ ба роҳ мондани видео-дарсҳо (видеолексия, озмоишгоҳҳои виртуалӣ ва амсоли онҳо); тақвият бахшидани корҳои пажўҳишӣ ва ҷалби донишҷўён, магистрантон, докторантон аз рўйи ихтисоси PhD ва муҳаққиқони ҷавон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ; ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти ҷалб намудани ходимони соҳаи илм, маориф ва сохторҳои дигари давлатию ҷамъиятӣ барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ; ҳамасола зиёд намудани миқдори китобҳои илмӣ оид ба илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар китобхонаи электронӣ, маблағгузории корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, харидории асбобу таҷҳизоти зарурӣ ва монанди инҳо.
Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ гузаронида шуд, донишҷўёни мо соҳиби 1 ҷойи якум, 1 ҷойи дуюм, 1 ҷойи сеюм ва 3 ифтихорнома гардиданд.
Дар даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, донишҷўёни мо соҳиби 1 ҷойи дуюм, 2 ҷойи сеюм ва 2 ифтихорнома гардиданд.
Рўзи 23.04.2021 дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат озмуни ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми раёсати донишкада гузаронида шуд. Донишҷўи курси чоруми факултети физика ва математикаи донишгоҳи мо Бахтинур Ахмедов аз рўи равияи математика дар озмун иштирок намуда, сазовори ҷои якум, ҷом ва дипломи дараҷаи 1 гардид.
  — Паркҳои технологӣ аз беҳтарин воситаҳое мебошанд, ки имрўз фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти касбиро такон мебахшанд ва дар ростои татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар омили муҳим арзёбӣ мегарданд. Мутаассифона, на ҳамеша ва на дар ҳама мактабҳои олӣ аз ин восита хуб истифода бурда метавонанд. Дар Донишгоҳи давлатии Кўлоб парки технологӣ дар чӣ гуна вазъе қарор дорад?
— Раёсати донишгоҳ бо мақсади татбиқ намудани корҳои илмӣ-инноватсионӣ, барои ба даст овардани натиҷаҳои самарабахши илмии донишҷўён ва омўзгорон, инчунин, ташкил намудани коргоҳҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, харидории таҷҳизот, коркарди маҳсулот, ба роҳ мондани фаъолияти инноватсионӣ, тиҷораткунонии дастовардҳои илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва амсоли онҳо сол то сол ба Парки технологӣ диққати махсус медиҳад.
Айни замон дар Парки технологии донишгоҳ коргоҳи дўзандагӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, кафшергарӣ, коркарди чўбу металл, истироҳатгоҳи таълимӣ-таҷрибавии «Истиқлол», Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С. Вализода ва гармхона фаъолият доранд.
Дар соли таҳсили 2020-2021 аз факултетҳои донишгоҳ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Кўлоб зиёда аз 30 нафар духтар ба таълими дўзандагӣ фаро гирифта шуданд. Коргоҳи дўзандагӣ дорои 12 адад мошинаи дарздўзӣ буда, кормандону шогирдони он дар зарфи чанд моҳи охир, аз ҷумла, барои тантанаҳои ҷашнӣ 243 адад парчами андозаи 30/60, 12 адад парчами андозаи 113/75, 8 адад парчами андозаи 6/3, 9 адад мусаввараи гулдўзии чакан бо таври кундал, 20 адад парда барои синфхонаҳои компютерӣ ва барои 300 ҷойи нишасти толори фарҳангӣ аз матои нафис рўкаш омода намуданд.
Ҳамчунин, кор дар коргоҳҳои кафшергарӣ, табъу нашр, коркарди чўбу металл ҷараёни тоза касб кардааст. Коргоҳи коркарди чўбу металл дар соли таҳсили 2020-2021 зиёда аз 310 адад курсӣ, 112 адад мизи хатнависӣ, 51 адад курсии ниммулоим, 27 адад курсии сахт, 62 адад ҷои нишасти ниммулоим, 11 адад либосовезакро таъмир намуда, барои хобгоҳи донишҷўён 92 адад рахти дуқабатаи хоб омода карданд. Инчунин, 62 адад дару тиреза ва як қисми фарши хобгоҳ таъмир карда шуд. Илова бар ин, барои Маркази навташкили тестии назди донишгоҳ ва маркази имтиҳонотии факултети филологияи тоҷик ва журналистика 48 адад мизи компютерӣ ва 1 адад минбар (трибуна) сохта шуд.
Тасмим дорем, ки минбаъд низ корро дар ин самт такмил бахшида, дар самти ғанӣ гардонии буҷаи донишгоҳ ва ҳавасмандсозии омўзгорону донишҷўён ба воситаи Парки технологӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем.
  — Огоҳӣ дарёфтем, ки донишгоҳ соҳиби истироҳатгоҳи таҷрибавӣ-истеҳсолии “Истиқлол” мебошад. Фаъолияти ин истироҳатгоҳ дар кадом сатҳ аст?
— Истироҳатгоҳи таҷрибавӣ-истеҳсолии “Истиқлол” дар ҳудуди ноҳияи Муъминобод воқеъ буда, аз соли 1973 бо номи «Бешаи сабз» мавриди истифода қарор дошт. Баъдан номи истироҳатгоҳи таҷрибавӣ-истеҳсолии “Истиқлол”-ро гирифт. Истироҳатгоҳ дар ҳудуди 5 га ҷой гирифта, дорои ошхона, толори варзишии зимистона, варзишгоҳи тобистона ва бунгоҳи тиббӣ мебошад. Дар истироҳатгоҳ ҳамасола омўзгорону фарзандони онҳо ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Имсол тамоми хонаҳо ва ҳудуди истироҳатгоҳ пурра таъмир гардида, бо рахти хоб ва дигар асбоби зарурӣ ҷиҳозонида шуданд.
 — Дар назди донишгоҳҳо фаъолият кардани муассисаҳои томактабӣ ва литсейю гимназияҳо аслан замина гузоштан барои ҷалби довталабон-донишҷўёни оянда аст. Оё ин тадбир бо ташкили кўдакистони “Ситора” ва литсейе, ки чанд сол боз фаъолият мекунад, ба ҷалби донишҷўён ва сифати тайёр кардани мутахассисон таъсир расонда тавонист?
— Дар сохтори донишгоҳ фаъолият намудани кўдакистон дар таърихи маорифи кишвар ба Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ рост меояд. Ин посухест, ки то имрўз гуфта нашудааст. Кўдакистони “Ситора” соли 2018 дар назди донишгоҳ ташкил гардидаасту бо тамоми шароити муосир таъмин буда, дар шаҳри Кўлоб ва шаҳру навоҳии он назир надорад. Дар кўдакистон 150 нафар кўдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Дар ин даргоҳ гурўҳҳои тоҷикӣ, русӣ фаъолият мекунанд.
Дар кўдакистон фарзандони омўзгорон, ҳамзамон фарзандони дигар шахсони хоҳишманд ба таълим фаро гирифта шудаанд.
 — Ба назари шумо, таҳсилоти фосилавӣ чӣ махсусиятҳоеро дорост? Оё аз самараи он қаноатманд метавон буд?
— Ҳамқадам будан бо ҷомеаи ҷаҳон нишонаи пешрафт ва рушди босубот аст. Гузариш ба низоми кредитии таҳсилот низ дар ибтидо вокунишҳои гуногунеро дар ҷомеа ба бор овард, аммо бо гузашти андак замон – вақте низоми мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар роҳандозӣ шуд, самаранокӣ ва созгории он ба талаботи асри иттилоот маълум гардид.
Низоми таҳсилоти фосилавӣ низ айнан моҷарои солҳои аввали қабули низоми тестиро дар миён гузошт, зеро он низ як раванди тозаву нав аст. Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ раванди таълимро аз рўи таҳсилоти фосилавӣ тибқи нақшаҳои таълимӣ ва Барномаи ягонаи идоракунии раванди таҳсилоти фосилавӣ барои 18 ихтисоси курси якум аз оғози соли таҳсили 2017-2018 ташкил намуд, ки айни ҳол шумораи умумии ихтисосҳои амалкунанда дар таълими фосилавӣ ба 23 номгўй мерасад.
Яке аз бартариҳои низоми таҳсилоти фосилавӣ он аст, ки тамоми донишҷўён ва омўзгорон аз технологияи нави иттилоотию комуникатсионӣ огоҳӣ пайдо намуда, аз онҳо пурра истифода мебаранд. Равобити донишҷўён бо омўзгорон, гарчанде маҷозан сурат мегирад, нисбат ба таълими ғоибона зиёдтар мебошад. Имсол донишгоҳро 510 нафар дар низоми таҳсилоти фосилавӣ хатм карда, ба бозори меҳнати кишвар сафарбар гардиданд.
Дар донишгоҳ барои рушди низоми таҳсилоти фосилавӣ ду синфхонаи муҷҷаҳаз бо технологияи замонавӣ ва интернети доимӣ пешбинӣ гардида, фаъолияти маркази таҳсилоти фосилавӣ бар пояи сервери ягонаи донишгоҳӣ ба роҳ монда шудааст.
  — Роҳандозии босамари робитаҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳҳои муосир аст. Донишгоҳи шумо дар ин самт чӣ дастовардҳое дорад?
— Ҳамкориҳои донишгоҳ, дар баробари муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон бо беш аз 120 муассисаи таълимии хориҷи кишвар ва марказҳои илмӣ-тадқиқотии кишварҳои хориҷи дуру наздик – Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Украина, Молдова, Озарбойҷон, Эстония, Қазоқистон, Қирғизистон, ИМА, Олмон, Англия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Туркия, Италия, Малайзия ва ғайра ба роҳ монда шудааст.
Дар доираи фаъолияти шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ дар донишгоҳ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ 2 лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” татбиқ гардид.
Лоиҳаи якум: “Баланд бардоштани малакаҳои ба кор таъминшавии донишҷўдухтарони курсҳои болоии Донишгоҳи давлатии Кўлоб” — барои беҳдошти вазъи иҷтимоии духтарони курсҳои болоӣ пешбинӣ шуда буд. Дар доираи ин лоиҳа Маркази рушди касбият ва инноватсияи донишгоҳ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳазонида шуд.
Лоиҳаи дуюм: “Такмили барномаҳои таълимии ихтисоси биология (биотехнология) вобаста ба талаботи бозори меҳнат”. Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ворид карда шуда, моҳи сентябри соли 2020 озмоишгоҳ ифтитоҳ ёфт.
Давоми соли таҳсили 2020-2021 аз ҷониби шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷию сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо гузаронида шуданд:
— Вохўрӣ бо намояндагони Федератсияи Россия бо мақсади таъсиси Маркази фарҳангии Россия “Русский центр” дар донишгоҳ ва таъмини марказ бо таҷҳизоти муосири техникӣ;
— Баргузории имтиҳони қабули довталабон дар МТОК-и Федератсияи Россия дар асоси квотаи ФР барои шаҳрвандони ҶТ;
— Вохўрӣ бо намояндагони Донишгоҳи давлатии нафту техникии Уфа оид ба имзо расонидани Созишномаи ҳамкорӣ ва дар доираи он ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд;
— Баргузории вохўрии маҷозӣ бо Донишгоҳи хусусии илмҳои компютерӣ ва муҳандисии Малайзия;
— Вохўрӣ бо намояндагони тоҷикистонии лоиҳаи “Добрососедство” (Good neighborliness “Ҳамсоягии нек”)-и Кореяи Ҷанубӣ ва мавриди амал қарор гирифтани лоиҳаи “Ҷавонон ва технологияҳои нав”.
— Баргузор намудани имтиҳонҳои қабули довталабон ба Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амур.
  — Маълум аст, ки таъмини манзил ё хобгоҳ барои омўзгорону донишҷўён чандон кори осон нест. Дар донишгоҳ ин масъала дар кадом сатҳ қарор дорад?
— Асоси рушду пешрафт, албатта, аз шароити хубу дастрас вобастагӣ дорад. Вақте имконияти хуб барои зиндагӣ дастрас аст, бешак майл ба пешравию рушд меафзояд. Хушбахтона, соли гузашта хобгоҳи донишгоҳ аз таъмири пурра бароварда шуда, бо ташаббуси раёсати донишгоҳ барои таъмини комили хобгоҳ бо оби тозаву ошомиданӣ дар саҳни он аз умқи 130 метр чоҳи амудии об канда мавриди истифода қарор дода шуд, ки барои коллективи муассиса дастоварди наҷибе дар арафаи ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлоли давлатӣ гардид. Айни ҳол тамоми инфрасохтори хобгоҳ таъмир гардида, ҳар як ҳуҷраи он бо оби гарму хунук, рахтҳои болохонадори замонавӣ ва дигар асбобу анҷоми рўзгор ҷиҳозонида шудаанд. Корҳои зарурӣ ҷиҳати дар мавсими зимистони имсола пайваст намудани хобгоҳ ба шабакаи гармидиҳӣ ҷараён дошта, раёсати донишгоҳ барои мунтазам беҳтар намудани шароити сукунати донишҷўён тадбирандешӣ менамояд.
Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 ҷиҳати ҳавасмандгардонии олимони ҷавон ба донишгоҳ 25 хонаи истиқоматӣ дар бинои Мактаби Президентӣ дар шаҳри Кўлоб пешбинӣ гардид, ки айни ҳол дар онҳо олимони ҷавон, омўзгорони муассиса истиқомат доранд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Кўлоб 1 адад хобгоҳи истиқоматӣ барои донишҷўдухтарон фаъолият менамояд, ки аз 3 ошёна, 67 ҳуҷраи истиқоматӣ, 1 толори китобхонӣ (бо зиёда аз 2000 китоб, 11 адад компютер) 3 ошхона, 2 ҳуҷраи фароғатӣ иборат буда, ҳолати санитарию гигиении онҳо ба талабот ҷавобгўй мебошанд.
Албатта, барои донишгоҳе, ки дар таълими рўзона зиёда аз 7 000 нафар донишҷўро ба таҳсил фаро гирифтааст, як хобгоҳ басанда нест. Умедвор ҳастем, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои оянда мушкилии нарасидани хобгоҳ барои истиқомати донишҷўён ва ҳам омўзгорон ҳалли худро хоҳад ёфт.
Дар ҳамин росто, қобили зикр аст, ки мутобиқи банди 19-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Вахш, Кўлоб ва Данғараи вилояти Хатлон аз 15 то 17 июни соли 2021 баён доштанд, (аз 25.06.2021) дар давоми солҳои 2021-2023 дар шафати қисмати чапи бинои асосии донишгоҳ ба ҷойи бинои таълимии 2-ошёнаи факултети омўзгорӣ ва фарҳанг сохтмони иморати нави таълимӣ ба нақша гирифта шуда, барои татбиқи он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ, вазоратҳои молия, маориф ва илм, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кўлоб вазифадор гардидаанд.
  — Асри 21-ро асри технология мегўянд. Истифодаи мақсадноки технологияи иттилоотӣ суръати пешрафти ҳар муассисаро меафзояд. Мебинем, ки донишгоҳ дар баробари рўзнома соҳиби сомонаи боғановат низ ҳаст. Сомонаи донишгоҳ барои муаррифии фаъолияти устодону донишҷўён ва ҷалби бештари довталабон чӣ самарае ба бор овардааст?
— Дар сомонаи донишгоҳ дастовардҳо, тағйироту иловаҳо ва набзи донишгоҳ мунтазам дохил карда мешаванд. Инчунин, кормандони он дар ҳаёти сиёсӣ иштироки фаъолона дошта, дар муборизаҳои иттилоотӣ бар зидди гурўҳҳои экстремистиву террористӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ ҳиссаи муносиб мегузоранд. Ғайр аз ин, сомона дар таъмини дастрасӣ ба иттилооти саҳеҳ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои соҳавӣ фаъол буда, оид ба дастоварду муваффақиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсиятҳои фарҳангиву таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳиву мероси фарҳангӣ дар бахшҳои алоҳидаи сомона маводҳо гузошта мешаванд.
   — Ба аҳли қалам ва хонандагони ҳафтаномаи “Омўзгор” чӣ таманниёте доред?
— Ба хонандагони нашрияи “Омўзгор” ва аҳли эҷоди он, ки ҳамеша набзи маорифи кишварро ифода мекунанд, аввалан сиҳатии комилу бардавом, зиндагии осуда ва хушии рўзгор таманно мекунам. Орзуи ҳамагонии мост, ки Парчами Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоламон, ки инак, 30-юмин солгарди истиқлолашро бо шукўҳу ҷалоли хоса таҷлил намудем, то абад парафшон бошад ва наслҳои миллатро ба ояндаҳои боз ҳам шукуфою дурахшон раҳнамоӣ бикунад. Бунёди ҳама пирўзиҳо муҳаббат ба Ватан аст ва бояд ҳама ватандўст бошему ҷавобан ба даъвати ҷасуронаву меҳанпарваронаи Пешвои муаззами миллат – “Тоҷикистон, ба пеш!” пайваста баҳри рушди кишвар азму талош намоем.

Related Articles

Leave a Comment