Home ХАБАР ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОР БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОР БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

by admin
494 views

ПАЁМИ

табрикии ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ба муносибати рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

 Ҳозирини арҷманд,

 Устодону шогирдони азиз!

Ҳар сол санаи 30-юми сентябр дар Тоҷикистони соҳибихтиёри мо ҳамчун Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҷашн гирифта мешавад.

Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ (1207 – 1273), бемуҳобот, аз абармардони фарҳанги тамоми форсизабону ориёнажодони ҷаҳон ва ҳамтабору ҳамқатори сазовори нобиғагони шеъри волои форсии дарии тоҷикӣ буда, ба ҳайси бузургтарин суханвари адабиёти деринасоли мардумамон, дар радифи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалии Сино, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Иқболи Лоҳурӣ шуҳрати фарҳангу адаби моро беназиру оламгир гардонидааст.

Нигоштаҳои килки сеҳрангези ин мутафаккир дар «Девони Шамс», «Маснавии маънавӣ», «Маҷолиси саъба», «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва «Мактубот»-и ӯ фароҳам омадаанд. Пойгоҳи ин суханвар дар олами шеъру шоирӣ ончунон баланд аст, ки гурӯҳе вайро бузургтарин шоири ҷаҳон, ҷамъе бузургтарин шоири адабиёти форсу тоҷик ба қалам додаанд.

Мавлонои Рум дар тӯли беш аз даҳ сол маснавии бузургро дар шаш дафтар гуфтааст, ки мувофиқи маълумоти мавҷуда ҳамаи онро шоири тавоно бадоҳатан эҷод мекарду Ҳусомуддин ва дигар шогирдони ӯ китобат менамуданд.

«Маснавии маънавӣ» нусхаҳои сершумори дастнавис ва китобатшудае  дорад. Аммо то имрӯз ягона матни илмию интиқодии он ҳамонест, ки олими англис Рейнолд А. Николсон дар якчанд ҷилд, дар давоми солҳои 1925-37 ба табъ расонидааст. Аз рӯи ин матн «Маснавии маънавӣ» дар ҳаҷми 25 632 байт аст. Нусхаи форсии он дар Пажӯҳишгоҳи илмии шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон маҳфуз аст, ки нашри соли 1459 мебошад.

Доираи мавзӯъ ва масъалаҳое, ки шоир дар атрофии онҳо баҳсу изҳори ақида кардааст, ниҳоят васеъ ва гуногун аст. Дар фарҳанги ҷаҳонӣ камтар китобе бад-ин ҳад саршори маъонии баланд ва андешаву мазмунҳои ба ҳам печида дучор меояд. Гӯё «Маснавӣ» зиндагиро дар худ бо ҳама шодиву ғам, бешу кам, шӯру шар, барору нобарориҳо, гармиву сардӣ, фарозу нишебҳо, тавонгариву нотавонӣ, покиву нопокӣ, баҳору хазон, доройиву муфлисӣ ва ғайраву ғайраҳои зиёде дар худ таҷассум намудааст.

Шоир дар «Маснавӣ» на аз нусха, балки аз асли зиндагӣ сухан мегӯяд ва бештар ҳақиқати диданаш душворро рӯйи тасвир қарор медиҳад.  

«Маснавии маънавӣ» қомуси ҷомеи мақолу зарбулмасал, суханҳои ҳикматомез ва пандҳову мавъизаҳои рехтаву пухтаи мутафаккир мебошад. Ӯ дар ин асари худ аз ҳикоятҳои халқии мардуми форсизабону турк, аз тамсилоти халқу қавмҳои дину мазҳаби ғайримусулмон, ки сокини Осиёи Сағир буданд, хеле фаровон истифода кардааст. Ин ҳикоятҳои халқӣ ва тамсилот бо тасвиру образҳои дилчаспу суханҳои олӣ маъниву сурати тоза гирифтаанд.

Муаллиф дар «Маснавии маънавӣ» ба мавқеи инсон дар ҷамъият диққати хоса дода, мақоми инсонро ба ҷойгоҳи олӣ мегузорад ва таъкид мекунад, ки ӯ бояд шоистаи ҳамин мақом амал намояд. Шоир ба низоъҳои диниву мазҳабӣ сахт муқобил баромада, муҳаббат ва сулҳу дӯстии байни одамонро тарғибу ташвиқ ва зулму бадиро сахт маломат мекунад.

Чунончи мегӯяд:

Паркандагӣ аз нифоқ хезад,

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад!

Айёме, ки Баҳоуддини Валад, падари Ҷалолиддин ва пайвандонаш ихтиёри сукунати Қунияро карданд, зиндагӣ дар Осиёи Сағиру Мулки Рум хеле мураккабу печида буд. Ҷомеа фароҳам аз турку юнонӣ, курду эронӣ, арманиву ибронӣ, гурҷиву суриёнӣ… омада, ҳар яке шуғлу пеша ва дину андешаи худро дошт.

Мардуми он сарзаминро агарчи манофеи ҳамагонии иқтисодиву иҷтимоӣ муттаҳид менамуд, вале мазҳабу дину расму ойини гуногун то андозае парешонашон нигаҳ медошт.

Албатта, чунин вазъу ҳолат ашхосу афродеро тақозо менамуд, ки муттаҳидсози мардум бошанду Симурғвор сӣ мурғи парешонро ба ҳам оваранд, то ваҳдату вуслати ҳамагон аз наҳси хунрезиҳои чингизиёну харобкориҳои золимон, қасди кишварситонону ҷудойихоҳон ва ҷабри миллатгароёну мутаассибони замон, ки дар ҳамаи давру авонҳо ва мулку маконҳо кам набудаанд, осебу зиёне набинад.

Ана дар ҳамин шароити пурпечутоби мазҳабиву мафкуравӣ орифи доно ва олими тавоное дар сурати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба майдони рафтору гуфтору пайкор омад, ки садҳо равшанравону ҷонфишони кишварро дар атрофи худ ҷамъ оварда, назарияи «Сулҳи кулл»-ро дар маҳзари муроқабат андохт, ки фавран аз ҷониби ҳамагон мавриди эътиқоду эътирофи гарму ҷӯшоне қарор гирифта, минбаъда дар эҷодиёту офаридаҳои мутафаккирону донишмандони бузурги ҷаҳон ва вуслату ваҳдатбандии тамаддуни дигар миллату мардумон нақшу таъсири бузурге гузошт.

На танҳо дар даврони рӯзгору пайкор, балки баъди сари Мавлоно, аз асри XIII то имрӯз, назарияи «Сулҳи кулл»-и бесобиқа борҳо дар амалия ба кор омада, муттасил, дар мавориду лаҳазоти ҳассоси пархошу парешонкориҳо, дар мамолики гуногунмиллату мухталифмазҳабе чун Туркияву Юнон, Ҳиндустону Покистон, Эрону Афғонистон, мамолики арабу Русия, Тоҷикистону Озарбойҷон… гурӯҳҳои мухталифи мардумонро ба ваҳдату вуслат овардааст.

Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки қудратталабон халқу кишварҳои оламро бо баҳонаи таззодҳои мазҳабиву эътиқодӣ ба ҳам шӯронда, ғаразҳову манфиатҳои худро пиёда месозанд ва ба ин васила, дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ҷангу ҷидол, хунрезиву кашмакашиҳои дурударози дохилӣ, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон ҷараён дорад, бори дигар мубрамият, гиреҳкушоии андешаҳои сулҳгароёнаи Пири Машриқзамин, орифи беҳамто, адиби саршинос, Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро исбот месозад.

Оре, то ҷаҳон асту инсон ҳаст, таълифоти шоири номвар, панду ҳикматҳои ӯ нурафкан, шуълавар ва раҳнамову гиреҳкушои оламиён хоҳад буд.

Related Articles

Leave a Comment