Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ВАҚ-ВАҚИ ДУ ТОЛИБАК ВА МАВҚЕИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН

ВАҚ-ВАҚИ ДУ ТОЛИБАК ВА МАВҚЕИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН

by admin
305 views
                                                    Мавқеи Тоҷикистон
   Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30–солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе (08.09.2021) оид ба қазияи Афғонистон иброз дошт, ки ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд ҳастем. Аз ҷумла, таъкид карданд, ки:
“Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар муддати беш аз як моҳи гузашта вазъият дар ин кишвар, мутаассифона, боз ҳам мураккабу ҳалокатбор ва боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид.
Сокинони ин кишвар, ки беш аз чил соли охир дар шароити ҷангу нооромӣ умр ба сар мебаранд, вақтҳои охир бо мушкилоти боз ҳам бештари амниятӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудаанд.
Дар робита ба ин, бори дигар хотирнишон месозам, ки барои ба миён омадани чунин вазъи фоҷиабор мардуми Афғонистон бо таъриху тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи худ гуноҳ надоранд.
Ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми ин кишвари бостонӣ омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад, ки ҳоло низ идома дорад.
Бинобар ин, мавқеи Тоҷикистонро доир ба қазияи Афғонистон такроран эълон медорам, ки мо ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд ҳастем.
Ҳамчунин, мехоҳам боз як нуктаи муҳимро таъкид намоям, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои манфиатдор ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд.
Зеро бори дигар хотиррасон месозам, ки вазъияти сангину фалокатбори ин кишвар бо гуноҳи сокинони он ба вуҷуд наомадааст.
Ман дар ҳайратам, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ҳеҷ гуна ташаббус нишон намедиҳанд.
Дигар ин, ки бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистон боиси афзоиши хушунат, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии сокинони он, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта, фалокати башарӣ, ҳамчун маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат ва ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани амнияту субот дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мегардад.
Вазъияти Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири бевоситаи манфӣ мерасонад, зеро ман борҳо гуфтаам, ки амнияти минтақаи мо, дар навбати аввал, ба вазъи ин кишвари ҳамсоя вобаста мебошад.
Дар робита ба ин, хотиррасон месозам, ки тайи зиёда аз бист соли охир ман аз минбарҳои ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ҳамоишҳои байналхалқӣ ҳалли масъалаи Афғонистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо бор иброз дошта, таъкид намудам, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд танҳо бо роҳи музокирот ҳаллу фасл карда шавад.
Вале ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла доираҳои манфиатдору дахлдор ба ҳалли ин масъала то андозае бетафовутӣ зоҳир карданд.
Дар натиҷа мушкилоти Афғонистон ба ҷое расид, ки имрӯз тамоми башарият, махсусан, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавори онро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ овардааст.
Аз ин лиҳоз, бо истифода аз фурсат ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро бори дигар даъват мекунам, ки доир ба ҳалли мушкилоти ин кишвар ва ташкили ҳукумати мусолиҳаи миллӣ бо фарогирии манфиатҳои тамоми қавму миллатҳои сокини Афғонистон тадбирҳои фаврӣ ва дастҷамъона андешанд.
Инчунин, расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар аз ҷумлаи тадбирҳои таъхирнопазир мебошад.”
Вокуниши толибакон
   Баъди ин, аз ҷониби толибаке бо номи Наим Вардак, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар гӯё таҳдиде сурат гирифт. Ин гусолаи сиёсӣ мегӯяд, ки: “Агар ҷомиаи ҷаҳонӣ мудохила накунад, Тоҷикистонро дар зарфи 24 соат тасхир хоҳем кард.” Ҳой аблаҳ, хобатро ба об бигӯй! Ин ҷондорҳои аз роҳи ғайр таваллудшуда суханҳояшон зидду нақиз буда, имрӯз як гап мегӯянду пагоҳ дигар гап. Аввал гуфтанд, ки мо ба ҳеҷ кишвари ҳамсоя ҳуҷум намекунем ва чанд коршиноси аблаҳи дигар ҳам ҳамин гапро гуфт. Ҳоло чунин мегӯянд. Ба толиб бовар кардан туф кардан ба рӯи худ аст.
Ҳамчунин, як харриши дигар Мулло Абдулғанӣ Бародари ба гуфтаи Радиои “Озодӣ” “мӯътадил”, муовини раиси ҳукумати ташкилкардаи Толибон ва собиқ раҳбари дафтари сиёсии Толибон дар Қатар ҳам Тоҷикистонро дар мудохила дар умури “корҳои давлатдории худ” айбдор кардааст ва низ таҳдид карда будааст, ки “ҳар амал аксуламале дар пай дорад.”
Ғайр аз ин, ҳафтаи гузашта хабар додаанд, ки даҳҳо ҳазор нирӯҳои Лашкари Мансурии Иморати исломӣ дар се вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Тахор, Бадахшон ва Кундуз ҷобаҷо карда шудаанд.
Ин сифлатабъон бояд бидонанд, ки ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар Тоҷикистон зидди онҳо дар сафи аввал тоҷикон ҳастанд. Миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ бардагиро қабул накардааст ва нахоҳад кард. Мо барои номус ҳамеша меҷангем! Шукр, ки ҳоло артиши солим ва ҳирфавиро соҳиб ҳастем. Агар шумо бандаҳои пашм барои надоштаҳоятон-пул, сарват, тилло ва ҳокимият биҷангед, мо барои доштаҳоямон-номус ва адолати иҷтимоӣ ҷанг хоҳем кард.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон
   Пас аз он ки Афғонистонро созмони террористии «Толибон»* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда буд ва гӯё аморати исломиро ташкил кард, Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии фарзанди Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд-Аҳмад Масъуд ташкил шуд ва муборизаро барои як давлати муътадил бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон оғоз кард. Талафотеро, ки толибакони касиф дар Панҷшер доданд, дар 20 соли ахир надода буданд. Чандин касиф ба дӯзах равон карда шуд. Ҳоло сафи размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон рӯз то рӯз зиёд шудан дорад ва онҳо ба ҷангҳои чирикӣ гузаштаанд. Худо хоҳад ғолибият насиби Аҳмад Масъуд хоҳад шуд.
Латифи Пидром ва мавқеи ӯ
   Дар муроҷиати видеоии худ сиёсатмадори афғон Абдул Латиф Пидром ба “Азиа Пилус” гуфтаст, ки изҳороти Тоҷикистон дар бораи вазъи кунунии Афғонистон дахолат ба умури дохилии Афғонистон нест.
Ӯ зикр кардааст, ки гуфтаҳои ҷониби Тоҷикистон ба арзишҳои байнулмилалӣ ва Эъломияи ҳуқуқи башар мутобиқ аст. Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид доштааст, ки ҳукумати Толибон ҳоло аз ҷониби касе ба расмият шинохта нашудааст.
Пидром ҳамчунин дар бораи дахолати Покистон изҳори назар намуда, сафари роҳбари хадамоти иктишофии Покистонро ба Кобул хотиррасон кардааст ва гуфтааст, шахсони расмии Покистон ба саросари дунё сафар мекунанд, то ҷиҳати ба расмият шинохтани Толибон даст ёбанд.
“Кадом кишвар ба умури Афғонистон дахолат мекунад: давлате, ки роҳбари хадамоти иктишофии он ба Афғонистон барои идоракунӣ ва ҳамоҳангсозӣ корҳо меояд ё кишваре, ки мехоҳад ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ ва сиёсӣ ба ҳайати ҳукумат шомил карда шаванд?”, — иброз доштааст сиёсатмадор.
Илова бар ин, Пидром гуфтааст, иродаи неки Тоҷикитсон аст, ки бо вуҷуди таъхир дар пардохт аз Афғонистон, Душанбе интиқоли барқро ба ин кишвар идома медиҳад.
Дастбӯсии ҳамсояҳо
  Ахиран “хиради азалӣ”-и ҳамсояҳо аз худ дарак дода, Ӯзбакистон, Қрғзистон ва Қазоқистон ба дастбӯсии Толибон ба Кобул рафтанд. Муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қрғзистон дар назди толиб ончунон кӯз кард, ки хандаи зиёд дилкафак шудем. Намояндаи сафорати Ӯзбакистон бошад, дар Кобул ба толибакони касиф ҷома пӯшонду тоқӣ андохт. Мирзиёев бошад, онҳоро ҷаноб гуфт.
Ҳар давлат мавқеи худро дорад ва мо мебинем, ки ин ҳамсояҳо бо ин мавқеашон то ба куҷо мерасанд. Вақт довари ҳама чиз аст. Умри ботил кӯтоҳ мебошад.
Охирсухан
Ҳар як шаҳрванди баномуси ТОҶИК барои ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ҳамеша тайёр аст, ки биҷангад.
Истиқлолу озодии халқи тоҷик пояндаву ҷовидон бод!
Сулҳу оромии Ватан, суботи сиёсии ҷомеа ва ваҳдати миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон ҷовидон бод!
Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, сармуҳаррири рӯзномаи “Анвори дониш”-и
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment