Home ДАСТОВАРҲО 50 ДАСТОВАРДИ ДОНИШГОҲ ДАР 30 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

50 ДАСТОВАРДИ ДОНИШГОҲ ДАР 30 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

by admin
587 views

         Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷумлаи аввалин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар ҷануби Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Он дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси хоҷагии халқи ҷумҳурии азизамон нақши муассире дорад.

         Аз ин рӯ, хостем бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мухтассар чанд муваффақиятҳои бузурги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро аз соли 1991 то соли 2021 барои хонанда баён намоем.

1992: ШУЪБАҲО ВА ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАШКИЛ ШУД

Бо ибтикороти шахсан академик С.К.Каримов ва Вазорати маориф аз соли таҳсили 1992-1993 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ факултаҳо, шуъбаҳо ва ихтисосҳои нав ташкил менамоянд. Ин аз аввалин самараи соҳибистиқлолӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва заҳматҳои Президенти Ватани маҳбубу азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар баробари ташкил ёфтани факултаҳо ва шӯъбаҳои нав дар донишгоҳ факултаҳо рушд ёфта, хеле мустаҳкам гардиданд. Шумораи донишҷӯёну омӯзгорон босуръат афзудан гирифт. Соли таҳсили 1992-1993 дар факултаи математика 373 нафар донишҷӯ, физика 312 нафар, забон ва адабиёти тоҷик 549 нафар, забон ва адабиёти рус 556 нафар, дар факултаи методикаи таълими ибтидоӣ 388 нафар, шӯъбаи равоншиносӣ (психология) 167 нафар, биология 45 нафар, шӯъбаи муолиҷавӣ 127 нафар, табобати кӯдакон 77 нафар, таърих 37 нафар, шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерии хоҷагии кишоварзӣ 31 нафар, баҳисобгирии бухгалтерии саноатӣ 55 нафар, иқтисодиёти байналмилалӣ 30 нафар, иқтисодиёти иҷтимоию банақшагирӣ 35 нафар, шуъбаи англисӣ 28 нафар ва дар маҷмӯъ 2800 нафар донишҷӯён дар шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ таҳсил мекарданд.

1994: НАХУСТИН ВОХӮРӢ БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Муҳимтарин рӯйдод барои ҳайати профессорон, омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташрифи аввалини номзад ба раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (12 октябри соли 1994) ба шаҳри бостонии Кӯлоб ва донишгоҳ буд.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозии аҳли зиё ва донишҷӯёну омӯзгорон буд, ки аввалин вохӯрии номзад ба Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагон дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баргузор гардид ва ин яке аз санаҳои муҳимми таърихи донишгоҳ ба шумор меравад. Ба ин муносибат дар толори донишгоҳ маҷлис баргузор гардид. Маҷлисро бо сухани муқаддимавӣ ноиби ректор оид ба таълим, профессор С. Азизов кушода, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Дар маҷлис номзадро С.А. Патрикеев — Сардори қувваҳои муштараки сулҳҷӯй дар Тоҷикистон, М. Убайдуллоев — ҷонишини аввали раиси Шӯрои Вазирон, А. Салимов — раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон ҳамроҳӣ мекарданд.

1994: ТАЪСИСИ РӮЗНОМАИ «АНВОРИ ДОНИШ»

АНВОРИ ДОНИШ, рӯзнома, нашрияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, аз 1-уми сентябри соли 1994 нашр мешавад. Рӯзнома бо ташаббус ва дастгирии ректори ҳамонвақтаи донишгоҳ академик С.К.Каримов таъсис ёфтааст. Он дар Вазорати матбуот ва ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Вазорати фарҳанги ҶТ) таҳти рақами 285, аз 14.03.1994 ба қайд гирифта шуда, шумораи якуми он 01.09.1994 ба табъ расидааст. Мақсад ва вазифаҳои рӯзнома дар барнома ва оинномаи он чунин аст: тарғибу ташвиқи илму маърифат, инъикоси рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии донишгоҳ, пойдор гардонидани дӯстии ҷавонони гуногунмиллат, ҳимояи манфиатҳои Ҳукумати Конститутсионии Тоҷикистон ва тарғиби комёбиҳои илми дунё.

1945-2021: ҶАҲИШИ БАЛАНДИ ОМОРИ ДОНИШҶӮЁНУ ОМӮЗГОРОН

Соли аввали фаъолияти Институт (1945) дар факултаҳои мазкур ҳамагӣ 48 нафар абитуриентон қабул гардиданд, ки ба онҳо 9 нафар омӯзгорони таҳсилоти олидошта таълим медоданд. Нахустин директори он Раҳмон Каримов буда, тибқи фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми августи соли 1945 ба ин вазифа таъйин мешавад. Дар соли аввали таҳсил нақшаи қабули донишҷӯён 80% таъмин карда шуд, вале бо кӯмак ва дастгирии идораҳои марбутаи давлативу ҳизбии шаҳру вилояти Кӯлоб барои шогирдон ба миқдори зарурӣ синфхонаҳо, дафтарҳои корӣ, озмоишгоҳҳо ва хобгоҳ пайдо карда мешаванд. Раванди таълиму тарбия ба низом даромад. Омӯзгорони беҳтарин аз дуру наздик ҷамъ оварда шуданд.

Ҳоло бошад, Донишгоҳ аз 10 факултет, 32 кафедра (27 тахассусӣ ва 5 умумидонишгоҳӣ), хобгоҳ барои донишҷӯён ва омӯзгорон, 7 марказ (марказҳои бақайдгирии донишҷӯён, тестӣ, фосилавӣ, ТИК, омӯзиши забонҳо, рушди касбият ва инноватсия ва ҳунарҳои мардумӣ), 7 бинои таълимӣ, осоишгоҳи табоботӣ, гармхона, майдончаҳои варзишии тобистона ва зимистона, 7 100 ҷойи нишаст, парки технологӣ, Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ; Маркази касбомӯзӣ дар н.Муъминобод; Муассисаи такягоҳии литсей барои хонандагони лаёқатманд дар ш.Кӯлоб; Кӯдакистони «Ситора»-и назди донишгоҳ; Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализода дар ш. Кӯлоб; Истироҳатгоҳи «Истиқлол» дар н.Муъминобод иборат аст.

Дар донишгоҳ 68 ихтисос дар зинаҳои таҳсили бакалаврият, магистратура ва докторантураи PhD амал карда, соли ҷорӣ, дар баробари гурӯҳи ихтисосҳои амалкунанда, инчунин, роҳандозии ихтисосҳои нав дар нақша аст.

Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2021 12 111 нафарро ташкил медиҳад.

Шумораи умумии омӯзгорон дар донишгоҳ 562 нафарро ташкил дода, аз миёни онҳо 188 нафарашон занон мебошанд (33,5 %).

2015: ҶАШНГИРӢ АЗ 70-СОЛАГИИ ДОНИШГОҲ

Хурсандибахш буд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» аз 2-юми сентябри соли 2014, таҳти рақами 565 ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми сентябри соли 2015 дар саҳни донишгоҳ гузаронида шуд. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар паҳлуи ҳайати устодону омӯзгорон, донишҷӯён, хатмкардагони солҳои гуногун ва кормандони сохторҳои донишгоҳ 70-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Кӯлобро бо ифтихору сарбаландӣ ҷашн гирифтанд.

Дар ин рӯз бинои боҳашамати маъмурии донишгоҳ бо тамоми шароитҳои мусоид мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта шуд ва ин ҳамчун туҳфаи арзишманди Пешвои миллат ба омӯзгорони донишгоҳ буд.

2016: ҶОЙИ 2-ЮМ ДАР ОЗМУНИ «ДОНИШҶӮИ СОЛ»

Таърихи 20.10.2016 дар толори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат барои дарёфти унвони «Донишҷӯи сол — 2016» оғоз гардид.

Аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Шарипова Маҳинабону, донишҷӯи соли 4-уми факултаи молиявию иқтисодӣ иштирок намуд, ки аз ҷониби ҳайати Комиссияи босалоҳият, ки аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар таъсис ёфта буд, сазовори ҷойи 2-юм гардид ва бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Кумита сарфароз гардонида шуд.

2016: ДОНИШГОҲИ КӮЛОБ ДАР САРХАТИ МАҶАЛЛАҲОИ БОНУФУЗ

Моҳи ноябри соли 2016 бо ташаббуси ректори донишгоҳ профессор Абдулло Ҳабибулло фаъолият ва дастовардҳои олимону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тавассути 3 мақола дар маҷаллаҳои бонуфузи Федератсияи Россия-«Федеральный справочник» (ш. Москва) ва «Деловая Россия» (ш. Екатеринбург), ки бо теъдоди беш аз 10 000 нусха ба табъ мерасанд, инъикос гардид.

Вобаста ба ин, донишгоҳ ба реестри лоиҳаҳои нашрии ин маҷаллаҳо ворид карда шуда, соҳиби сертификат гардид.

Бояд гуфт, ки мақолаи дар «Федеральный справочник» (№11, ш. Москва) нашргардида ҷараёни таҷлили ҷашни 70-солагии донишгоҳ, ифтитоҳи бинои нави таълимию маъмурӣ ва муваффақияту дастовардҳои кормандону донишҷӯёнро дарбар гирифтааст.

 Ду мақолаи дигар, ки дар шумораҳои 9-10 маҷаллаи «Деловая Россия» (ш. Екатеринбург) ба табъ расидаанд, яке «Дар ҳамкорӣ ба сӯи уфуқҳои нави илм» ба 95-солагии Донишгоҳи давлатии Беларус ва «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб- маркази илму фарҳанг» ба 60- солагии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид бахшида шудааст.

2016: ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ҶОИЗАИ КУМИТАИ ҶАВОНОНРО СОҲИБ ШУДАНД!

Таърихи 29.12.2016 дар шаҳри Душанбе озмун миёни ҷавонон барои ба даст овардани Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рузноманигорӣ, санъат, барномасозӣ ва меъморӣ гузаронида шуд. Дар ин озмун аз тамоми муассисаҳои олии кабии мамлакат донишҷӯён ширкат варзиданд. Аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳам донишҷӯён иштирок намуда, Замираи Солеҳбой, донишҷӯи соли дуюми факултаи молиявию иқтисодӣ, ихтисоси молия ва қарз сазовори Ҷоизаи Кумита дар соҳаи санъат ва Аминҷон Назаров, донишҷӯи соли дуюми факултаи физика, математика ва информатика дар соҳаи барномасозӣ гардиданд.

2017: МАГИСТРАНТИ ДОНИШГОҲ ИХТИРОЪКОРИ №1-И ҶУМҲУРӢ ШУД!

Бахшида ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ таърихи 16-уми марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии «Фестивали донишҷӯёни навовар ва ихтироъкори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» баргузор гардид.

Аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ магистранти соли 2-юми ихтисоси химия Сайфуддинов Фирӯз, роҳбари илмиаш номзади илми кимиё, дотсент Холиқов Сафар, Умедаи Талаб, магистранти соли 2-юми ихтисоси информатика, роҳбари илмиаш мудири кафедраи илмҳои компютерӣ Рафиев Сафархон ва Назаров Аминҷон донишҷӯи соли 3-юми факултаи физика, математика ва информатика иштирок намуданд.

Дар натиҷа Сайфуддинов Фирӯз магистранти соли 2-юми ихтисоси химия сазовори ҷойи 1-ум гардида, Умедаи Талаб ҷойи 2-юмро ишғол кард. Назаров Аминҷон бошад, барои иштироки фаъолона бо сипоснома қадрдонӣ карда шуд.

2017: ДАСТАИ ДОНИШГОҲ СОҲИБИ ҶОМ ШУД!

Рӯзҳои 29-30.03.2017 бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал-озмуни донишҷӯён миёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат ҷиҳати дарёфти соҳибистеъдодҳои ҷавони эҷодкор бахшида ба «Соли ҷавонон» дар шаҳри Душанбе баргузор гашт. Дар фестивал дастаҳои донишҷӯёни муассисаҳои олии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Даври ниҳоии озмун дар дар Маркази ҷумҳуриявии фаҳангии ҷавонон «Ориёно» баргузор гашт.

Дар фестивал дастаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо роҳбарии Каримов Далер, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон, аъзоён Саидзода Розия, донишҷӯи соли 2-юми факултаи филологияи тоҷик ва журналистика, Замираи Солеҳбой, донишҷӯи соли 2-юми факултаи молиявию иқтисодӣ, Арабов Фирӯз, донишҷӯи соли 4-уми факултаи филологияи хориҷӣ, Майсараи Назримад, магистранти соли 1-уми факултаи омӯзгорӣ ва Акбаров Мақсуд, магистранти соли 1-уми факултаи физика, математика ва информатика иштирок намуданд.

2017: ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ДОНИШГОҲИ № 2-И ҶУМҲУРӢ ШУД!

21-22-юми апрели соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ даври хотимавии Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯёни 32 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 11 фанни таълимӣ (забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, технологияи информатсионӣ, таърихи халқи тоҷик, математика, физика, химия, биология — экология, назарияи иқтисодӣ, фалсафа) 271 нафар иштирок намуд.

Дар олимпиадаи мазкур донишҷӯён аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ дар мавзӯъҳои озод бахшида ба ҷашнҳо иншои хурд навишта, аз фанҳои дигар аз рӯи саволномаҳои тестӣ донишу маҳорати худро санҷиданд.

Дар олимпиада 11 нафар ғолиби ҷои якум, 14 нафар ғолиби ҷои дуюм, 21 нафар ғолиби ҷои сеюм гардида, 49 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.

Натиҷаи ҷамъбаст аз рӯи ҷойҳои бадастоварда нишон дод, ки бо гирифтани 5 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мақоми 1-ум, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо гирифтани 3 ҷойи аввал, 3 ҷои дуюм ва 3 ҷои сеюм дар мақоми 2-юм ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино бо гирифтани 2 ҷойи аввал 3 ҷойи дуюм ва 4 ҷои сеюм мақоми 3-юмро сазовор гардиданд.

2017: 2 МАГИСТРИ ДОНИШГОҲ АЗ ХОРИҶИ КИШВАР БО ДИПЛОМИ АЪЛО БАРГАШТАНД

Соли 2017 ду магистри донишгоҳ магистратураи донишгоҳҳои хориҷи кишварро бо дипломи аъло хатм намуданд.

Фирдавси Холмуҳаммад магистратураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Томски Федератсияи Россияро аз рӯи ихтисоси «Математика» ва Садафмоҳи Нуриддин Донишгоҳи технологии ба номи Ҷавоҳирлол Неруи кишвари Ҳиндустонро аз рӯи ихтисоси «Роҳбарияти тиҷорат» бо дипломи аъло хатм намудаанд. Айни замон ду нафар Сумани Бобохон дар магистратура ва Абдураҳмонова Нилуфар дар Ҷумҳурии Ҳиндустон таҳсил намуда истодаанд.

2017: ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ СОҲИБИ СЕРТИФИКАТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СИФАТИ АВРУПО ВА ҶОИЗА ГАРДИД!

Бо Қарори Ташкилоти байналмилалии сертификати сифати аврупоии Институти Шведсариягӣ (Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир) Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳлати эътиборнокии аз 30.08.2017 то 30.08.2018 соҳиби иҷозатнома (литсензия ва Сертификати байналмилалии сифати Аврупо (Ҷоиза) гардид.

Ин иҷозатнома ва Ҷоиза бар пояи саҳми назарраси донишгоҳҳо дар сатҳи байналмилалӣ ва ширкати кормандон дар лоиҳаҳои таълимӣ, чопи мақолаҳо дар маҷаллаҳои хориҷи кишвар дода шуда, мавқеъ, нуфуз ва рейтинги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро боз ҳам балантар гардонид.

2017: СОРБОН ЛАТИФОВ — ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ВА БИНОӢ РАҲИМОВ — ЧЕМПИОНИ ОСИЁ

Аз 9 то 12-уми ноябри соли 2017 мусобиқаи ҷаҳонии самбо байни 93 давлати дунё дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуд. Дар ин сабқати ҷаҳонӣ варзишгари тоҷик Сорбон Латифов, донишҷӯи соли 3 факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ иштирок намуда, дар вазни 62 кило дар риштаи самбои размӣ қувваозмоӣ карда, сазовори ҷойи 3-юм ва барандаи медали биринҷӣ гардид.

Инчунин, таърихи 12-уми ноябри соли ҷорӣ донишҷӯи соли 3-юми факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Раҳимов Биноӣ низ дар мусобиқаи байналмилалии варзишие, ки миёни давлатҳои Осиё дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, аз риштаи варзиши Тхэквондо иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид.

2018: «ХУДОВАНДАГОРИ СУХАНИ ПОРСӢ» СОҲИБИ ҶОИЗА ШУД!

Китоби Зафар Мирзоев (Зафар Мирзоён), аъзои Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеа зери унвони «Худовандагори сухани порсӣ», (Душанбе, нашрияи «Адабиёти бачагона», соли 2015, иборат аз 390 саҳифа), китоби сеюми муаллиф буда, дар миёни мардуми кишвар хонандагони бешумореро пайдо кардааст. Ӯ дар навишторҳои худ ба сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус ба сиёсати густариши андешаи хештаншиносии миллӣ ва меҳанпарастӣ такя намудааст. Дар ин росто муаллиф, дар баробари даъват ба омӯзиши дурусти таърих, забон ва фарҳанги тоҷикон, қалами расои худро бар зидди дингароёни ифротӣ, пантуркистон ва дигар нотавонбинони асолати миллии тоҷикон равона кардааст.

Бо назардошти паҳлӯҳои намоёни китоби «Худовандагори сухани порсӣ», эҷодкорӣ ва биниши тозаи муаллифи он дар вилоят моҳи декабр ба Ҷоизаи ба номи Носири Хисрав сазовор дониста шуд.

2018: ХАЙРУЛЛО ДАР МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ НИЗ ҒОЛИБ ГАРДИД!

Таърихи 18-уми марти соли 2018 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Варзиши сабук» бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида шуд, ки дар ин мусобиқа Шоҳимардонов Хайрулло, ассистенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ бо методикаи таълими он сазовори ҷойи 3-юм гардид ва бо диплому туҳфаҳо сарфароз гардонида шуд.

2018: ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ ДОНИШГОҲ ДАР БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 6-уми апрел дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, маросими кушодашавии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 баргузор гардид.

Варзишгарони тоҷик аз рӯи 11 намуди варзиш, аз қабили гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ», гӯштини юнонӣ — румӣ, самбо, дзюдо, тарзи озод, таэквандо (ВТФ), баскетбол (мардон, бонувон), волейбол (мардон, бонувон), варзиши сабук, бокс ва вазнабардорӣ миёни ҳам рақобат мекунанд.

Бозиҳои варзишии Тоҷикистон — 2018 дар ҳудуди кишварамон то 2 майи соли ҷорӣ идома ёфтанд.

Дар ин мусобиқа донишҷӯёни факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабудллоҳи Рӯдакӣ низ аз нумуди «бокс» ва «гӯштингирӣ» иштирок намуданд ва сазовари ҷойҳои намоён гардида бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуданд ки инҳо мебошанд:

  1. Сагизов Бахтовар оид ба «бокс» дар вазни 56кг сазовори ҷойи 1-ум;
  2. Юнусзода Сунатулло оид ба «бокс» дар вазни 52кг сазоври ҷойи 1-ум;
  3. Суфиев Баҳом оид ба «Гӯштингирӣ» дар вазни 65кг сазовори ҷойи 1-ум;
  4. Шарипов Некруз оид ба «бокс» дар вазни 69кг сазоври ҷойи 3-юм;
  5. Дурандеши Амирхон оид ба «бокс» дар вазни 56кг сазовори 3-юм;
  6. Раҳматова Матлуба оид ба «бокс» дар вазни 51кг сазовори ҷойи 3-юм;
  7. Мухторова Меҳрона оид ба «бокс» дар вазни 60кг сазовори ҷойи 3-юм;
  8. Мавобуллои Хуршед оид ба «Гӯштингирӣ» дар вазни 75кг сазовори ҷойи 3-юм;

Аз тарафи Раиси Федератсияи бокси вилоят муҳтарам Абдулаҳад Ҳакимӣ барои ғолибони Спартакиадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс байни мардон Юнусзода Сунатулло ва Сагизов Бахтовар бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.

2018: ИФТИТОҲИ КӮДАКИСТОНИ «СИТОРА»

Санаи 4-уми сентябр бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолияти кӯдакистон ба роҳ монда шуд.

Кӯдакистон «Ситора» номгузорӣ шуда, ҳамчун муассисисаи томактабӣ дар назди донишгоҳ мебошад. Кӯдакистон асосан барои кӯдакони устодону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ таъсис дода шуда, ҳамзамон ҳамчун базаи таҷрибавии назди донишгоҳӣ барои донишҷӯёни факултаи омӯзгорӣ, шуъбаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамояд.

Бо мақсади инкишофи қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ ва омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ кӯдакистон таъсис ёфтааст.

Кӯдакистон имконияти то 200 нафар кӯдакро қабул кардан дорад ва айни ҳол 100 нафар кӯдак ба таълим фаро гирифта шудааст. Барои инкишофи хуби ҷисмонӣ ва инчунин дар сатҳи хуб ба роҳ мондани таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ мутахассисони хуби соҳавӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

2018: ИФТИТОҲИ МУҶАССАМАИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

Санаи 22-юми сентябри соли 2018 бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ифтитоҳи муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сурат гирифт.

Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илми физика ва математика, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Абдулло Ҳабибулло, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ва аз меҳмонони расмӣ муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирбобоев Раҳматулло, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло, муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон, шоири эронитабори муқими Амрико Масъуди Сипанд, шоирони шинохтаи ҷумҳурӣ Ҳақназар Ғоиб ва Хосият Вализода, шоирон аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки роҳбарияти шаҳр, раёсати донишгоҳ ва меҳмонон сурат гирифт. Сипас, раиси шаҳри Кӯлоб, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Амонулло суханронӣ намуда, ҳозиринро бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ ва ифтитоҳи муҷассама табрик намуд.

2018: БОЗ ЯК ДОНИШҶӮИ ДИГАР ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ШУД!

Рӯзҳои 19-22 октябри соли 2018 бори аввал дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди варзиши «Ҷию Ҷитсу» баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони зиёда аз 100 кишвар иштирок доштанд.

Аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ донишҷӯи соли 2-юми факултаи молиявию иқтисодӣ Муродов Фазлиддин иштирок намуда, бо 4 рақибаш, ки аз Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Амрико буданд, дастболо гашта, дар вазни 73 кило ҷои аввал ва медали тиллоро насиб гашт. Ӯ чемпиони ҷаҳон шуд.

2018: СОРБОН ЛАТИФОВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2018 МЕДАЛИ БИРИНҶИРО СОҲИБ ГАШТ!

Рӯзҳои 9-11-уми ноябри соли ҷорӣ Чемпионати ҷаҳон-2018 дар шаҳри Бухарести Руминия баргузор гардид. Дар ин чемпионат ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо иштирок карданд.

Муваффақият ин аст, ки дар ин чемпионат Хушқадам Хусравов, варзишгари тоҷик дар вазни 62 кило чемпиони ҷаҳон гардид. Инчунин, дар баробари Хушқадам Хусравов боз се тан самбочии дигари мамлакат — Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни 74 кило, Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кило ва Сорбон Латифов, донишҷӯи соли 4-уми факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар вазни 62 кило медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд.

Дар маҷмӯъ Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба самбо 12 тан варзишгар — 8 нафар дар самбои варзишӣ ва 4 тани дигар дар самбои размӣ намояндагӣ карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ ҷои 3-юмро ишғол кард.

Инчунин, аз намуди самбои размӣ Сорбон Латифов, донишҷӯи соли 4-уми факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар вазни то 62 кило барандаи медали биринҷӣ гардида буд.

2018: БАҲРИДДИН-УСТОДИ ВАРЗИШИ ДАРАҶАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Рӯзи 12-уми декабри соли 2018 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «вазнбардорӣ» байни ҷавонон (писарон ва бонувон) гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯи донишгоҳ Нуриддинов Баҳриддин иштирок намуда, насиби ҷойи 1-ум гашт ва бо диплому ифтихорномаи кумита қадрдонӣ карда шуд.

Инчунин, Баҳриддин бо фармони Раиси кумита ба шаҳодатномаи Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ мушарраф гардонида шуд.

2019: ХАЙРУЛЛО РОҲХАТ БА ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2020 ГИРИФТ!

Санаи 12-уми декабри соли 2018 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди МДММВЗО оид ба варзиши сабук гузаронида шуд, ки дар ин мусобиқа ассистенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Шоимардонов Хайрулло иштирок намуда, сазовори ҷои 1-ум гардид ва бо ифтихорномаву медал сарфароз гардонида шуд.

Инчунин, Шоимардонов Хайрулло барои муваффақиятҳои пайдарпаяш роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон, ки соли 2020 гузаронида мешавад, гирифт.

2019: ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ  СЕРТИФИКАТИ КОРШИНОСИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО СОҲИБ ГАШТАНД!

Бо мақсади иштирок дар семинари байналмилалӣ, ки дар ҳамоҳангсозӣ бо ВМИҶТ ва Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (АМАР) дар мавзӯи «Аккредитатсия — механизми самараноки таъмини сифати таҳсилот», ки дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон рӯзи 21 феврал бо иштироки муовини аввали ВМИ ҶТ Мирбобоев Р.М., Сардори Раёсати мактабҳои олии ВМИҶТ Ҳайдаров Ф.Н., Директори АМАР Жумагулова Алина Боқитҷоновна, коршиносони байналмилалӣ Яновская О.А., Медетов Б.Е., Сайдуллаева М.А. ва муовинони ректорони 29 МТОК ҶТ оид ба таълим ва муносибатҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Худойдодова Шарофат, ноиби ректор оид ба таълим Холиқзода Айниддин ва сардори раёсати таълим Шарипов Анвар дар ин семинар иштирок доштанд.

Зимни семинар оид ба масъалаҳои мубрами баланд бардоштани сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон маърӯзаҳо шунида шуданд.

Сипас, гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ба саволномаҳо (анкетаҳо) ҷавоб гардонида шуд. Дар фарҷоми семинари мазкур ба иштирокчиёни фаъол Сертификати коршиноси байналмилалӣ (дараҷаи III), ба муҳлати эътиборнокӣ аз 21.02.2019 то 21.02.2024 тақдим карда шуд.

2019: ЗАФАР МИЗОЁН БАРАНДАИ ҶОИЗАИ БА НОМИ АБУЛҚОСИМ ЛОҲУТӢ ГАРДИД!

 Соли 2019 чор нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардиданд. Инҳо Зафар Мирзоев, мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Зариф Ғуломов, Ҳафиз Раҳмон дар бахши матбуот ва Умедҷон Ҷумъаев дар бахши телевизион мебошанд. Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутиро дар маросими ботантана дар шаҳри Душанбе Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба барандагони он тақдим намуданд. Бояд тазаккур дод, ки Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ 42 сол муқаддам дар Анҷумани панҷуми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо қарори Котиботи раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз 20 августи соли 1977 таъсис дода шудааст.

2019: АКАДЕМИК САМАРИДДИН КАРИМОВ АЗ ТАРАФИ МД ММПИ БО «НИШОНИ ФАХРӢ» ҚАДРДОНӢ ГАРДИД!

Санаи 26.04.2019 озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018» бахшида ба Рӯзи молкияти зеҳнӣ, ки аз тарафи Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот гузаронида мешуд, ҷамъбаст гардид.

Хушбахтона, дар миёни 60 ихтирооти беҳтарини ҷумҳурӣ, ки ба ин озмун даъват гардида буданд, бо Қарори комиссияи озмунӣ устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илмҳои химия, профессор, узви пайвастаи АМТ Самариддин Каримов бо Нишони фахрӣ ва Сайфуддинов Фирӯз, сардори маркази истеъдодҳои донишгоҳ барои ишғоли ҷои якум ба дипломи дараҷаи 1 сарафроз гардонида шуданд.

2019: ЗАМИРА-ШОҲМОТБОЗИ № 1-УМ!

Санаи 6-уми сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон оид ба «Шоҳмот» барои варзишгарони аз 12-сола то 20-сола барои дарёфти «Ҷоми Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи донишгоҳ Азимова Замира иштирок намуда, соҳиби ҷойи 1-ум шуд ва бо туҳфаву ифтихорнома қадрдонӣ карда шуд.

Инчунин, дар марҳилаи сеюми мусобиқаи интихобӣ оид ба «Шоҳмот» барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» ки дар шаҳри Кӯлоб, ки санаи 22-юми сентябр баргузор гардид, ҷойи 1-умро ишғол намуда, соҳиби ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

2019: ХИЗРАЛӢ ҶОЙИ 1-УМРО ГИРИФТ!

Соли 2019 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи миллии Ҷиу-Ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди варзиши Ҷиу-Ҷитсу дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа донишҷӯйи донишгоҳ Каримов Хизиралӣ дар вазни 80 кило насиби ҷои 1-ум гардид ва аз тарафи федератсия бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуд.

2019: МЕДАЛИ ТИЛЛОИ НАВБАТИИ БИНОӢ!

Рӯзҳои 28-30-уми ноябри соли ҷорӣ мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки донишҷӯи факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Раҳимов Биноӣ дар он иштирок намуда, сазовори ҷои 1-ум шуд ва соҳиби медали тилло гашт.

2020: «АНВОРИ ДОНИШ» — БАРАНДАИ ҶОИЗАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН «НЕРУИ СУХАН-2019» ГАРДИД!

Озмуни вилоятии беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Неруи сухан», ки тибқи қарори раиси вилояти Хатлон «Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни беҳтарин маводи журналистӣ барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон таҳти унвони «Неруи сухан»», таҳти №10, аз 8 январи соли 2020 ба имзо расида буд, рӯзи 10-уми марти соли ҷорӣ ҷамъбаст гардид.

Имсол дар озмун 50 довталаб беш аз 250 маводи журналистӣ пешниҳод кард. Кумитаи тадорукотӣ бо ҷалби мутахассисони баландихтисоси соҳа пас аз омӯзишу баррасии матолиби пешниҳодшуда ғолибони ҷоизаи вилоятии «Неруи сухан-2019»-ро муайян намуданд.

Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ» нашрияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ — «Анвори Дониш» соҳиби Дипломи дараҷаи 1 гардида, барандаи Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон таҳти унвони «Неруи сухан» дар соли 2019 гардид!

2020: ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ҒОЛИБИ ҶОМИ АИ ГАРДИД!

Рӯзҳои 12-13-уми марти соли 2020 дар бинои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии Олимпиадаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад. Барои шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани олимпиада ҳайати ҳакамон аз ҳисоби олимони Академия таъсис дода шуд.

Аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ донишҷӯён дар ин олимпиада иштирок варзиданд, ки дар ҷамъбаст Ҳусайнов Ҳусниддин, донишҷӯи соли 5-уми факултаи химия, биология ва география ғолиби ҷои аввал дар соҳаи химия ва Авалов Бахтиёр, донишҷӯи соли 3-юми факултаи физика ва математика дар соҳаи техналогияи иттилоотӣ ғолиби ҷои сеюм гардиданд.

2020: ҶОЙИ 1-УМ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ГУЛҲО — «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

30-юми марти соли 2020 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» барои солҳои 2019-2021 дар вилояти Хатлон фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи 1-ум дониста шуд ва бо Дипломи дараҷаи 1 дар соли 2020 қадрдонӣ карда шуд.

2020: ТАЪСИСИ ОЗМОИШГОҲИ БИОТЕХНОЛОГИЯ БО МАБЛАҒИ 1 000 000 СОМОНӢ

Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» «Такмили барномаҳои таълимии ихтисоси биология (биотехнология) вобаста ба талаботи бозори меҳнат» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонии рушд ба маблағи 1 миллион сомонӣ таҳизоти озмоишгоҳӣ ворид карда шуда, озмоишгоҳи замонавии биотехнология ифтитоҳ ёфт.

Озмоишгоҳро имрӯз ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом ва намоянда аз Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб ба истифода доданд. Профессор Мирализода Абдусалом зимни суханронӣ ба донишҷӯён таъкид кард, ки бояд ҳар яки шумо аз технологияи муосир ба хубӣ истифода бурда, малакаи касбии худро рушду такомул диҳед.

Озмоишгоҳ дорои таҷҳизоти муосири таҳлилу ташхиси маводи ғизоӣ, микроорганизмҳо, таркиби об ва дигар хусусиятҳо буда, дар он донишҷӯёни ихтисоси биотехнологияи факултети химия, биологияи ва география донишҳои назариявии андӯхтаи хешро тавассути гузаронидани таҷрибаҳо дар амал татбиқ менамоянд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур тӯли 1 сол омӯзгорон ва донишҷӯёни самти биология ва биотехнология ба семинару тренинигҳои такмили ихтисос ва истифодаи технологияи нави озмоишгоҳӣ фаро гифта мешаванд.

Ифтитоҳи озмоишгоҳ дар партави амалигардонии «20-солаи рушди илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ» падидаи назаррас ва пурманфиат мебошад.

2020: ҶОЙИ 1-УМ ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Санаи 18-уми соли 2020 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар он гирандаи Шоҳҷоизаи озмун ва ғолибони номинатсия муайян гардида, бо туҳфаҳои Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Қурбонов Хуршед, саромӯзгори кафедраи менеҷмент ва маркетинги факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз рӯи номинатсияи «Хондан ва аз ё кардани осори адабиёти ҷаҳон» дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори ҷои 1-ум гардида, насиби 30000 сомонӣ гардид.

2021: РОҲХАТ БА ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

Мустафои  Раҳмоналӣ, донишҷӯи курси  якуми факултети тарбияи ҷисмонӣ  ва  омодагии  дифои  ҳарбӣ санаи 1-уми декабри  соли  2020 дар Чемпионати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  намуди варзиши  Ҷиу-Ҷитсу  дар  вазни  62 кило роҳхат  барои  иштирок  дар  Чемпионати  ҷаҳон  гирифт ва  варзишгари беҳтарини сол  дониста шуд.

2021: ЧОҲИ АМУДӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДА ШУД!

Санаи 6-уми феврали соли ҷорӣ бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Абдуқодир Вализода, раиси шаҳри Кӯлоб, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илми педагогика, профессор Мирализода Абдусалом ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба пешвозгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони факултети химия, биология ва география 1 адад чоҳи амудӣ барои таъмини донишгоҳ бо оби тозаи ошомиданӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа татбиқи амалишавии ин лоиҳаро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, барои бо сифат анҷом додани корҳои баанҷомрасида ба раёсати донишгоҳ арзи сипос намуд.

Аз ҷумла афзуд: «Ин кори хайр шаҳодат аз дастгирии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва мо бовар дорем, ки раёсати донишгоҳ дар оянда низ чунин корҳои ободкориро давом медиҳад. Ҳамаи сокинони шаҳри Кӯлобро ба ин рӯзи нек муборакбод мегӯям.»

Бо амалӣ гаштани ин лоиҳа, яъне таъмини донишгоҳ бо оби нӯшокӣ, пурра таҷдиду навсозӣ ба ҳалли яке аз мушкилоти асосии сокинони шаҳри Кӯлоб мусоидат менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки раёсати донишгоҳ баҳри беҳбуд бахшидани шароити хобгоҳи донишгоҳ, ободкориву созандагӣ ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолиятӣ давлатӣ кӯшишу заҳматҳои зиёд кашида истодааст.

Ҳадаф аз татбиқи ин лоиҳа, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонӣ ва беҳдошти об дар шаҳр, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, ҷорӣ намудани низоми устувор мебошад.

2021: МАТЕМАТИКИ № 1

Санаи 23.04.2021 дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» гузаронида шуд.

Дар ин озмун донишҷӯи курси чоруми факултети физика ва математика Ахмедов Бахтиёр аз рӯи равияи математика иштирок намуда, сазовори ҷои якум, ҷом ва дипломи дараҷаи 1 гардид.

2021: ТАЪМИНИ ТЕХНИКИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Бо мақсади таъмини техникии раванди таълим бо технологияи информатсионӣ дар донишгоҳ 571 адад компютер, аз ҷумла 518 адад компютери рӯимизӣ, 53 адад ноутбук, 50 адад тахтаҳои электронӣ ва 55 адад видеопроекторҳо мавриди истифода қарор доданд.

Дар донишгоҳ 6 синфхонаи компютерӣ бо теъдоди 246 адад компютер ва 5 синфхонаи лингофонӣ бо теъдоди 60 адад компютер фаъолият менамояд. Таносуби миқдори компютерҳо ба миқдори донишҷӯён ба 0,06 баробар аст, яъне ба ҳар 17 нафар донишҷӯ 1 компютер рост меояд. Дар Донишгоҳ 332 адад компютер ба шабакаи интернет пайваст мебошад.

2021: ПОЯИ МОДДӢ-ТЕХНИКИИ ДОНИШГОҲ

Пояи моддӣ-техникии Донишгоҳ торафт пурқувват гашта, яке аз асосҳои баланд гардидани сатҳу сифати таълим маҳсуб меёбад. Донишгоҳ ба шабакаи Интернет пайваст буда, омӯзгорону донишҷӯён пайваста аз он истифода мебаранд. Китобхонаҳо ва толорҳои хониши Донишгоҳ ҳамеша дар хизмати донишҷӯёну омӯзгорон буда, дорои беш аз 150 000 адад адабиёти илмӣ, таълимӣ, сиёсӣ, бадеӣ аст.     

Дар донишгоҳ озмоишгоҳҳо аз фанҳои оптика, радиотехника, химияи органикӣ ва ғайриорганикӣ, физикаи ҷисмҳои сахт, механика, электроника, физикаи молекулавӣ, барқ, физикаи атом, микроэлектроника, таҳлилкунии техникӣ ва моделсозӣ, назарияи лапиш ва протсесҳои мавҷӣ, дастгоҳҳои радиошунавонӣ ва ТВ, физикаи мактабӣ, методикаи таълими физика, дастгоҳҳои харротӣ, нақлиёт, саноати қаннодӣ фаъолият намуда, ба қадри зарурӣ таҷҳизонида шудаанд. Китобхонаи электронии донишгоҳ дорои беш аз 100000 феҳрасти адабиёти илмӣ ва таълимӣ бо 25 ҷои нишаст таъмин мебошад.

1945-2021: ОМОРИ ДОНИШҶӮЁНУ ОМӮЗГОРОН ДАР ТӮЛИ 76 СОЛ

Дар муддати 75 соли фаъолияти хеш ин боргоҳи илму маърифат тавонист, ки теъдоди донишҷӯёнро аз 48 то ба зиёда аз 11 000 ҳазор нафар, шумораи устодону муаллимонро аз 9 ба 580 нафар, миқдори кадрҳои дараҷа ва унвони илмидорро аз 5 номзади илм ба зиёда аз 130 нафар ва докторони илму профессоронро аз сифр ба 29 расонад.

2021: САФАРИ СЕЮМИ ПРЕЗИДЕНТ

15 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боздид аз ҷараёни корҳои барқарорсозии иншооту манзилҳои бар асари офати табии моҳи майи соли ҷорӣ зарардидаи шаҳр ва шиносоӣ бо вазъи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб сафари корӣ намуданд.

Дар ин сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номояндагони оилаҳои зарардидаи шаҳри Кӯлоб дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Аӯбӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мулоқот намуданд. Дар ин давра бинои асосии донишгоҳ, аз ҷумла толори фарҳангии рақами №1 донишгоҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, таҷҳизоти нав харидорӣ гардид.

2021: ХАРИДОРИИ МИЗУ КУРСӢ ВА ТАҶДИДИ СИНФХОНАҲО

Дар соли таҳсили равон бо харидории мизу курсӣ ва таҷдиди синфхонаҳо, 2255 ҷойи нишаст зиёд шудааст.

Барои боло бурдани сатҳу сифати таълим як лабораторияи замонавии биотехнология барои ихтисосҳои биология — биотехнология, як лабораторияи санҷиши оби ошомиданӣ, маркази илмии «Ҳамадонишиносӣ» ва китобхонаи тахассусӣ дар заминаи факултети филологияи тоҷик ва журналистика (бо теъдоди 2 600 адабиёт), ду маркази имтиҳонотӣ бо фарогирии 80 компютер ташкил ва харидорӣ гардида, 10 лабораторияи факултети физика — математика азнавсозӣ карда шуд. Дар ин замина, атрофу акнофи муассиса ва намои зоҳирии биноҳои таълимӣ таъмир гардида, бетонпуш гардиданд. Роҳраву атрофи муассиса гулзор карда шуда, манзараи он ба шаҳри бостонии Кӯлоб зебоии дигар зам мекунад.

2021: ХАРИДОРИИ СЕРВЕРИ ПУРИҚТИДОР

Дар соли ҷорӣ бо дастгирии раёсати донишгоҳ 1 адад сервери пуриқтидор харидорӣ ва насб карда шуд, ки минбаъд раванди автоматикунонии таълим ва имтиҳонҳои ҷорӣ пурра тавассути сервери ягона сурат мегирад.

2021: ҲИМОЯИ РИСОЛАҲОИ НОМЗАДӢ

Дастовардҳои илмии омӯзгорони донишгоҳ умедбахш аст, зеро дар 6 моҳи соли равон 17 нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаҳои илмии худро дифоъ намуда, 5 нафар барои ҳимоя расман иҷозат гирифта, рисолаи илмии 54 нафар таҳқиқотчиён пурра анҷом ёфта, дар арафаи ҳимоя қарор доранд. Ин раванд низ рӯ ба инкишоф буда, нисбат ба соли гузашта бо назардошти теъдоди умумии омӯзгорон 1,6% зиёд мебошад.

2021: ФОНДИ УМУМИИ КИТОБХОНА

Фонди умумии китобхона дар давраи ҳисоботӣ 296 801 номгӯйро ташкил медиҳад. Фонди умумии китобхонаи электронӣ бошад дар соли таҳсили ҷорӣ аз 196 425 номгӯй иборат мебошад ва теъдоди зикргардида ба соҳаҳо ҷудо карда шуда, мавриди истифода мебошанд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 3 200 адад зиёд мебошад.

2010-2021: 100 НАФАР ОМӮЗГОРОН РИСОЛАҲОИ НОМЗАДӢ ҲИМОЯ КАРДАНД

Хушбахтиовар аст, ки дастовардҳои илмии омӯзгорони донишгоҳ умедбахш буда, аз соли 2014 то ҳол 100 нафар омӯзгорони донишгоҳ рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд.

2021: ҶОИЗАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОНРО ГИРИФТЕМ!

Боиси ифтихор аст, ки санаи 6-уми январ олимаи ҷавон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Расулова Лутфия соҳиби «Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон» барои олимони ҷавон гашт. Ҷоиза ва туҳфаҳоро ба муаллима муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ тақдим намуд.

2021: ҒОЛИБИЯТИ ОМӮЗГОРОН ДАР ОЗМУНҲО

Боиси сарфарозист, ки Зафар Мирзоён — мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеа барои силсилаи мақолаҳо доир ба ҳаёту фаъолияти сиёсиву ҷамъиятии адиби зиндаёд, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода дар озмуни ҷумҳуриявие, ки аз тарафи нашрияи «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шаҳринаву Турсунзода ва шаҳри Ҳисор доир гардид, ғолиб ва соҳиби Шоҳҷоиза гашт.

Ҳафтаномаи «Омӯзгор» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» озмун эълон карда буд. Озмун аз моҳи марти соли 2020 то аввали моҳи июни соли 2021 идома ёфт. Хурсандиовар аст, ки Ислом Ғуломов, Корманди шоистаи ҶТ, доктори илмҳои педагогӣ, профессори донишгоҳ барои мақолаи «Риёзидон бояд ҳамадон бошад» дар озмуни мазкур ҷойи дуюмро соҳиб гардид.

2021: МАТЕМАТИКАИ № 1

Рӯзи 23.04.2021 дар МДТ «Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти»Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» гузаронида шуд. Донишҷӯи курси чоруми факултети физика ва математика Ахмедов Бахтинур аз рӯи равияи математика дар озмун иштирок намуда, сазовори ҷои якум, ҷом ва дипломи дараҷаи 1 гардид.

2021: РЕЙТИНГИ ДОНИШГОҲ 5 ЗИНА БОЛО РАФТ

Натиҷаи заҳматҳои омӯзгорон ва олимон буд, ки нимсолаи аввали соли 2021 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳогузорӣ карда мешавад, нисбат ба солҳои гузашта 5 зина боло рафта, ҳамакнун аз мақоми 17-ум дар мақоми 12-ум қарор дорад.

Ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва тафаккури созандаву ободкорона дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҷлили шоиста аз ҷашни муқаддаси миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвари биҳиштосоямон Тоҷикистони азиз ҳамаҷониба омодагӣ дида, фаъолона ширкат варзиданд.

                                                                                                                                     Таҳияи

                                                                                                                         Ҷаҳонгир РУСТАМШО

Related Articles

Leave a Comment