Home ХАБАР ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

by admin
230 views
Санаи 10-уми сентябри соли равон дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ баргузор гардид.
Ҷамъомадро ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо бо суханони табрикӣ ва қаноатмандӣ аз ҷараёни ҷашнгирии ин рӯзи фархунда оғоз намуд. Аз ҷумла изҳори сипос намуд, ки коллективи омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳ дар омода намудани паради ҳарбӣ ва роҳпаймоии ҷашнӣ, ки намоишгари ваҳдат ва иттиҳоди ногусастании мардуми шаҳри бостонии Кӯлоб мебошад, саҳми арзанда гузоштанд.
Ҳама 10-факултетҳои Донишгоҳ бо низоми муайян ва тайёрии шоиста аз майдон гузаштанд. Раёсат ба чунин қарор омад, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалии Раҳмон аз сентябри соли ҷорӣ стипендияи донишҷӯён 30 дарсад афзуда шавад. Ҳамчунон раёсати Донишгоҳ тасмим гирифт, ки маоши кормандони Донишгоҳ 10 дарсад зиёд карда шавад.
Инчунин ба якчанд омӯзгори Донишгоҳ барои саҳми муносиб дар ҳаракати иттифоқи касаба ва рушди соҳаи маориф ва илм бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.
Дар поёни ҷамъомад дар як фазои идона ва фараҳбахш консерти ҳунармандони Донишгоҳ бо суруду таронаҳои дилнишин намоиш дода шуд.

Related Articles

Leave a Comment