Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БОЗГАШТИ ФИРОРИЁН БА ВАТАН

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БОЗГАШТИ ФИРОРИЁН БА ВАТАН

by admin
559 views

     Таърих гувоҳ аст, ки ҳазорон ҳазор фарзандони халқи тоҷик бар асари ҷангу ҷидолҳо, рӯйдоду сабабҳои гуногун дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ аз марзҳои бобоии хеш дур афтодаанд. Тӯфони қисмат ҳаммилатони моро ғарибу фирорӣ гардонда, дар чор тарафи дунё парешон кардааст.

                                                                                                                       Эмомалӣ Раҳмон

24 сол қабл аз ин бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази илмӣ -татқиқотии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хотири омӯзиши пурраи таърихи халқи тоҷик ва омӯзишу даъвати тоҷикони бурунмарзӣ татқиқоти омӯзиши тоҷикони ҷаҳон ба роҳ монда шуд. Ин буд, ки доктори илмҳи таърих, профессор Бобохонов Мансур бо заҳмати зиёд маводҳои лозимиро ҷамъбаст карда, нашри якуми китоби худ «Таърихи тоҷикони ҷаҳон»-ро соли 1999 чоп карда буд ва минбаъд онро такмил дода, соли 2010 аз сари нав пурра сохт ва ба хонандаи тоҷик дастрас шуд. Дар мувофиқа бо қарори Шӯрои олимони факултаи таърихи Донишгоҳи милли Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 1994 дар факултаи Таърих фанни нав бо номи «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» ҷорӣ карда шуд. Зеро бидуни таърихи тоҷикони хориҷи кишвар таърихи халқи тоҷик пурра нахоҳад буд.

Теъдоди тоҷикони хориҷи кишвар нисбат ба теъдоди тоҷикони Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан ҳафт маротиба бештар мебошад ва зиёда аз 50 миллион нафарро ташкил дода, ҳудуди фарогири онҳо 50 давлати дунёро дарбар намудааст. Вале боиси таассуф аст, ки таърихи онҳо дар маҷмӯъ то он вақт (1994) мавриди омӯзиши махсус қарор нагирифта буд. Дар замони Шӯравӣ имконияти холисона навиштани таърихи онҳо (тоҷикон) вуҷуд надошт. Роҳбарони собиқ Иттиҳод ва Ҷумҳурӣ барои халалдор нагаштани муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои дигар имкон намедод, ки таърихи тоҷикони мамлакатҳои хориҷӣ ба пуррагӣ ва холисона баррасӣ гардад. Вале ин дӯру дароз давом накард ва баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар ҳудуди он давлатҳои алоҳидаи мустақил таъсис ёфтанд ва дорои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ шуданд. Аз он ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз дурдастарин ҷумҳурии Иттиҳод буд, 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дувуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул карданд ва дар сарнавишти давлати навини тоҷикон марҳилаи тозаи таърихиро ифтитоҳ бахшид.

Дар арсаи таърих бисёр халқҳои ин ё он кишвар дар оғози марҳилаи навини давлатдории хеш ба ихтилофоту дигаргуниҳо рӯ ба рӯ шуданд, ки баҳри устуворӣ ва пойдорсозии дастовардҳои миллиашон пайгирона талош варзидаву ҷоннисориҳо намуданд. Бо тоҷикон низ дар марҳилаи аввали истиқлолият чунин ҳодиса рух дод ва зиддиятҳои гурӯҳи ба миён омаданду оташи ҷанги байни ҳамватанон аланга зад ва хатари аз байн рафтани давлати навини тоҷикон ва дар баробари ин боз хатари парокандашавии миллати тоҷик ба миён омад. Дар чунин вазъият ҷумҳурӣ ба як сарвари бохираду дурандеш ва иродатманду миллатдӯст ниёзи шадид дошт.

Дар таърихи аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар ш. Хуҷанд, дар қасри «Арбоб» Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Иҷлосия 19-ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмонро бо овоздиҳии пинҳони ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуд. Баъди Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидан, барномаи сиёсии хешро ба таври мушаххасу возеҳ иброз дошт: » Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва баргардонидани ҳамаи гурезаҳо ман таёрам ҷони худро нисор кунам «.

Вале ҳамоно ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Баъди гузашти солҳо ба таърих назар афканда, он лаҳзаҳои пурдоғу пурдардро мебинем ва дарк мекунем, ки Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он вақт ҷонашро ба гарави сулҳ монда будааст. Чуноне ки ин абармарди ватанпараст дар рӯзи аввали роҳбари давлат интихоб шуданаш, чунин гуфта буд: » Ё ман дар Тоҷикистон сулҳ меорам ё дар ин роҳ ҷони худро нисор мекунам «.

Дар чунин шароит бо мақсади аз ин вазъи сангин раҳоӣ ёфтан, моҳи апрели соли 1994 гуфтушуниди ҳайати ҳукумати қонунии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик оғоз ёфта, то моҳи июни соли 1997 идома ёфт ва 8-давраро дар бар мегирад. Гуфтушунидҳои маскур дар Русия, Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Покистон ва Афғонистон, ки дар ҳузури созмонҳои байналхалқии ҷаҳон, аз он ҷумла, СММ, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, ИДМ ва монанди инҳо дар тӯли 40 моҳ сурат гирифт. Дар натиҷа 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» қабул гардид ва ин сана дар тақвими миллати мо ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт гардид. Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Президенти кишвари соҳибистиқлоламон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Таҷрибаи гуфтушуниди тоҷикон, ки дар ниҳояти кор ба сулҳ анҷом ёфт, хусусан, барои давлатҳое, ки имрӯзҳо ба чунин вазъият дучор омадаанд, намунаи ибрат гардидааст. Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд. Бо ин сабаб дар шаҳри Душанбе дар таърихи 26-27 апрели соли 2001 гузаронидани Симпозюми байналхалқии «Таҷрибаи таърихии сулҳи тоҷикон» аз манфиат холӣ набуд. Вале як ҳақиқати таърихиро нодида гирифтан, нишони носипосӣ аст, ки ин пеш аз ҳама баргардонидани гурезаҳо ба ватани аҷдодии хеш мебошад.

Дар таърихи бисёр кишварҳое, ки ҷанги ҳамватаниро аз сар гузаронидаанд, муҳоҷирони гуреза зиёд буданд. Ҳеҷ кадоме аз роҳбарони ин кишварҳо пас аз басанда шудани ихтилофу низоҳои миллӣ гурезаҳои худро ба ватани аҷдодиашон барнагардонидаанд. Аммо сарвари давлати тоҷикони ҷаҳон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода муваффақ шуд. Муваффақ гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода, аз аввалин суханрониҳояш бармеояд, ки гуфта буд: «То даме ки як гурезаи тоҷик берун аз хоки Ватан ҳаст, ман худро ором намегузорам». Аз замони барқароршавии Ҳокимияти Шӯравӣ ва сиёсати ноадолатонаи ҳукумати ҳамонвақта дар ҷумҳурии ҳамсояи Афғонистон садҳо гуристонҳои фирориёни тоҷик маҳфуз ҳастанд, ки ин нанги миллати тоҷик буд ва Пешвои миллатро ором нагузошт.

Фирорӣ гардидани тоҷикон ба хориҷи кишвар таърихи беш аз дуҳазорсола дорад, вале он мазмун ва моҳияти дигар дошт. Муҳоҷирати охирини оммавии тоҷикон бо сабабҳои мухталиф ва тазодҳои таърихӣ ба солҳои 90-уми қарни XX сурат гирифт, ки то ин ҷониб 2-давр ва 8-марҳиларо дар бар мегирад, вале нанговараш марҳилаи ҳаштум буда, ба замони таъсисёбии давлати соҳибистқлоли тоҷикон (соли 1991) рост меояд. Аз соли 1991 то соли 1997 замони ба имзорасии истиқрори сулҳ, аз марзу ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 100 ҳазор ҳамватанони мо ватани аҷдодии хешро тарк намуда, ба мамлакатҳои мухталифи дунё: Афғонистон, Покистон, Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳои олам гуреза шуданд. Бо ибтикору сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 июл то 15 ноябри соли 1997 — 9980 нафар гурезаҳои тоҷик ба ҷойи зисти доимиашон баргардонда шуданд, ки ин аз ҳисси ватандӯстӣ, сулҳофарӣ ва миллатхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медод.

Таърих ва миллати тоҷик, аз ҷумла, тоҷикони ҷаҳон ғамхориҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии сарвари давлати тамоми тоҷикони дунё, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар раванди таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ, бахусус, дар ҷараёни баргузории гуфтушунид дар қаламрави Афғонистон, дар мулоқоте, ки 11 декабри соли 1996 баргузор гардид, ҳаргиз фаромуш нахоҳад кард.

Тоҷикистон меҳварест, ки ба он чун ба назари таърихӣ менигарӣ дил мехоҳад, то вуҷуди ҷаҳон умеди тоҷикони дунё бошад. Баргузор гардидани Анҷумани тоҷикони ҷаҳон дар васат (дил)-и Тоҷикистон шаҳри Душанбе аз манфиат холӣ набуда, балки шаҳодати дар ҷомеаи ҷаҳон шинохта шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст.

                Шердил ЮУСФОВ, докторанти (PhD) курси 3-юми кафедраи

                                                     таърихи халқи тоҷик

Related Articles

Leave a Comment