Home ХАБАР ГУЛБИДИНИ БЕҲУВИЯТРО ШИНОСЕД!

ГУЛБИДИНИ БЕҲУВИЯТРО ШИНОСЕД!

by admin
250 views
        Дар таркиби баъзе ҳизбҳои сиёсии Афғонистон, аз ҷумла Ҳизби Исломии Гулбидин Ҳикматёр, Ҷунбиши Толибон гурӯҳҳои махсуси террористие буданд, ки вазифаи асосии онҳо аз байн бурдани рақибони сиёсӣ, алалхусус шахсиятҳои шинохтаи низомию сиёсӣ будааст. Аз ин рӯ хадамоти иттилоотии Аҳмадшоҳро зарур буд, ки гумошта ва омилони худро дар дохили ин аҳзоб ба хусус дар сатҳи роҳбарияти низомии он дошта бошад. Масалан, зиддияти Гулбидин бо Аҳмадшоҳи Масъуд ҳанӯз дар даврони ҳукмронии Муҳаммад Довуд шурӯъ шуда буд. Аҳмадшоҳи ҷавон, дар даврони донишҷӯиаш дар Институти политехникии Кобул махфиёна узви Наҳзати Ҷавонони Мусалмони Афғонистон буд. Гулбидин дар ин созмон бахши низомии онро сарварӣ мекард. Ҳикматёр террори шахсиятҳои давлатӣ ва сиёсиро яке аз роҳҳои асосии расидан ба аҳдоф медонист. Аҳмадшоҳ бошад ин тарзи муборизаро инкор мекард. Ӯ ҷонибдори дар байни мардум, ба хусус низомиёни давлатӣ пайдо намудани тарафдорон ва ба шӯриши мусаллаҳона даъват кардани онҳо буд. Бисёр аз муҳаққиқони таърихи Афғонистон бар онанд, ки зиддиятҳои байнихудии ин шахсиятҳои барҷастаи даврони навини ин кишвар маҳз аз ҳамин дидгоҳи онҳо ба тарзу услуби мубориза барои озодӣ ва истиқлолият маншаъ мегирад. Ҳарчанд иллату сабабҳои зиёди дигаре низ вуҷуд доранд ва аз онҳо низ ёдовар мешаванд. Гулбидин агар ҳар навъ василаи низомӣ, аз ҷумла террорро барои расидан ба ҳадаф таъид карда бошад, Аҳмадшоҳи Масъуд аз аввал зидди ин тарзи муборизаи расидан ба аҳдоф буд. Билохира кор ба ҷое расид, ки Гулбидин борҳо нақшаи террори худи Аҳмадшоҳи Масъудро низ тарҳрезӣ намудааст ва кӯшишҳо ба харҷ додааст, ки онҳо амалӣ бишаванд. Чунончи дар сӯиқасди 9 – уми июли соли 1989 дар минтақаи Тангии Фархори вилояти Тахор ба ҷони Аҳмадшоҳ пайваста танҳо ба фазли Худовандӣ Масъуд ҷон ба саломат бурд. Дар ин сӯиқасд 32 тан аз ҳамсангарон ва саргурӯҳҳои низомии Аҳмадшоҳи Масъуд ба дасти қумандон Саид Ҷамол, ки аъзои Ҳизби Исломии Ҳикматёр буд, ба шаҳодат расиданд. Баъди дастгир шуданаш Саид Ҷамол дар ҷараёни бозпурсӣ эътироф намудааст, ки раҳбарияти Ҳизби Исломӣ тасмими бо роҳи террор аз байн бурдани Аҳмадшоҳро қабул кардааст. Баъдан ин гуфтаҳои Саид Ҷамол исботи худро пайдо карданд. Ходимони амниятии Аҳмадшоҳ аз нақшаи чандин сӯиқасдҳо сари вақт огоҳ шуда, онҳоро хунсо кардаанд.
Султони Ҳамад, «Аз Ардашер то шери Панҷшер» (Лаҳзаҳо аз фаъолияти хадамоти иттилоотӣ ва амниятӣ), Душанбе, Ирфон, 2002, саҳифаҳои 148-150

Related Articles

Leave a Comment