Home Без рубрики ҚИССАИ МАҶНУН

ҚИССАИ МАҶНУН

by admin
424 views

 

                                                                           ҚИССАИ МАҶНУН

    Маҷнун бар асари ранҷи дуриву фироқ аз Лайлӣ сахт бемор шуд. Барои дармонаш табиб оварданд. Табиб пас аз муоина гуфт:

— Чорае ҷуз хун гирифтан надорад. Барои аз байн бурдани хуни фосид бояд хун гирифт.

Ҳиҷоматгари моҳиреро оварданд. Ӯ бозуи Маҷнунро баст ва нештарро ба даст гирифт, то бар бозуи Маҷнун бизанад ва аз ӯ хун бигирад. Дар ин лаҳза фарёди Маҷнун баланд шуд. Ба ҳиҷоматгар гуфт:

— Бар ҷисми ман захм назан, муздатро бигиру бирав.

— Ту ки дар шуҷоат забонзади ҳамагонӣ, аз шери беша наметарсӣ, чӣ гуна аст, ки аз як захми кӯчак метарсӣ?

— Ман аз нештар наметарсам, сабри ман аз кӯҳҳои сангӣ ҳам афзун аст. Аммо вуҷуди ман пур аз Лайлист. Ин садафи тан пур аз сифоти он марворид аст. Метарсам агар ҳиҷоматам бикунӣ, бар Лайлӣ нештар бизанӣ, чун ман ӯ шудаам.

Мантиқ: Дар ҳар кори нек фидоӣ бояд буд…

Related Articles

Leave a Comment