Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ХУШБАХТИ ОЛАМ – АДИБ САЙИД РАҲМОН ҚУЛЛАИ 80-СОЛАГИРО ФАТҲ КАРД!

ХУШБАХТИ ОЛАМ – АДИБ САЙИД РАҲМОН ҚУЛЛАИ 80-СОЛАГИРО ФАТҲ КАРД!

by admin
396 views

     Агар китоби зиндагиномаи шоир, нависанда, рӯзноманигор Сайид Раҳмонро варақгардон шавӣ, дар ҳақиқат хулосаи мантиқии бароварда он хоҳад гашт, ки ӯ аз зумраи он адибонест, ки метавонанд, ва ба чунин гуфтан ҳуқуқи маънавӣ низ доранд, ки худро хушбахт бишуморанд. Ва бесабаб нест, ки нависанда ва шоири соҳибистеъдод яке аз маҷмӯаҳои калонҳаҷми қиссаву ҳикояҳояшро низ «Хушбахти олам» номгузорӣ намудааст.

    Дар арафаи ҷашнгирии санаи мубораки 80-солагиаш мо маротиби дигар зиндагиномаи дӯсту бародарамонро варақгардон шудем. Хулосаи мантиқӣ он гашт, ки адиб Сайид Раҳмонро воқеан метавон Инсони хушбахт номид. Худ қазоват намоед. Аз 80 соли сипаригардидаи умри хеш адиб панҷоҳ соли умри бобаракаташро ба эҷоди шеъру ғазал, ҳикояву қисса ва повесту романҳо бахшидааст. Маҳсули эҷодаш тавассути рӯзномаву маҷаллаҳою китобҳо пешкаши хонандаи закӣ, нуктадону нуктасанҷ гардида, то ба имрӯз аз даст ба даст мегузаранд. Ғазалу шеърҳои ӯро солҳо боз ҳофизони мардуми, ба мисоли Давлатманди Хол, Сурайё Қосимова ва дигар ситораҳои саҳна тариқи телевизиону радио месароянд. Магар ин хушбахтӣ нест?!

   Шояд суоли мантиқии «Кист Сайид Раҳмонов, ки чунин васфаш дорему хушбахти оламаш мешуморем?», ки бо чунин мазмун болои коғаз кӯчонидемаш, барои алоҳида хонандагон посухи хеш биталабад. Ва боз ҳам аз хотири арзи эҳтироми ҳам хонанда ва ҳам худи соҳибҷашн андаке сари ин суол низ равшанӣ меандозем.

     Қаҳрамони лавҳаи мо – Сайид Раҳмонов санаи 9-уми майи соли 1941 дар деҳаи Тиҳиёни ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Дар мазмуни ин нукта низ шояд тасодуф ҷой надошта бошад, ки устоди аввалинаш низ шоир буд. Мӯсо Ғулом, ки қаҳрамони мо низ номашро бо як ҳисси баланди ифтихору сипос ба забон мегирад: «Албатта, дар ин дунё ҳеҷ чиз ва ҳеҷ амалу гуфтор амри тасодуф нест. Ҳамон гуна, ки дар тақдири ман Офаридгор ин шахси муътабар Мӯсо Ғуломро ҷой дод. Устодам ҳанӯз аз овони кӯдакиам дар қалби камина меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба шеъру сухани воло сириштаанд!» Ин буд, ки ҳуҷҷатҳояшро низ баъди хатми мактаби миёна ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ) супурда, баъди хатми он муддате дар мактаби миёна ба толибилмон аз фанни забон ва дабиёт сабақ омӯзонида, сипас ҳаёти хешро пурра бо эҷод мепайвандад – дар рӯзномаву телевизион ба ҳайси ходими адабӣ ба кор меояд. Ва ҳамин тариқ 50 соли умри бобаракаташ ба эҷод бахшида шуда, маҳсули эҷодаш ӯро хушбахт мекунад.

     Маҳсули меҳнату заҳмати 50-солаи Шогирди номвару номбардори Устод Мӯсо Ғулом айни замон беш аз панҷоҳ асарҳои гуногунжанру гуногунмавзӯъ пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ сохта, ҳоло ҳам машғули эҷод аст. Бо қалами буррою лаҳни ширини мардумӣ, ғанӣ аз таҷрибаи рӯзгору зиндагӣ, ки давоми панҷоҳ соли эҷод боз ҳам сайқалёфтаю таҷрибаандӯхта гардида.

    Чуноне мегӯянд, номҳо ифшогари рози диланд. Кофист, ки танҳо ба чанде аз номҳои маҷмӯаи хӯрди шеърии аз зери қалами устод Сайид Раҳмон буруномада бингарем, то бифаҳмем, ки мавзӯю мазмуни эҷод, мақсади баёни калом дар чист: «Сӯзи дил», «Резаборони тарона», «Гулбарги тар».

     Хушбахтона, романи «Масъуди сипаҳсолор», ки соли 2009 сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Носири Хисрав гардид, имрӯз дар кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Афғонистон низ бо ҳуруфоти форсӣ рӯи чоп омада, ҳаводорони зиёд пайдо кардааст. Қобили зикр аст, ки асари мазкур бо забони русӣ низ тарҷума гардида, дастраси ихлосмандонаш дар кишвари Русия гашта.

    Муҳим аз ҳама, аксар асарҳои дар тули панҷоҳ соли эҷод навиштаи адиб Сайид Раҳмон дар сомонаҳои шабакаи Интернетӣ низ ҷо гирифтаанд. Ба таври дигар гӯем, тавассути сомонаҳои шабакаи интернет маҳсули эҷоди устод Сайид Раҳмон акнун дастраси тамоми муштариёнаш дар сатҳи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

     Итминонамон комил аст, агар бигӯем, ки адиби шинохтаи Кӯлоби бостонӣ Сайид Раҳмон ба синни мубораки 80-солагии хеш нигоҳ накарда, имрӯз ҳам ҳанӯз дар авҷи камолоти эҷодист. Ва ин таъкиди моро шиносоии наздик бо ӯ, робитаи дӯстии чандинсолаамон асос гардида, тақвиятбахши ин гуфтаҳост. Яъне, хонандагон, муштариёни эҷоди адиби шинохта Сайид Раҳмонро метавон бовар кунонид, ки то хун дар бадан ҷорист, адиби дӯстдоштаашон эшонро аз қироати сатрҳои эҷоди хеш, бардошти ғизои баланди маънавӣ маҳрум ва ноумед нахоҳад сохт.

    Дар фуроварди сухан ҳаминро гуфтанӣ ҳастем, ки бо боварӣ метавон қайд кард: Аҳли адаб ва ихлосмандони каломи бадеъ ба нависанда ва шоири ширинкаломи 80-сола Сайид Раҳмон тани сиҳат, бардамии ҷисм, солимии рӯҳ, рӯзгори пурбаракат ва офаридани асарҳои нав ба нави боз ҳам баландмазмуну баландмантиқро таманно доранд!..

Низом БАРОТОВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,

Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Зафар МУРОДОВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,

Барандаи Ҷоизаи «Озмуни байналмилалии ба номи А.С. Пушкин-2008»

Related Articles

Leave a Comment