Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТАРБИЯИ МЕҲНАТӢ ЯКЕ АЗ ОМИЛҲОИ ҲУНАРОМӮЗИИ ҶАВОНОН

ТАРБИЯИ МЕҲНАТӢ ЯКЕ АЗ ОМИЛҲОИ ҲУНАРОМӮЗИИ ҶАВОНОН

by admin
1220 views

     Тарбияи меҳнатӣ ҷузъи ҷудонашавандаи инсон ба шумор рафта, мавқеи шахсро дар ҷомеа муайян месозад. Мардуми соҳибтамаддуни мо аз қадимулайём ба тарбияи фарзанд диққати махсус медоданд. Гуфтан ба маврид аст, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар тарбияи фарзандон саҳми бузурге гузошт.

      Аслан одобу ахлоқ, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кӯдак нақши муҳим мебозад. Дуруст тарбия кардан, дуруст таълим додани фарзанд қарзи аввалиндараҷаи падару модар ба ҳисоб меравад. Мо омӯзгорон кӯшиш намоем, ки дар баробари илм омӯхтан бо донишҷӯён, инчунин доир ба ин ё он касбу ҳунарҳои гуногун аз қабили гулдӯзӣ, кандакорӣ, заргарӣ, рассомӣ, наққошӣ, бофандагӣ ва амсоли инҳо низ маълумот диҳем.

     Халқи тоҷик маданияти бой ва таърихи қадима дорад. Ҳунарҳои кулолгарӣ, наққошӣ, кандакорӣ, гулдӯзӣ ва монанди инҳо шаҳодат ва нишонаи санъати волои ниёгонамон маҳсуб ёфта, ҷавононро водор месозанд, ки анъанаҳои аҷдодони худро сайқал дода, аз худ асарҳои нодир боқӣ монанд ва барои дигарон қудрати ҳунари нотакрори моро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд. Хушбахтона, пас аз ба даст овардани истиқлолияти миллӣ имконият пайдо намудем, ки сарватҳои фарҳангӣ, ҳунарҳои халқӣ, аз ҷумла, сузанӣ, заргарӣ, кандакорӣ, муҷассамасозӣ, оҳангарӣ, косибӣ, кулолгарӣ, кашидадӯзӣ ва шабеҳи инҳоро аз нав эҳё намуда, ривоҷу равнақ диҳем. Вилояти Хатлон яке аз маркази ҳунарҳои сӯзанӣ ва гулдӯзӣ ба шумор меравад. Дар ноҳияҳои Шӯрообод, Ховалинг, Балҷувон, Мӯъминобод, Фархор, Темурмалик, Ҳамадонӣ занону духтарон ба чакандӯзӣ, қаламкашӣ, қуроқдӯзӣ машғул мешуданд.

     Таърих ин саршор аз тафаккури миллӣ ривоҷу равнақи давлатдорӣ, илму фарҳанг, касбу ҳунар, ҷонфидоиҳои қаҳрамонона буда, то ба имрӯз барои мо маводи тайёре омада расидааст. Барои ҳамаи мо аниқу равшан аст, ки солҳои тулонӣ мо аз омӯзиши мероси давлатдорӣ касбу ҳунарҳои дастии халқи худ дур мондем. Дар мактабҳо, донишгоҳҳо ба насли наврас ва ҷавонон нисбат ба таърихи давлати худ таърихи дигар давлатҳоро зиёдтар меомӯзониданд. Ва бо гузашти айём ду фарзанди миллати тоҷик — устод Садриддин Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғаффуров аз таърихи худ ва инчунин аз касбу ҳунарҳои миллии дастӣ ва берун аз он огоҳ шудем.

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ чунин гуфтааст: «Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзанди мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд. Бори дигар ба падару модарон, масъулини таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимяти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат менамоям, ки барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намоянд, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд».

                                                                    Миҷгона ЗУБАЙДОВА, ассистенти кафедраи фалсафа

Related Articles

Leave a Comment