Home ХАБАР ВОХӮРИИ СУДМАНД

ВОХӮРИИ СУДМАНД

by admin
230 views

     Санаи 27-уми май дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вохурии намояндаи Агентии Назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Эмомалӣ Раҳмон бо донишмандон ва омӯзгорон баргузор гардид.

      Дар вохурӣ ректори донишгоҳ профессор Мирализода Абдусалом Мустафо меҳмонро хайрамақдам гуфта, бо аҳли нишаст шинос намуд.

     Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабзода Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар мавриди сарчашмаи сар задани ҳолатҳои коррупсионӣ ва роҳҳои пешгирии он нуктаҳои мавриди писанди умумро баён намуданд.

       Инчунин, аз тағйироту иловаҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коррупсия гуфтугӯ намуданд.

     Дар поёни нишаст омӯзгорон ва дигар иштирокдорони ҷамъомад ба Раҷабзода Эмомалӣ Раҳмон саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Related Articles

Leave a Comment