Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ БО ФАСОД МУБОРИЗАИ БЕАМОН БОЯД БУРД!

БО ФАСОД МУБОРИЗАИ БЕАМОН БОЯД БУРД!

by admin
528 views

Ришва(т) яке аз амалҳои роиҷтарину густаришёфтаи фасод буда, онро метавон аз қадимтарин ҷурмҳои таърихи башар донист. Собиқаи таърихии ин ҷурм ба замони ташкили аввалин давлатҳо пайвастагӣ дорад. Ҳукуматҳо аз замони бостон фасодро халаловари назм ва беэътимодии мардум ба ҳокимият медонистанд.

          Муҷозотҳои бисёр сангине барои онҳо дар назар гирифтанд. Ба унвони мисол падари таърихнигории ҷаҳон, Ҳеродот пешинаи ҳокимиятронии Ҳахоманишиёнро ба қалам оварда, навиштааст,ки писари Ҳахоманиш Камбуҷия бо дарёфти ришваситонӣ ришваҳорро эъдом кунанд; қозиеро пӯст аз танаш ҷудо карданд ва он пӯстро бар маснади қазоват паҳн кунанд. Сипас писари қозиро ба ҷойи ӯ мансуб кард ва ба ӯ ёдоварӣ кард, ки бар чӣ ҷойе нишастааст.

          Кайфари гуноҳҳои вобаста ба фасод ончунон сангин будааст, ки дар замони Ҳахоманишиён гунаҳкорони фасодро ба рӯди пурталотум меафканданд ва ғарқшавии онҳоро ба намоиш мегузоштанд, ё савгандхӯрдагони ҷинояткорро вомедоштанд, то ки оби гӯгирд (саокита, яъне савганд) бихӯранд ва ё барои исботи бегуноҳии худ аз байни алангаи оташ мегузаронданд. Ва агар касе аз ин санҷиши маргбор тасодуфан зинда мемонд, авф мекарданд, вале дар сурати содир кардани хурдтарин гуноҳ ба кайфари сангине гирифтор мекарданд. Куруши Бузург чунин гумонбаронро ба муҳокимаи омма мегузошт ва на танҳо ришватситон, балки ришватдеҳ ва миёнравро низ ба ҷазо гирифтор мекард.

            Ҳаким Фирдавсӣ ба мавзӯи дар ҳама давру замон ба пайкари давлатҳо осебрасонда, ба газанди ришватхорӣ ва паёмади расондани иттилоъи дурӯғ ба фармонравоён, сатрҳо бахшидааст. Анушервон ба кордорони (масъулони) дарбори хеш нома навишта, ҳушдор медиҳад, ки мабодо дар умури лашкардорӣ, сипаҳбадон зарпараст гашта, «мардумро бо зар фурӯшанд». Яъне аз маошу моли барои сипоҳиён муқаррар гардида, барои худ истифода намоянд:

Сипаҳбад, ки мардум фурӯшад ба зар,

Наёбад ба — дин боргаҳ-баргузар.

Ва дар мавриди ба шоҳ расондани хабари дурӯғ (дезинформация) гуфтааст:

Падид ояд аз гуфти як тан дурӯғ,

Аз он пас нагирад бари мо фурӯғ.

           Мебояд гуфт, ки фасод дар соҳаи таҳсилоти олӣ як падидаи ҷаҳонӣ аст ва мутаассифона дар бахши омӯзиш то марҳилаи номзади илмҳо ва доктории илмҳо низ истисно нест. Ин марҳила хеле таассуфовар ва барои давлатдорӣ хатарзо мебошад, зеро бо соҳиб шудан ба унвонҳои илмӣ, вале аслан нагузаштан аз душвориҳову ранҷи пажӯҳиши воқеъии илмӣ, паёмади беқурб гаштани илм (девалватсияи) илмро дорад.

         Дар даврорни пас аз зуҳури ислом низ намунаҳои зиёде дар сарчашмаҳо омадааст, ки ин амалро кареҳу гунаҳбор донистаанд. Паямбари ислом дар ин бора гуфтааст, ки «Худованди бузург ришвадиҳанда, ришвагиранда ва шахси воситаи байни онҳоро аз раҳмати худ дур мегардонад. «

        Бо вуҷуди ин бояд ёдовар шуд, ки дар кишваре, ки он ҷо Маккаи мунаввара қарор дорад, яъне дар Арабистони Саъудӣ,тибқи омори байналмилалӣ соле то 200 воқеаи ришватситонӣ ба қайд гирифта шудааст.

       Аммо ин воқеъиятро набояд аз чашм дур дошт, ки маъмулан фасод — коррупсия хоси марҳилаи гузаронидани ислоҳоти густурдаи давлатсозӣ, мебошад ва чуноне натиҷагирӣ шудааст, барои пурра решакан намудан ва ё ба ҳадди ақал расондани ин зуҳуроти иҷтимоӣ, танҳо бо роҳи ҷазодеҳӣ, номумкин аст. Ҷомеашиносон ба ин ақидаанд, ки роҳи босамари аз байн бардоштан ва ё паст кардани сатҳи он тадбирҳои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум мебошад.

       Дар айни замон роҳбарият ва ташкилотҳои ҷамъиятии Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба он ноил шудаанд, ки имтиҳоноту санҷишҳои ҷориро низ бо усули тестӣ ба роҳ андохта шавад. Ҳамчунон дар Донишгоҳ комиссияи зиддифасод таъсис дода шуда, дар бинои асосии донишгоҳ қутии арзу шикоятҳо насб гардидааст.

       Дар хотима ин нуктаро бояд бозгӯ намуд, ки мубориза бо фасод кори танҳо як ниҳоди давлатӣ нест. Дар мубориза бо ин фасоди гулӯгир мебояд ҳар як ниҳоди давлативу ғайридавлатӣ, ҳар як шаҳрванди баору номус, ҳар як шахси ба ватан садоқат дошта, ёвару ҳамроҳ бошад.

                                                                                                                                        Назарзода Бахтиёр Ҳасан,

                                                                                                                                       ҳуқуқшиноси донишгоҳ

Related Articles

Leave a Comment