Home АНДЕША ҲАР КИ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО…

ҲАР КИ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО…

by admin
783 views

Ӯ занест дилсӯз, ғамхор, раҳмдил, меҳрубон. Чӣ дар пойтахт ва чӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мардуми зиёде ӯро мешиносанд ва дар борааш бо эҳтирому самимият ҳарф мезананд. Аз нигоҳи ман, пеш аз ҳама ӯ зан-модар, корманди давлату ҳукумат, шахсест ширинкалому хушсухан, хоксору хайрхоҳ, дилсӯзу мушфиқ нисбат ба ятимону барҷомондагон.

Маҳбуба Камолова, зодаи шаҳри бостонии Кӯлоб буда, ӯ аз соли 2018 то инҷониб ба хонандагони ятими МТМУ №8-и шаҳри Кӯлоб, ки худ хатмкардаи ин таълимгоҳ аст, дасти кӯмак дароз менамояд. Дар ҷашнҳо, идҳо ба дидорбинии ин гуна кӯдакон омада, аз аҳволашон хабар мегирад. Ба онҳо кӯмакҳои пӯлию молӣ дода, дасти навозиш ба сарашон мегузорад. Сарвари кишвар, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба дар мамлакат ба тамоми мардуми кишвар муроҷиат намуда, дастур доданд, ки ба дармондагону ятимон, пирони солхӯрда ва мӯҳтоҷон дасти кӯмак дароз намоед. Маҳбуба Камолова аз чунин шахсиятҳоест, ки ин амали нек дар дили пур аз муҳаббаташ реша давондааст, ки сарчашмаи адлу инсоф, дӯстиву бародарӣ, хештаншиносию Худоҷӯӣ ва мусулмонӣ ҳамин аст.

Шахсони савобҷӯй зиёд ҳастанд, вале чунин иқдоми савобҷӯёнаи муаллима барои ҳар як мӯъмини савобҷӯй намунаи ибрат буда, ба ин васила ӯ тавонистааст дилеро ба даст оварда, ба ризогӣ ва хушнудии Парвардигор ноил гардад. Ҳар гоҳе, ки муаллима ба дидорбинии кӯдакон меояд, ба чеҳраи кушодаву ҳиммати баланд, бо суханони пур аз панду андарз ва бо лафзи ширини модарона ба онҳо сӯҳбат менамояд. Аз донишу интизомашон пурсон мешавад ва кӯдаконро насиҳат мекунад, ки хонед, то дар оянда як шахси бомаърифату ватандӯст шуда, ба ватан хизмат намоед. Дар дидорбинӣ аз чеҳраи ҳар як кӯдак маълум мегардад, ки нисбат ба ин зан-модар меҳру муҳаббати зиёд доранд ва албатта ятим будани худро лаҳзае ҳам бошад, фаромӯш мекунанд.

Маҳбуба Камолова яке аз инсонҳои шарифу ғамхор буда, маҳз ба василаи ин амали савобу хайрхоҳонаи худ дар дили ин кӯдакони бепарсатор ҷой гирифта, бо шавқу завқ ва муҳаббати зиёд суханони пандомези ӯро бодиққат гӯш мекунанд. Албатта, ҳар амале, ки ба диди нек анҷом пазирад, ӯро даҳчанд подош аст, зеро бузургони адаб гуфтаанд:

Ҳар, ки хандонад, ятими хастаро,

Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.

Маърифат НАМОЗОВА,

омӯзгори МТМУ №2-и шаҳри Кӯлоб

Related Articles

Leave a Comment