Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ — ШАРТИ АСОСИИ РАҚОБАТНОКӢ

ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ — ШАРТИ АСОСИИ РАҚОБАТНОКӢ

by admin
538 views

Бахшида ба 20-солагии омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ

Дар шароити ҷаҳонишавӣ мамлакати мо дар давраи авҷи тараққиёт аст. Иқтисодиёти он мушкилоти миқёсан калону мураккабро ҳал мекунад. Бинобар ин, вазифа аз он иборат аст, ки ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар қатъиян тағйир дода шуда, дар як муддати кӯтоҳ масъалаҳои мушкилоти соҳаро ҳал намоем, ба сафи пеши пешрафти илму техника расем.

Дар ҳалли ин масъалаҳо ва вазифаҳои мураккаб нақши воситаҳои ахбороти омма, аз ҷумла, радио ва телевизион мавқеи марказӣ доранд. Дар ин бора дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: «Дар шароити кунунӣ, рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатноки иқтисодӣ ба шумор меравад». То ба ин дараҷа расидани манбаъҳои иттилоотӣ аз 7-уми майи соли 1895, ки аввалин шуда А.С.Попов ба паҳнкунӣ ва қабулкунии мавcи электромагнит асос гузошт, сарчашма мегиранд.

Радио, телевизион, компютер, телефонҳои мобилии муосир, алоқаҳои байнисайёравӣ, байниқитъавӣ, байни замину аппаратҳои сунъӣ, киштиҳои кайҳонӣ ва дигарҳо натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии олими рус Александр Степанович Попов мебошанд. Аз соли 1897 олими дигари рус Борис Львович Розин ва М. Зворыкин таҷрибаҳои аввалини худро барои ихтирои телевизион сар карда буданд ва 9-уми майи соли 1911 ба таърих ҳамчун рӯзи ихтирои телевизион дохил шуд. Телевизион ва радио ҳамзамон воситаи бузурги ахбор, ташвиқот ва ҷорикунандаи сарватҳои маънавӣ ва маданияти инсоният ба ҳаёт пурра дохил шуданд.

Дар ҳақиқат, ҳаёти одамони имрӯза, илм ва техникаи муосирро бе радио ва телевизион тасаввур кардан душвор аст. Мо дар асре зиндагӣ мекунем, ки дар он қаъри ҷисмҳо ва уқёнуси бепоёни системаи офтоб, омӯхта шуда истодаанд. Мо дар асре зиндагӣ дорем, ки ҳар соли пасояндаи он бо мақсадҳои ҷустӯҷӯи масъалаҳои нав ба нав зина ба зина дар таърихи тараққиёти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷой гирифтаанд ва ҷой мегиранд.

Беҳуда нест, ки радио ва телевизионро яроқҳои асосӣ дар фатҳи кайҳон меноманд. Пешрафти техника ва технологияҳои нав имконият доданд, ки дар рақобатпазирӣ ҷои асбобҳои анъанавиро, технологияҳои рақамӣ ишғол намоянд. Ин ба шарофати омӯзиш ва амалӣ гардондани соҳаҳои нави илмҳо: физикаи кайҳонӣ, химияи кайҳонӣ, биологияи кайҳонӣ, тибби кайҳонӣ, биологияи тиббӣ ва дигарҳо ба даст омадааст.

Солҳои охир бо пайдо шудани нақшаҳои интегралӣ ва микросхемаҳо соҳаи микроэлектроника ва миниатюризатсия хеле пеш рафта истодааст. Дар шароити муосир тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи коркарди нақшаҳои пардагии интегралӣ бо суръат давом дорад ва дар илм соҳаи нав-нанотехнология тавлид ёфт. Омӯзиш ва тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки соҳаи наноэлектроника имконият медиҳад, ки андозаҳои асбобҳои электронӣ ва ионнӣ боз ҳам хурд карда шаванд ва ҳамзамон самаранокиашон баланд монад. Технологияҳои ҳосил намудани нақшаҳои интегралии нимноқилӣ, пардагӣ, гибридӣ ва дигарҳо дар авҷи тараққиёт мебошанд ва такмили техникаҳои лазерӣ, интернетӣ, компютерӣ ва мобилӣ давом доранд.

Ҳоло олимон, муҳандисон ва конструкторон дар бораи боз ҳам такмил додани радио ва телевизион кӯшишу ғайрати зиёде карда истодаанд. Аз ҷумла, барои баланд бардоштани сифати сабти садо ва ҳамзамон сабти тасвир дар видеопластинкаҳо, дар лентаҳои магнитӣ (видеомагнитофилмҳо) бо ёрии нурҳои электронӣ аллакай ба муваффақиятҳои калон ноил шуданд. Дар оянда гузаштан ба тасвирҳои ҳаҷм, дар намоишҳои телевизионӣ бо истифодабарии соҳаи махсус, ки голография ном дорад, аҳамияти калон пайдо мекунад. Ин имконият медиҳад, ки тамошобин тасвирро пурра ва ҳаҷман бинад, ҳатто дар қафои предмети додашуда боз кадом предметҳо ҷойгиранд, дидан мумкин мешавад. Дар ин ҳолат тамошобин худро иштирокчии бевоситаи ҳодиса ё воқеа ҳисоб мекунад. Пешрафти минбаъдаи телевизион талаб мекунад, ки дар баробари садо ва тасвир, ки бо чашм мебинему бо гӯш мешунавем, боз эффектҳои дигар ба органҳои инсон таъсир карда, ҳиссиёти онҳоро ба вуҷуд орад, яъне масъала ва вокунишҳои кимиёвиро ба импулсҳои ба барнома даровардаи электрикӣ табдил додан аст. Он вақт ҳангоми намоиши телевизионӣ якбора органҳои биноӣ, шунавоӣ ва шомеаи тамошобин кор мекунад ва ӯ дар бораи объект маълумотҳои зиёдтарро мегирад. Ин чунин маъно дорад, ки одам дар хонааш нишаста бӯи муаттари гулҳоро дар баҳорон, бӯи замини нав шудгоркардашударо, насими боди баҳорро ва дигарҳоро аз экрани телевизор ҳис мекунад.

Радио ва телевизиони Тоҷикистон — ҳамчун манбаи иттилоотӣ ва фарҳангию маънавӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарин, вазифаҳои хоҷагию сиёсӣ ёрӣ мерасонад. Аввалин радиоузел соли 1923 дар пойтахти ҷумҳуриамон сохта шуда буд, ки вай вазифаи алоқа ва асосан алоқаи ҳарбиро адо мекард. Соли 1928 аввалин маротиба масъалаи радиошунавонӣ ва саросар радиофикатсияи тамоми ҷумҳуриамон ба миён гузошта шуда буд. Рӯзи 10-уми апрели соли 1930 — рӯзи ташкилёбии радиои тоҷик эълон карда шуд, чунки дар ин рӯзи саид аввалин бор овози радиои тоҷик баланд садо дод. 29-уми январи соли 1932 бо қарори Комитети Иҷроияи Марказӣ ва Шӯрои Комиссарони халқи РСС Тоҷикистон «Комитети радиошунавонии Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Дар худи ҳамин сол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1000 нуқтаи радио шинонда шуд. Радиошунавонии ҷумҳурӣ бо се забон дар ҳаҷми 7,5 соат ва қариб 20 соати радиошунавонии маҳаллӣ (вилоятӣ ва ноҳиявӣ) дар як шабонарӯз ташкил шуда буд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ хизмати радиои тоҷик хеле калон буд. Шоирону нависандагони бузурги мо Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ ва дигарҳо дар баромадҳояшон одамони ақибгоҳ ва артишро ба корнамоиҳои нав ба нави меҳнатӣ даъват менамуданд. Барои ба мардум дастрас намудани барномаҳои радио ва телевизион ҳафтаномаи «Ин ҷо Душанбе» 28 июни соли 1963 аз чоп баромад. Имрӯзҳо низ овози радио ва телевизиони тоҷик дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва берун аз он баланд садо медиҳад. Телевизиони ҷумҳурӣ нисбатан ҷавон буда, студияи он нахустин маротиба 7-уми ноябри соли 1959 ба кор шурӯъ намуд. Ҳаҷми шабонарӯзии намоишҳо 6,5 соат буда, бо ду забон — тоҷик, ва рус бурда мешуд. Аз соли 1967, тоҷикон имконият пайдо карданд, ки намоишҳои барномаи ОРТ — и Москваро тамошо кунанд.

Радио ва телевизиони тоҷик акнун на бо се забон, балки бо забонҳои гуногуни дунё ҳарф мезананд. Дар барномаҳои намоишҳои нави «Субҳ», » Инсон ва қонун», «Гуфтугӯҳои мустақим», «Фарҳанг ва маънавиёт», «Сафеду сиёҳ», «Гули моҳтоб», «Фурӯғи субҳи доноӣ…», «Илм-фурӯғи маърифат» ва дигарҳо дохил шудаанд, ки дар тарбияи насли наврас ва меҳнаткашони ҷумҳурӣ ҳиссаи сазовор мегузоранд. Намоишҳои давраи бунёдкорӣ ва созандагӣ паҳн намудани ғояҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, сиёсати аграрӣ ва саноатии Ҳукумати ҷумҳурӣ барои дар амал татбиқ намудани беҳтарин ғояҳои инсоният даъват мекунанд.

Радио ва телевизион аст, ки дар давраи гузариши давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сохтори нави давлатӣ хизмати бемисл карда истодааст. Офарин ба коркунони соҳаи радио ва телевизиони тоҷик, ки барномаҳои рангоранг ва ҷолиби диққатро пешкаши шунаванда ва тамошобинон мегардонанд!

Ояндаи радио ва телевизион калон аст. Ҳамин аст, ки А.С. Попов дар замони худ гуфта буд: «…бигузор ҳамзамонон қимати кашфиёти маро нафаҳманд, вале насли оянда хоҳанд фаҳмид, ки ин кашфиёт чи қадар бузург аст». Дар ҳақиқат, техника ва технологияҳои муосири радио, телевизион ва комплексҳои «телерадиофонҳо» исботи суханҳои пурарзиши А.С. Попов мебошанд.

Рӯзи иди касбии кормандони радио ва телевизиони тоҷик муборак бошад!

Саттор ҒАФОРОВ,

номзади илмҳои физика ва математика,дотсенти

кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Related Articles

Leave a Comment