Home АНДЕША МОДАР ФАРИШТА БУД, КӢ ГУФТ БОЛУ ПАР НАДОШТ?

МОДАР ФАРИШТА БУД, КӢ ГУФТ БОЛУ ПАР НАДОШТ?

by admin
1416 views

Ба дунё зан гули берангу хор аст,

Яқин зан неъмати парвардигор аст.

Ҳар он кас шукри ин неъмат надонад,

Бидон, дар зиндагӣ хор асту зор аст.

Зани тоҷик табиатан тарбиятгари тавоно ва бо хоксориву меҳрубониаш марҳами дили дардмандон аст. Ин аст, ки модарону хоҳарони азизи мо рисолати хешро дар ҳама самт ҳамеша сарбаландона ба ҷо оварда сазовори ҳурмату эҳтироми баланди аҳли ҷомеа мегарданд.

Чанд сол қабл Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи байналхалқии занонро ба Рӯзи модарон номгардон карда, бо ин ҳама мартабаи зан модарро на танҳо дар оилаву хонавода, балки дар ҷомеа баланд бардоштанд. Бонувони Тоҷикистон дар корҳои давлатдорӣ ва сиёсат низ фаъол мебошанд ва вазифаҳои хело масъулро ба ӯҳда доранд.

Имрӯз ҳукумати мамлакат тамоми чораҳои заруриро, аз қабили баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, ба шуғл пайвастани бонувон, баланд бардоштани маърифати ҷавондӯхтарон ва омода намудани онҳо ба ҳаёти мустаҳқилона ва ҳифзи модару кӯдак андешида истодааст.

Агар имрӯз ба рӯзгори фаъолияти занон назарафканем, дар худи соҳаи тандурустӣ аз 26 ҳазор нафар 17 ҳазорашон модарону хоҳарони мову шумо мебошанд. Дар соҳаи маъориф ин рақам аз шумораи мардон расо се баробар зиёд мебошад. Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, занҳо 80 фоизи қувваи кориро ташкил медиҳанд.

Ба эътирофи бузургону мутафаккирони олам зан — модар аз ҷумлаи олитарин неъматҳои башарӣ ва идомадиҳандаи ҳаёт дар рӯи замин мебошад.

Зери пои зан саҷда сад бор

Бибӯсем дасти модарро дусад бор

Кунем шукронааш бисёр — бисёр

Илоҳо, чархи гардун ёратон бод!

Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар натанҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад.

Бинобар ин, башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромӣ ва пос медорад. Гузаштагони мо мегуфтанд, ки «атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риққат аз абр, меҳр аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардошта, ҳамаро бо якдигар омехта, зан офаридаанд, то зудояндаи ғамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад».

Ниёгони мо дар ин рӯз ҷашни занонро таҷлил мекардаанд ва занонро гиромӣ медоштаанд. Ба ин сабаб, ин рӯзро Берунӣ дар ҷои дигари китоби худ «Осор-ул-боқия» бо номи «муждагирон» ёд кардааст. Бояд гуфт, ки ҳамаи ҷашнҳои ориёиён, аз ҷумла ҷашни Сипандормуз сурудҳои хоси худро доштаанд.

Ҷашни Сипандормуз бо суруди «Дуруд бар зан, дуруд бар мард, дуруд бар зиндагӣ» оғоз мешуд, ки он дуои нек дар ҳаққи занон буд ва ба ин васила мардон ба модарону хоҳарон ва ҳамсарону духтарони худ рӯзи хуш ва рӯзии фаровон мехостанд.

Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накӯкориро мекорад, то оянда насли наврас чун ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад.

Бузургони гузаштаи адабу фарҳанги мо бо дарназардошти ин нуктаи ниҳоят муҳим гуфтаанд, ки: «Як модари хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад». Ин нақши созандаи модар дар камолоти шахсияти фарзанд ба ҳисоб меравад. Ва солеҳтарин фарзандон онҳое ҳастанд, ки бо аъмоли неку писандида боиси ифтихори падару модари худ шаванд. Чунонки Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома» мегӯяд: «Устод парварандаи равон аст ва падару модар парваришдиҳандаи ҷон».

Озодамо НУРОВА,

мутахассиси шуъбаи мониторинг

ва назорати сифати таҳсилот

Related Articles

Leave a Comment