Home ХАБАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶИД

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶИД

by admin
301 views

Бо ташаббуси Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи навбатии Ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД) дар мавзӯи «Омӯзгор-роҳнамои ҷавонон аз ибтидо то имрӯз» баргузор гардид. Нишастро бо сухани ифтитоҳи муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ Рафиев Сафархон оғоз намуд. Ҳамчунин, ба кори конференсия муовини ректор оид муносибатҳои байналмиллалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова ба шогирдон бурбориҳоро таманно кард.

Дар конференсия донишҷӯёни факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг бо маърӯзаҳои зерин баромад намуданд:

  1. Мақоми устод аз ибтидо то имрӯз — Асадова Сайёҳат, донишҷӯи курси 3-юми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг;
  2. Омӯзгор-фидокори роҳи ҳақ — Давлаталии Махмадалӣ, донишҷӯи курси 3-юми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг;
  3. Масъалаҳои таълиму тарбия тибқи талаботи замон дар фаъолияти омӯзгорони ҷавон — Ҳумайрои Эмомалӣ, донишҷӯи курси 4-уми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг;
  4. Ахлоқи педагогӣ ва муҳимияти он — Ҳамидова Нигина, донишҷӯи курси 3-юми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг;

Сухангӯён мавзӯи мавриди муҳокима қарор гирифтаро дар фазои пурсишу посухҳои хеле ҷолиб гузаронида, таваҷҷуҳи шунавандагонро ба худ ҷалб намуданд.

Related Articles

Leave a Comment