Home ХАБАР ҶАМЪОМАДИ ИЛМӢ-ПАЖӮҲИШӢ

ҶАМЪОМАДИ ИЛМӢ-ПАЖӮҲИШӢ

by admin
244 views

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи  давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 16.03.2021  дар толори фарҳангии донишгоҳ ҷамъомади илмӣ-пажӯҳишӣ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар зиндасозии  ҷашни Наврӯз» баргузор гардид.

Нахуст  суханро мушовири ректор, ховаршинос  профессори фахрии донишгоҳ Зафар Мирзоён оғоз  намуд. Ҳадафи доир гардидани ин нишасти  илмиро баён  намуд.

Устод  Зафар  Мирзоён  дар мавзӯи  «Нақши Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар зиндасозии  ҷашни Наврӯз»   маърӯза  намуда, оид  ба  вижагиҳои  хоси Наврӯз ва  талошҳои Сарвари  давлат  дар мавриди  бозёбии  ойинҳои бохирадона  ва  зиндагисози ин  ҷашни  бостонӣ нуктаҳои омӯзандаеро  иброз  намуд.

Сипас,  сарвари  Ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ  Исупов  Ғолибшоҳ  дар мавзӯи «Ҷашни  Наврӯз  ифодагари  ҳуввияти  миллии тоҷикон» баромад  кард. Шоири  халқии Тоҷикистон, дорандаи  ҷоизаи давлатии Тоҷикистон  ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  Ҳақназар Ғоиб  ва  шоири тавоно  Лутфи Хомӯш суханронӣ  намуда, дар  зимн шеърҳои  тозаи худро  дар мавзӯи гиромидошти  ҷашни Наврӯз  хонданд. Ба гуфтан месазад, ки нишасти илмӣ зери  мавзӯи  «Нақши Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар зиндасозии  ҷашни Наврӯз» дар байни доираҳои илмии  кишвар нахустин ва тоза  буда, метавон  гуфт донишпажӯҳонро  ба таҳқиқи  дурусти илмӣ даъват месозад.

Зафар  Мирзоён дар пажӯҳиши фишурдаи худ исбот кардааст, ки гиромидошти  ҷашни  миллии Наврӯз, пас аз ҳазорсолаҳо  ба  шарофати Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар сатҳи баланди давлатӣ сурат мегирад.

Related Articles

Leave a Comment