Home ХАБАР ХУШХАБАР

ХУШХАБАР

by admin
305 views

Санаи 26-юми март саромӯзгори кафедраи молия ва қарзи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Сафаров Аъзамҷон Аҳмадхонович рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Такмили механизми танзими давлатии рушди устувори минтақа (дар мисоли вилояти Хатлон)» аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 — Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёти минтақавӣ, зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мирсаидов Муҳаммаднаим дифоъ намуд.

ХХХХ

Санаи 1-уми апрел саромӯзгори кафедраи забони ҳозираи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Нурматова Зарина рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Хусусиятҳои муқоисавии сохтор ва семантикаи ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо компонентҳои пайрави муайянкунанда дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ» аз рӯйи ихтисоси 10.02.20 — Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, типологӣ ва қиёсӣ, зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Қосимов олимҷон дифоъ намуд.

ХХХХ

Санаи 3-юми апрел саромӯзгори кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Содиқов Зафаршо рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Ташаккули салоҳиятҳои идоракунӣ-касбии кадрҳо ҳамчун механизми таъминоти меҳнати идорашаванда дар менеҷменти муосир» аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 — Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёти минтақавӣ, зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ғаниев Таваралӣ дифоъ намуд.

ХХХХ

Санаи 8-юми апрел саромӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Шамшоди Ҷамшед рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Аз таърихи эҷоди «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ» (дар асоси матнҳои чопии асар) барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020500 — Филология, зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Кӯчарзода Аламхон дифоъ намуд.

Раёсати донишгоҳ муҳаққиқонро барои ин комёбӣ табрик намуда, дар оянда ба корҳои илмияшон бурдбориҳоро таманно менамояд.

Related Articles

Leave a Comment